Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибкоронро аз пардохти андози пеш аз муҳлат озод карданд


​​​Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара.

Дар Исфара аз нозирони андоз хоста шудааст, ки пеш аз муҳлат дари корхона ё ширкатеро накӯбанд ва молиёти моҳ ё соли ояндаро талаб накунанд. Соҳибкорони тоҷик чанд сол боз аз пешпардохти андоз ранҷ мебаранд.

Моҳи феврали имсол бо фармони раиси ҷумҳур Сиҷоуддин Саломзода ба ҷои Дилшод Расулзода раиси шаҳри Исфара таъин шуд.

Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, пешпардохти андозро монеае барои фаъолияти корхонаҳо ва пешрафти истеҳсолоту тиҷорат номидааст. Ӯ ба мақомоти андоз дастур додааст, ки барои иҷрои нақша аз роҳҳои қонунӣ талош кунанд.

Раҳбарони корхонаҳо ва соҳибкорон ин дастурро ба хушӣ пазируфтаанд. Онҳо гуфтанд, раҳоӣ аз пардохти пешакии андоз дасти онҳоро барои фаъолияти озод ва татбиқи барномаву тарҳҳои нави худ боз мекунад.

Буҷетро пур карда натавонистанд, пешпардохти андоз хостанд

Содиқҷон Рустамӣ, сардори корхонаи “Кимиё”-и Исфара, рӯзи 21-уми феврал гуфт, пешпардохти андоз ба нафъи корхонаҳо нест, зеро маблағи онҳоро аз гардиш боз медорад. Ӯ афзуд, “соли гузашта иҷрои буҷет ба мушкил дучор шуд ва корхонаҳоро ба пешпардохти молиёт водор карданд. Хуб, баъзе корхонаҳо тавони пешакӣ пардохтани андозро доранд. Лекин пешпардохт бисёр шавад, ба корхонаҳо мушкил эҷод мекунад, чунки маблағҳои гардишии мо коста мегардад ва дар пешбурди фаъолияти худ дучори мушкил мешавем.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, санҷишу тафтишҳои зиёд ва ситонидани андози пеш аз муҳлат манъ шавад. Ҳарчанд қонуни андоз ситондани пешакии онро иҷоза намедиҳад, маъмурони идораҳои андоз ба дунболи таъсири манфии буҳрони молии Русия ба Тоҷикистон ва мушкил ҳангоми пур кардани буҷет ин усулро ба як кори маъмулӣ табдил доданд. Вале то кунун ҳеч як аз мақомот эътироф намекарданд, ки андозсупорандагонро ба пешакӣ пардохт кардани он водор мекунанд.

Баъзеҳо то 700 ҳазор сомонӣ пешпардохт кардаанд

Ба қавли Некрӯз Отабеков, сардори шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Исфара, иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр Сиҷоуддин Саломзода масъулини сохторҳои дахлдорро ба иҷрои “муқаррароти қонунгузории андоз ва шаффофияти ҷамъоварии он” давъат кардааст. Ӯ гуфтааст, ба ҷойи ҷамъоварии пешакии андоз ба истифода “аз сарчашмаҳои мавҷуда ва дарёфти захираҳои дигари қонунии андоз” вазифаи худро ба иҷро расонанд.

Отабеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳозир корхонаҳое ҳаст, ки 500 ҳазор ё 700 ҳазор сомонӣ пули андозро пешпардохт кардаанд. Корхона вақте андозро бо тартиби муқаррарӣ мепардозад, дар дасташ маблағ мемонад ва аз рӯи нақшаи пешбиникардааш кор мекунад.”

Ба гуфти мусоҳиби мо, вале пешпардохти андоз барномаву нақшаҳои қаблии корхонаро барҳам мезанад ва бо мушкили молӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Исфара соли гузашта натавонист буҷетро пур кунад

Корхонаи сементи Исфара андозҳояшро ба тартиби муқаррарӣ мепардозад ва аз онҳо пешпардохт талаб накардаанд. Абдуқаҳҳор Раҳимов, иҷрокунандаи вазифаи сардори ин корхона, гуфт, имкони дар вақташ пардохт кардани пули андозро доранд, вале пешпардохти он барояш гарон хоҳад афтод.

Исфара як минтақаи аз нигоҳи иқтисод ва тиҷорат рушдкарда дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дорои тақрибан 15 корхонаи миёнаву бузурги саноатӣ аст. Манъи пешпардохти андоз дар ин шаҳр дар ҳолест, ки соли гузашта нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷет дар Исфара иҷро нагардида, ба буҷети маҳаллӣ беш аз 10 миллион сомонӣ кам маблағ ворид шудааст.

Ҳамчунин, дар соли 2017 дар ноҳияи Исфара беш аз 11 миллион сомонӣ ё ҳудуди 8 дарсади маблағи умумии андози солона ҷамъоварӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG