Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: "Тоҷикистон дар баҳси ҳавоӣ таҳдид ва таҳримҳоро қабул надорад"


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба баҳси ҳавоӣ миёни Душанбе ва Маскав гуфт, ки истифодаи фишор ва таҳдидҳо аз сӯи мақомоти Русия ғайримуассир аст ва ин амал метавонад ба ширкатҳои ҳавоии ду ҷониб зарари ҷиддии молӣ ворид кунад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел бо пахши як изҳорот гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон хостори ҳалли ҳама масъалаҳои баҳсбарангез танҳо тавассути музокироти мақомоти ҳавоии ду кишвар бар пояи ҳамкориҳои шарикӣ ва бидуни таҳдиди истифодаи таҳрими ҷонибҳо аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин изҳороти худ айни замон ишора кардааст, ки ҳоло 60 дарсади бозори интиқоли ҳавоии мусофирон ба ширкатҳои русӣ тааллуқ дорад.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ихтилофи назарҳои ду кишвар бар пояи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз 12-уми сентябри соли 1997 дар арсаи ҳавонавардӣ ҳаллу фасл мешавад ва ин созишнома шароити муқаррар кардани парвозҳои нав миёни ду кишварро мушаххас мекунад. Ин изҳороти вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҷонибдори риояи ин қарордод аст ва барои густариши ҳамкориҳои бо мақомоти ҳавоии Русия талош мекунад.

"Ҷиҳати тақвият ва густариши ҳамкориҳо ҳукумати Тоҷикистон дар танзими ҳавонавардии мулкӣ Оҷонсии авиатсияи гражданӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ба манзури анҷоми корҳои сохтории ин оҷонсӣ, ҷониби Тоҷикистон баррасии масъалаи тасдиқи парвозҳои нав миёни ду кишварро ба таъхир гузошта буд",-омадааст дар изҳороти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ин изҳороти худ айни замон ишора кардааст, ки ҳоло 60 дарсади бозори интиқоли ҳавоии мусофирон ба ширкатҳои русӣ тааллуқ дорад.

Изҳороти вазорати умури хориҷӣ дар ҳоле пахш шуд, ки қарор аст имрӯз, 3-юми апрел ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли ихтилофҳои ҳавоӣ озими пойтахти Русия шавад. Азиз Набизода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин ҳайат намояндагони ширкатҳои ҳавонавардӣ ва вазоратҳои нақлиёт, умури хориҷӣ ва адлия шомил ҳастанд.

Як мақом дар ҳукумати Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокироти ду ҷониб фардо, 4 апрел ва эҳтимолан дар бинои вазорати нақлиёти Русия дар Маскав баргузор мешавад. Вай гуфт, "ҷониби Тоҷикистон ба музокироти хеле ҷиддӣ" омода шудааст. "Мавқеи Тоҷикистон ҳамеша ин буд, ки ягона роҳҳали баҳсҳои ҳавоӣ - риояи шартномаву мувофиқаҳо аст. Тоҷикистон ба ин назар аст, ки дар ин баҳсҳо манфиатҳои дуҷониба риоя шаванд ва ҳарду тараф ҳам ба компромисс ва созиш омода бошанд".

Моҷарои ҳавоӣ рӯзи 12-уми март сар зад ва он рӯз Тоҷикистон ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигар, аз ҷумла қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон кор мегирад.

Рӯзи 31-уми март “Росавиатсия” эълон кард, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба 7 шаҳри Русияро манъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон низ имрӯз аз қатъи иҷозаи парвозҳо ба панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Душанбеву Хуҷанд хабар дод.

Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет айбдор мекунад, Русия дар такя ба созиши қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонад ва аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

Русия як макони аслии кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст ва зиёд будани парвозҳо ба ҳама самтҳои ин кишвар бо зиёд будани талабот рабт дода мешавад. Оҷонсии ТАСС менависад, соли 2015 ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон ва ба Русия наздики 900 ҳазор мусофирро расондаанд.

Тоҷикистон аз назари зиёдии истифодаи хатҳои ҳавоии Русия дар мақоми нӯҳум қарор дошта, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар 87 дарсади ҳолатҳо ба самти шаҳрҳои Русия парвоз мекардаанд. Мутахассисон парвозҳоро пеш аз ҳама як бозори сердаромад меноманд ва вуҷуди мушкили парвозҳоро бештар ба баҳсҳои молию тиҷоратӣ рабт медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG