Як афсари пулис дар суҳбати телефонӣ бо “Машъал”, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, таркиш шоми 26-уми сентябр дар ноҳияи Свабии вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ рух дод.
Як афсари дигар дар ҷойи ҳодиса гуфт, мумкин аст, теъдоди маҷруҳон то 30 нафар афзоиш ёбад.
То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ҳодисаро ба уҳда нагирифтааст.
Моҳи апрели соли 2023 дар ду таркиш дар дохили идораи пулиси зиддитеррористӣ дар минтақаи Своти Хайбар-Пахтунхоҳ 17 нафар кушта шуданд.