Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони тоҷик қисман аз тафтиши мақомот озод шуданд


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – барои ду соли оянда тафтиши соҳибкоронро манъ кард. Аммо дар фармоне, ки ҳафтаи гузашта содир шуд, гуфта шудааст, санҷишҳои нақшавии Оҷонси зиддифасод, Бонки миллӣ, Додситонии кул, Палатаи ҳисоб ва Кумитаи андози Тоҷикистон дар ин муддат идома хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ гуфт, ҳадаф аз эълони мораторий “дастгирии соҳибкорон, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф барои сармоягузорӣ”аст. Хадамот, инчунин, гуфт, бино ба тағйирот ба Кодекси андоз, воридоти мошинҳои нав (аз санаи истеҳсол як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр бошад) аз пардохти 50 дарсади андоз аз арзиши иловашуда (НДС) озод карда мешаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи декбари соли гузашта зимни нигаронӣ аз санҷишҳои батакрори ниҳодҳои давлатӣ нисбат ба соҳибкорон пешниҳод карда буд, барои ду соли оянда ба ин тафтишот “мораторий” эълон карда шавад.

Фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, набуди рақобати солим дар бозор, андозҳои баланд аз мушкилоти ҷиддии бизнеси Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар ду соли ахир созмонҳои байналмиллалии молӣ ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аз шароити бади тиҷорат дар ин кишвар ошкор интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG