Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Швейтсария. Талоши ёфтани “роҳи ҳал” барои Украина


Раҳбарони зиёда аз 90 кишвар ва созмони байнулмилалӣ рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Лютсерни Швейтсария ҷамъ мешаванд, то барои хатми ҷанги беш аз дусола дар Украина роҳи ҳал биёбанд. Нишаст рӯзи 16-уми июн идома хоҳад кард. Намояндагони расмии Чину Русия ҳузур надоранд.

Украина аз моҳи феврали соли 2022 зери ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Русия қарор дорад. Маскав онро талоши ғайринизомӣ кардани Украина, аммо Киеву ҳампаймонҳояш таҷовуз ба хоки як кишвари мустақил медонанд.

14-уми июн, рӯзе пеш аз шурӯи нишасти Швейтсария, президенти Русия Владимир Путин аз Украина хост, аз ҳампаймонӣ бо НАТО даст кашад ва аз баҳри чор минтақае, ки Маскав таҳти нуфузи худ медонад, бигузарад.

Киев ин пешниҳодро пучу бемаъно, баробар ба таслим шудан ва баёнгари идомаи низоъ донист.

XS
SM
MD
LG