Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон: на бештар аз 30 миллион доллар?


Занҷонӣ дар додгоҳи Теҳрон рӯзи 6 март ба ҳукми эъдом маҳкум шуд
Занҷонӣ дар додгоҳи Теҳрон рӯзи 6 март ба ҳукми эъдом маҳкум шуд

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ ва ду тани дигар ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин), ба қатл маҳкум шуданд.

Додгоҳе дар шаҳри Теҳрон Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонӣ ва ду тани дигарро ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба эъдом маҳкум кард. Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбеи 6 март эълон кард, ки "ҳукми Бобаки Занҷонӣ ва ду муттаҳами дигар, ки дар парвандаи нафтӣ муҳокима шуданд, дар додгоҳи ибтидоӣ содир шуд ва додгоҳ ин се муттаҳамро "муфсид фил арз" (фасодкор дар замин) шинохтааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон -- ИРНО, Ғуломмуҳсин Эжеӣ, рӯзи якшанбе дар нишасти хабарии худ гуфтааст, ки "онҳо ҳамчунин ба баргардонидани амволи ҷониби шикояткунанда, ки Ширкати миллии нафти Эрон аст ва ба ҷаримаи пулӣ баробар ба як аз чаҳор ҳиссаи пулшӯӣ мебошад, маҳкум шудаанд".

Номи ду муттаҳами дигари маҳкум ба қатл ҳанӯз дар расонаҳо эълом нашудааст. Зӯҳро Ризоӣ, мушовири ҳуқуқии бонки Занҷонӣ дар гуфтугӯ бо бахши форсии ББС ин ҳукмро "ноодилона" хонда гуфтааст, ки "ин парвандаи танҳо як қарздории оддӣ будааст". Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки "вақте хабари пардохти қарзҳо аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон расонаӣ шуд, сафорати Амрико ба онҳо (бонкҳои Тоҷикистон) тамос гирифт ва ҳамин масъала боис шуд, ки Тоҷикистон номаро қабул накунад. Дар он замон таҳримҳо алайҳи Эрон бардошта нашуда буд. Тоҷикистон низ манофеи миллии кишварашро тарҷеҳ дод ва нахост бо бонки Бобаки Занҷонӣ ва давлати Эрон ҳамкорӣ дошта бошад."

Хонум Ризоӣ ба ББС гуфтааст, ки онҳо ду моҳ аст, ки дар талоши пардохти қарзҳои оқои Занҷонӣ ҳастанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳи ин қазия ба радиои Озодӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ меварзанд. Аммо ин бонк, қаблан иддаҳои Занҷонӣ ва вакилони мудофеи ӯро бепоя хонда, ҳуҷҷати аз номи Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодкардаи ӯро дар додгоҳ “қалбакӣ” гуфта буд.

Рустам Саидов коршиноси масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 7 март гуфт, иддаои Занҷонӣ ва вакилонаш, ки гӯё аз тариқи Бонки миллӣ мехост ба Эрон наздик ба ду миллиард евро пул фиристад, асосе надорад: “Ин гуфтаҳо афсонае беш нест. Кулли сармояҳои дар Тоҷикистон гузоштаи Бобак Занҷонӣ аз 30 миллион доллар бештар нестанд. Ҳарчанд ин сармояҳоро дар Тоҷикистон касони дигар соҳиб шуданд. Аммо ӯ дар Тоҷикистон бо мошини давлатӣ ҳаракат мекард, аз муштариёни тарабхонаҳои гаронарзиши Душанбе буд. Якчанд акси ӯ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ӯро дар канори духтарони қашанги тоҷик дар Душанбеву Дубай бо сумкаву ҷавоҳироти гаронбаҳо ба намоиш мегузорад”.

Сармояҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон: на бештар аз 30 миллион доллар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

Ба эъдом маҳкум шудани Бобаки Занҷонӣ дар ҳолест, ки бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Ҳарчанд ин силсилаи ширкатҳо дар Тоҷикистон ба номи ашхоси дигар сабти ном шудаст. Танҳо ҳуҷҷатҳои аудитории "Конт бонк" дар анҷоми соли 2011 нишон медиҳанд, ки Бобак Занҷонии Муртазоӣ роҳбари шӯрои директорони "Конт бонк" аст. Бобаки Занҷонӣ ба ин муттаҳам шуда буд, ки "як миллион бушка нафт ба арзиши 300 миллион евроро аз ширкати миллии нафти Эрон гирифта ва аз маблағи 2 миллиарду 700 миллион евро, ки муваззаф шуда буд, пардохт кунад, 160 миллион евро пардохт кард ва боқимондаро сарфи корҳои шахсӣ намуд. Бобаки Занҷонӣ ва вакили дифои ӯ қаблан гуфта буданд, ки то вақте таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон бардошта нашавад, имкони баргардонидани қарзҳои ӯ ба ҳисоби ширкати миллии нафти Эрон, вуҷуд надорад.

Ораш Ҳасанниё, хабарнигори Радио Фардо ҷараёни мурофиаҳои додгоҳии Бобаки Занҷониро дар як сӯҳбати видеоӣ бо Тоҳири Сафар шарҳ дод:

Вокунишҳо ба ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00

XS
SM
MD
LG