Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти "Контбонк"-ро бозхонд кардааст. Бонки миллӣ ҳамзамон ба "Бонки Осиё", барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, иҷозатнома додааст.

Дар хабарномаи Бонки миллӣ, ки рӯзи 30-юми март дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, ки бо қарори Бонки Миллии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2017, муҷаввизи фаъолияти "Контбонк" "барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз 27 июли соли 2011 ва барои иҷрои амалиёти кассавӣ аз 11 январи соли 2012", бозхонд карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи марти соли 2013 бино бар таҳримҳои Амрико, фаъолияти "Контбонк"-ро дар кишвар маҳдуд карда буд.

"Kont" бонки сармоягузорӣ буда, дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфтааст ва дафтари марказиаш дар Душанбе мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи марти соли 2013 бино бар таҳримҳои вазорати молияи Амрико, фаъолияти "Контбонк"-ро дар кишвар маҳдуд карда буд.

​Бонки миллӣ он замон тамоми ташкилотҳои қарзии кишварро ӯҳдадор карда буд, ки то рӯзи аз рӯйхати таҳримҳои вазорати молияи Амрико хориҷ шудани “Контбонк” ҳамкорӣ ва ҳисоббаробаркуниро бо бонки мазкур қатъ намоянд.

Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Вазорати молияи Амрико ба гумони шустушӯи пулӣ ва рахна кардани таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯи "Контбонк", рӯзи 1-уми майи соли 2013 фаъолиятҳои ин бонкро таҳти таҳрим қарор дода буд. Масъулони ин бонк дар Душанбе он замон гуфта буданд, ки Бобаки Занҷонӣ, миллионери эронӣ воқеан дар таъсиси ин бонк саҳм дошт, вале баъдан саҳмияҳояшро ба ихтиёри як шаҳрванди Туркия додааст ва ҳоло дар ин бонк саҳм надорад.

Сухангӯи “Ҳолдинг Контгрупп Тоҷикистон” он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мақсади асосии фаъолияти бонки мазкур эҷоди ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон ва ба ин васила боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, онҳо бо зикри ин дар як нома аз вазорати молияи Амрико дархост кардаанд, ки ин бонкро аз рӯйхати ниҳодҳои молии таҳримшуда хориҷ кунад.

Яке аз бузургтарин тарҳҳои то имрӯз анҷомдодаи ширкатҳои марбут ба миллиардери боздоштшудаи эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон, бозсозии терминали автобусҳои Душанбе ва ворид кардани садҳо мошину автобуси муосир барои роҳандозии хадамоти мусофиркашонӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон аз ҷониби ширкати "Asian-Express" буд.

Бобак Занҷонӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва авҷи таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ, бо ҳадафи “дур задани таҳримҳо” фурӯши нафти Эронро бар ӯҳда дошт, дар моҳи декабри соли 2013 аз сӯи мақомоти он кишвар боздошт дошт. Ӯ муттаҳам аст, ки 2.5 миллиард евро пули нафтро ба давлат надодааст. Вай ба дунболи эътирози ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ дар соли 2013 боздошт ва баҳори соли гузашта барои фасоди саросарӣ ба эъдом маҳкум шуд.

​Бархе аз мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Моҳи январи имсол Вазорати иттилоот ё амнияти Эрон ҳам гуфт, ки аз ҷумла воридоти 500 воситаи нақлиёт аз Тоҷикистон ба Эрон ба арзиши 15 миллион долларро ошкор намудааст. Ин вазорат гуфтааст, дар бахши шиносоӣ, корҳое монанди "шиносоии ду фарванд киштии контенейрбар, шиносоии воридоти 500 васоили нақлиёт аз Тоҷикистон ба арзиши қарордоди 15 миллион доллар ва..." анҷом шудааст. Аммо ин гузориши Вазорати иттилооти Эрон нагуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ чӣ гуна ин васоили нақлиётро аз Тоҷикистон ба он кишвар ворид кардааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG