Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҷои маҳсулоти ғарбӣ дар Русияро пур мекунад?


Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров. Акс аз бойгонӣ

Русия гуфтааст, мехоҳад Тоҷикистон бо маҳсулоташ холигоҳеро, ки дар натиҷаи таҳримҳо ба вуҷуд омад, пур кунад.

Вазорати умури хориҷии Русия пойгоҳи 201-умро "яке аз омилҳои аслии субот ва амният дар Осиёи Марказӣ" донистааст.

Изҳороти Русия пеш аз сафари Аслов

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Русия бо пахши як изҳорот гуфтанд, Маскав манфиатдор аст, ки маҳсулоти баландсифати ғизоии Тоҷикистон ба бозорҳои он кишвар роҳ ёфта, ҷойи маҳсулоти кишварҳои ғарбиро бигирад. Ин вазорат гуфтааст, айни ҳол барои ҳамвор кардани роҳи маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия талош доранд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба Русия меваву сабзавот мефиристад. Аммо соли гузашта дар як нишаст дар Душанбе тоҷирони ду кишвар ҳамкорӣ ва додугирифт дар ин заминаро хеле кам шумуруда буданд.

Изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 7-уми апрел, дар остонаи сафари Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Маскав нашр шуд. Аслов рӯзи 8-9-уми апрел бо даъвати ҳамкори русаш Сергей Лавров ба Маскав меравад.

Барномаи ҳамкориҳо барои соли 2018 кадом аст?

Мария Захарова
Мария Захарова

Қаблан, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин сафари расмист ва дар ҷараёни он масоили марбут ба вазъияти байналмилалӣ, робитаҳои дуҷониба ва сиёсати хориҷӣ баррасӣ хоҳад шуд. Захарова, инчунин, гуфт, "дар ин нишаст суҳбат аз амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистон меравад. Дар ҷараёни сафар имзои барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2018 дар назар аст."

Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи сафари вазири умури хориҷӣ ба Маскав ва, ҳамин тавр, мавзӯи баҳс чизе нагуфтааст. Аммо мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 7-уми апрел дар изҳороти расмӣ аз Тоҷикистон ба ҳайси шарики стратегӣ ва муттаҳиди Русия дар Осиёи Марказӣ тавсиф кардаанд.

Тавсиф ва "паём"-и Маскав

"Дар чаҳоряк асри гузашта равобити Тоҷикистону Русия бо итминон ва пайваста пешрафт кардааст. Калиди ин амр равобити қавии дӯстона ва бовар, гузаштаи таърихии муштарак ва манфиатҳои мардуми ду кишвар аст", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Инчунин, дар ин изҳорот Русия яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистону шумурда шудааст. Вале дар як бахши ин изҳорот аз марзи тӯлонии Афғонистон бо Тоҷикистон ва ҳузури нирӯҳои Русия дар кишвар ёдоварӣ кардаанд. Вазорати умури хориҷии Русия пойгоҳи 201-умро “яке аз омилҳои аслии субот ва амният дар Осиёи Марказӣ” донистааст.

Бархе аз коршиносони тоҷик бо таваҷҷуҳ ба ин бахши изҳорот мегӯянд, Русия аз як сӯ барои ба даст овардани дили Душанбе чанд тавсиф ва ҳамзамон бо ёдоварӣ аз хатари терроризму ифротгароӣ паём додааст. Иқтисоддони тоҷики муқими Русия Ҷаҳонгир Наҷмуддин гуфт, зоҳиран Маскав мехоҳад Тоҷикистонро барои ҳарчи зудтар ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмони таҳти нуфузаш, ташвиқ кунад – ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар. “Ё инки бихоҳад дар гирудорҳои байналмилалӣ дар канораш бошад”, - афзуд ӯ.

Суду зиёнро то кай месанҷанд?

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Айни чунин ташвиқҳо бори ахир аз забони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, садо дод. Лавров моҳи ноябри соли 2017 дар як суханронӣ дар донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, гуфт, иттиҳод як созмони боз аст ва ҳамеша ҷонибдори пайвастани кишварҳои нав ба узвияти он мебошад. Ӯ афзуд, айни замон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистон дар ҳоли баррасист. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

XS
SM
MD
LG