Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҷонов: "Тоҷикистон дар баҳси Ғарбу Русия бетараф хоҳад буд". ВИДЕО


Парвиз Муллоҷонов.
Парвиз Муллоҷонов.

Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русияро пуштибонӣ нахоҳанд кард, вале таҳаввулоти ахир баёнгари дар остонаи "Ҷанги нави сард" қарор гирифтани ҷаҳон аст.

Ин нуктаҳоро доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Парвиз Муллоҷонов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ матраҳ кард. Дар посух ба ин савол, ки оё эҳтимоли пайвастани Тоҷикистон ба таҳримҳои вобаста ба ихроҷи бархе аз дипломатҳои рус аз кишварҳои аврупоӣ ҷаноби Муллоҷонов гуфт:

Мақомоти ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам кишварҳои дигари пасошӯравӣ борҳо гуфтаанд, ки намехоҳанд дар пайи Русия муносибатҳои худро бо Ғарб вайрон кунанд.

Парвиз Муллоҷонов: Тоҷикистон ҳаргиз ба чунин иқдом пайравӣ намекунад. Зеро, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия робитаҳои зич доранд ва вайрон кардани чунин алоқаҳо мухолифи манфиатҳои ин кишварҳо мебошад. Баръакс, ҳатто Русия интизор аст, ки кишварҳои пасошӯравӣ аз мавқеи Маскав пуштибонӣ мекунанд. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки Кремл интизори баёни расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба ҳимоят аз мавзеъгирии Русия аст.

Радиои Озодӣ: Бо ин вуҷуд, ахиран Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз Қазоқистон хост, ки муқаррароти сафари бидуни виза барои шаҳрвандони Амрикоро лағв кунад. Остона ин дархостро рад кард. Фикр мекунед Кремл дигар чунин дархостеро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон намекунад?

Парвиз Муллоҷонов: Фикр намекунам, ки расман чунин дархосте сурат бигирад. Гуфтаҳои Сергей Лавров бештар сари эҳсосот садо додаанд. Чунин талабҳо аз тарафи Русия шунида мешуданд, аммо на ба таври расмӣ. Эҳтимол дорад чунин талабе дар дидорҳои якбаяки Сергей Лавров бо вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон матраҳ шудаанд, аммо кушоду расмӣ ин мавзӯъ эълон намешавад. Аслан, дар сиёсат дархости расмӣ дар ин робита бесобиқа аст. Дуруст аст, ки Русия сахт мехоҳад кишварҳои Осиёи Марказӣ расман аз мавқеи Кремл ҳимоят кунанд. Аммо, то ҷое медонам ҳеҷ як кишвари минтақаи хостори бад кардани робитаҳо бо Аврупо нест.

Муллоҷонов: "Эҳтимоли ҷанги сарди нав вуҷуд дорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Кишварҳои Осиёи Миёна миёни Русия ва Ғарб

Радиои Озодӣ: Мусаллам аст, ки ҳам Тоҷикистону ҳам Узбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мехоҳанд бо истифода аз сармоягузории кишварҳои ғарбӣ иқтисоди худро пеш бубаранд. Оё имкон дорад, ки ҳам аз мавқеи Русия пуштибонӣ кунанду ҳам интизори сармоягузории ғарбӣ бошанд?

Парвиз Муллоҷонов: Ин сиёсати ҳамешагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин ҳолат аз соли 2014, замоне, ки робитаҳои Русия ва Ғарб бори аввал рӯй ба ташаннуҷ гузоштанд, идома дорад. Яъне, на ҳимоят аз Ғарбу на аз Русия. Ҳарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нисбати Русия як эҳсоси нигаронӣ доранд. Ин танҳо хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ нест. Чанд дафъа ҳатто Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорусия аз чунин вазъ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки аз чунин наҳваи сиёсати Маскав розӣ нест. Мақомоти ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам кишварҳои дигари пасошӯравӣ борҳо гуфтаанд, ки намехоҳанд дар пайи Русия муносибатҳои худро бо Ғарб вайрон кунанд.

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле, ки кишварҳои ғарбӣ пайваста алайҳи Русия таҳримҳои наве роҳандозӣ мекунанд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ гуна метавонанд худро эмин нигаҳ доранд?

Парвиз Муллоҷонов: Ҳамон сиёсати хориҷие, ки феълан кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯи даст доранд, бояд идома дода шавад. Бояд эътироф кард, ки Русия дар минтақа ҳамчунон бозигари асосӣ мебошад. Маскав тамоми фишангҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ дар нисбати кишварҳои минтақаро дар даст дорад. Бо ин фишангҳо Русия метавонад ба вазъи дохилии ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ таъсири худро бирасонад. Ба ин далел, вайрон кардани муносибат бо Русия ба суди ҳеҷ як кишвари минтақа нест. Вайрон кардани робитаҳо бо Ғарб низ ба фоидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, зеро кишварҳои ғарбӣ яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузорӣ ба минтақа мебошанд. Бахусус, ба арсаҳои тандурустиву маориф, ки Тоҷикистон низ ба чунин сармоягузорӣ ба ин бахшҳо ниёзи сахт дорад. Набояд фаромӯш кард, ки кишварҳои ғарбӣ маркази асосии тиҷоратӣ дар ҷаҳон дониста мешаванд. Маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллии кишварҳои ғарбӣ баробари 31 триллион доллар мебошад. Дар Русия ин рақам танҳо баробари 2 триллион доллар аст. Фарқият хеле бузург мебошад. Русия ҳатто бо захираҳои бузургаш наметавонад бо Ғарб рақобат карда тавонанд. Бо дарназардошти ин нукта, вайрон кардани робитаҳо бо Ғарб, бахусус барои Тоҷикистон иқдоми бехирадӣ хоҳад буд. Аз сӯи дигар ҳузури Ғарб дар минтақа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ навъи таъмини тавозуни геополитикӣ мебошад. Ин тавозун барои ҷилавгирӣ аз ҳузури барзиёди Русия ва Чин дар минтақа зарур аст. Агар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа нахоҳанд истиқлолияти худро аз даст диҳанд, бояд дар миёни ин се маркази қудрат тавозунро риоя кунанд. Ин масъулияти ҷиддии сиёсиро талаб мекунад, аммо роҳи дигаре вуҷуд надорад. Мо имконияти вайрон кардани муносибатҳо бо яке аз ин тарафҳоро дар ихтиёр надорем.

Ҳолномаи Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёӣ таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба ихтисоси шарқшинос хатм кардааст. Чанд сол ба унвони тарҷумон дар кишварҳои арабӣ фаъолият кардааст. Соли 2017 дар Донишгоҳи Базели Швейтсария рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон” дифоъ кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов узви гурӯҳи ташаббускори дастрасӣ ба сулҳи тоҷикон буд. Солҳои ахир бештар дар бораи вазъ ва таърихи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ пажӯҳишҳое анҷом дода, матолиби илмӣ менависад.

Радиои Озодӣ: Аммо Русия имкон дорад тавассути сохторҳои дигар ба кишварҳои минтақа таъсиргузор бошад. Имрӯзҳо марҳилаи нави ҷанги ҳавоӣ барои мусофиркашонӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро мушоҳида мекунем. Оё ин ихтилофи назарҳои иқтисодӣ низ ба ташаннуҷи робитаҳои миёни Ғарбу Русия марбут аст?

Парвиз Муллоҷонов: Ин мушкил ба робитаҳои Ғарбу Русия иртибот надорад. Ин танҳо мушкили баҳсҳои иқтисодии миёни Русия ва Тоҷикистон мебошад. Яъне, ин натиҷаи баҳсҳои ду гурӯҳи манфиатдор ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон мебошад. Гурӯҳҳои молӣ дар Тоҷикистон намехоҳанд сарчашмаи даромади худро аз даст диҳанд. Ин ҳодисаро асосан як задухӯрди молиявӣ низ унвон кардан мумкин аст, на қазияи сиёсӣ. Ин ихтилофи иқтисодӣ наметавонад ба муносибати сиёсии ду кишвар таъсири ҷиддие бирасонад. Набояд фаромӯш кард, ки Русия дар минтақа бозигари асосӣ мебошад ва сарфи назар кардани ин нукта иштибоҳ аст.

Русия ва Осиёи Миёна

Радиои Озодӣ: Ахиран раиси ҷумҳури Узбекистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва сипас раҳбарони кишварҳои минтақа дар Остонаи Қазоқистон мавзӯи таъсиси иттиҳоди нави кишварҳои минтақаро матраҳ карданд. Оё Кремл иҷоза медиҳад, ки дар канораш як иттиҳодияи нави кишварҳои пасошӯравӣ шакл бигирад?

Парвиз Муллоҷонов: Ин мулоқотҳо худ як баёнгари нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сиёсатҳои Русия мебошад. Раҳбарони кишварҳои минтақа намехоҳанд мисли Русия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо бошанду дар инзиво қарор бигиранд. Талоши таъсиси иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба намоиш гузоштани норизоиятӣ аз амалҳои сиёсии Русия ва паём ба Ғарб, ки мо тобеи Русия нестемро ҳадаф дорад. Кишварҳои минтақа мехоҳанд ба ҷомеаи байналмиллалӣ паём диҳанд, ки сиёсати яксон бо Русияро надоранд. Мутмаинам Русия ба таъсиси чунин як иттиҳод хушбин нест. Ҳарчанд дар мулоқоти Остона раҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ ба такрор изҳор медоштанд, ки мухолифи Русия нестанд.

Талоши "лидер"-ии Узбакистон ва Қазоқистон дар ОМ

Радиои Озодӣ: Дар гузашта низ кишварҳои минтақа барои таъсиси чунин як иттиҳод талош доштанд ва ҳамеша мавзӯи пешсафи ин сохтор Ислом Каримов ё Нурсултон Назарбоев матраҳ мешуд. Фикр мекунед ҳоло низ чунин рақобат идома меёбад?

Парвиз Муллоҷонов: Воқеан чунин рақобат вуҷуд дошт ва ҳоло низ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ Узбекистон ва Қазоқистон кишварҳои пешсаф дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Ҳарчанд Шавкат Мирзиёев сиёсати хориҷии Узбекистонро ба таври куллӣ тағйир дод, вале ҳамчунон барои нақши бештар дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон талош мекунад.

Радиои Озодӣ: Дар ниҳоят Узбекистон пирӯз мешавад ё Қазоқистон дар ин рақобат?

Парвиз Муллоҷонов: Ин рақобат солҳо идома меёбад. Вале фикри шахсии ман ин аст, ки аз лиҳози иқтисодӣ зарфияти Қазоқистон бештар аст.

Кӣ дар пушти баҳамоии кишварҳои Осиёи Миёна мебошад?

Радиои Озодӣ: Таъсиси иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи кадом мамлакати ғарбӣ пуштибонӣ мешавад?

Парвиз Муллоҷонов: Дар солҳои 90-уми қарни гузашта таъсиси чунин як иттиҳод ҳадафи Амрико буд. ИМА мехост кишварҳои пасошӯравиро аз зери нуфузи Русия берун оваранд. Зеро амрикоиҳо намехостанд империяи нави Русия арзи вуҷуд дошта бошад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам Амрико аз ин ҳадаф ҳимоят мекунад?

Парвиз Муллоҷонов: Пуштибонӣ мекунад, аммо бо шарте, ки ин иттиҳод ҳадафҳои зиддиамрикоӣ надошта бошад, на тобеи Русия бошаду на зери таъсири Чин.

Ояндаи сиёсии Тоҷикистон -- кӣ президент мешавад?

Радиои Озодӣ: Баргардем ба масоили Тоҷикистон. Ҳоло эҳсос мешавад, ки омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 оғоз шудааст. Бархе аз ҳизбҳо омодагии худро барои ширкат дар ин интихобот эълон карданд. Фикр мекунед чанд ҳизб номзади худро дар ин интихобот муаррифӣ хоҳад кард?

Парвиз Муллоҷонов: Ҳамаи 8 ҳизби сиёсии расман сабти ном шуда дар интихобот бо номзади худ ширкат хоҳанд кард.

Радиои Озодӣ: Вале номзади аслӣ кӣ хоҳад шуд?

Парвиз Муллоҷонов: Номзади аслӣ аз ҳизби ҳоким хоҳад шуд. Ин шахс ё раиси ҷумҳури феълӣ мешавад ё писараш Рустами Эмомалӣ. Ба эътиқоди бештаре аз таҳлилгарони хориҷӣ, ки мавзӯи Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд, ҳанӯз раҳбарияти Тоҷикистон ба хулосае наомадаанд, ки дар интихоботи оянда худи Эмомалӣ Раҳмон номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ мекунад ё писарашро. Фикр мекунам, раҳбарият ба хулосаи ниҳоӣ мерасанд ва номзади яке аз онҳо эълон хоҳад шуд.

Радио Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбат ва муваффақ бошед.

XS
SM
MD
LG