Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаҳои порлумон аз созиши Тоҷикистону Узбекистон ҳимоят кард


Бинои порлумони Тоҷикистон
Бинои порлумони Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми марти имсол ҷаласаи изтирорӣ ё ғайринавбатӣ баргузор хоҳад кард. Қарор аст, дар ин ҷаласа созишномаи миёни Тоҷикистону Узбекистон дар бораи сафари бидуни визаи шаҳрвандони ду кишвар (30 рӯз) ба тасвиб расад.

  • Кумитаҳои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 16-уми март аз ин созишнома, ки аз дебочаву 17 банд иборат аст, ҳимоят кардаанд.
Мирзиёев бо як фармони вижа ба таври истисноӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ дод, ки аз 16-уми март бидуни виза ба қаламрави он кишвар бираванд.

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, рӯзи ҷумъа дар Шӯрои порлумон гуфтааст, ҳадафи созишнома "густариши муносибат ва тамоси бештар миёни сокинони Тоҷикистону Узбекистон аст". Дар дафтари мабуоти порлумон рӯзи 17-уми март гуфтанд, дар ин созишнома масъалаи иқомати муваққат дар ҳудуди кишварҳо, сафари бидуни раводид, вуруду хуруҷ бо ҳадафи вазифаҳои хидматӣ дарҷ гардидааст.

Ҷӯрахон Маҷидзода
Ҷӯрахон Маҷидзода

"Инчунин, дар санад дар мавриди раводид ба муҳлати то як сол барои ронандагони мошинҳои боркашон, ки дар роҳҳои байналмилалӣ ҳаракат мекунанд, суҳбат шудааст", - афзуд манбаъ.

Ин созишнома рӯзи 9-уми марти имсол дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар Душанбе имзо шуд. Аммо то замони тасдиқаш аз тарафи порлумонҳои ду кишвар расман мавриди иҷро қарор намегирад.

Дар ин бора бихонед:

Барои убури марзи Тоҷикистону Узбекистон чӣ санад зарур аст?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми март ин созишномаро барои баррасӣ ва тасдиқ ба порлумон фиристод. Дафтари матбуоти президент гуфт, "созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев. 9-уми марти соли 2018, шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев. 9-уми марти соли 2018, шаҳри Душанбе

Порлумони Узбекистон низ ин санадро ҳанӯз тасдиқ накардааст. Аммо Мирзиёев бо як фармони вижа ба таври истисноӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ дод, ки аз 16-уми март бидуни виза ба қаламрави он кишвар бираванд.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки рӯзи ҷумъа марзи давлатии Тоҷикистону Узбекистонро гузашта, аз шаҳри Самарқанду Бухоро дидан карданд. Як ширкати хадамоти таксӣ дар Душанбе низ хабар дод, ки бо даҳҳо мусофир марзи Узбекистонро гузашт.

Чанде аз сокинони Тоҷикистон аксҳои худро дар маҳалҳои қадимии Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта, аз инки марзҳои баста ба рӯяшон боз шудааст, тавсиф кардаанд. Ҳоло бисёре аз корбарони тоҷик дар Фейсбук аз якдигар суол мекунанд, ки аз кадом гӯшаи Узбекистон дидан ба манфиат аст?

Марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон
Марзи миёни Тоҷикистону Узбекистон

Дар 25 соли раҳбарии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов равобити ин кишвар бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Тоҷикистон хеле сард шуд ва мизони ҳамкориҳо ҳам коҳиш ёфт. Тайи якуним соли охир яхи муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе об шуд ва ду тараф ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар пардохтанд.

XS
SM
MD
LG