Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сангтӯда 2"-ро кӣ ба Тоҷикистон "ҳадя" кардааст? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти собиқи Эрон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда 2". Моҳи сентябри 2011
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти собиқи Эрон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда 2". Моҳи сентябри 2011

Як сиёсатмадори эронӣ иддао кардааст, ки мушкили қарзи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" дар як таоруфи президенти собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод нуҳуфтааст. Ҳусейн Маръашӣ, сухангӯи Ҳизби коргузорони Эрон, гуфтааст, гӯё Аҳмадинажод дар маросими ба кор андохтани чархаи аввали "Сангтӯда 2" дар ҷануби Тоҷикистон дар соли 2011 ин нерӯгоҳро "ҳадяи миллати Эрон ба Тоҷикистон" номидааст.

Бар асоси шартномаи миёни ду кишвар, қарор буд аз рӯзи баҳрабардорӣ ин нерӯгоҳ 12 сол дар ихтиёри Эрон қарор гирифта, баъдан пурра моли Тоҷикистон шавад.

Вебсайти "Тобнок" – оҷонсии нимарасмии муҳофизакор – рӯзи 2 феврал ин иддаои Маръаширо дар матлбае бо номи "Пушти пардаи ҳадяи 216 миллион доллари миллати Эрон ба давлати Тоҷикистон" нашр кард. "Аз он рӯз тоҷикҳо вомҳои худро пардохт намекунанд ва мегӯянд, ки ин садро раиси ҷумҳури Шумо ба мо ҳадя додааст", - навиштааст "Тобнок".

Тоҷикистон: Қарз ҳаст, вале иддао ҳақиқат надорад

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ иддаои як сиёсатмадори эрониро бепояву асос хонд ва гуфт, ки қарзи нерӯгоҳи "Сангтуда 2" бар асоси нақша супурда хоҳанд шуд. Вай гуфт, "ин гапҳо нодуруст аст. Барои бунёди нерӯгоҳи "Сангтуда 2" шартнома баста шуда буд. Ҳамаи кор бар асоси шартнома, ки ин нерӯгоҳ як муддат дар истифодаи Эрон қарор гирифта ва баъдан моли Тоҷикистон мешавад, давом дорад. Ин гап, ки гӯё касе ҳадя гуфта бошад, асос надорад."

Айни замон, масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” мегӯянд, бинобар пардохт нашудани ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва ширкатҳои маҳаллӣ, қарзи ин нерӯгоҳ афзоиш меёбад. Мирзо Исмоилов, раҳбари ширкати “Барқи Тоҷик” дар нишасти ахири матбуотиаш гуфт, бинобар пардохт нашудани қарзҳо аз ҷониби истифодабарандагон онҳо низ натавонистанд, 458 миллион сомонӣ қарзи "Сангтӯда 2"-ро баргардонанд.

ВИДЕО: Барқи Тоҷик аз кӣ чӣ қадар қарздор аст?

"Барқи Тоҷик" аз кӣ чӣ қадар қарздор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ин ширкат ҳамзамон аз нерӯгоҳи "Сангтуда 1", ки 75 дар сади саҳмияҳояш моли Русия аст, 654 миллион сомонӣ қарздор аст. Солҳо боз қарздории ин ширкат дар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад ва то ҳол барномаи хос барои раҳоии ин ширкат аз қарз рӯи даст нест. Аммо ахиран ҳукумати Тоҷикистон дар барномаи зиддибӯҳронии хеш ба масъалаи қарзҳои “Барқи Тоҷик” низ дахл карда буд. Вале ҷузъиёти ин барнома, ки бо кадом роҳ қарзҳои ин ширкат “ба эътидол” оварда мешаванд, то ҳанӯз маълум нест.

“Моҷарои Сангтӯда ҳамвазн бо моҷарои Занҷонӣ нест”

Ҳусейн Маръашӣ
Ҳусейн Маръашӣ

Коршиносони эронӣ аз Ҳусейн Маръашӣ ба унвони афроди муҳим дар Ҳизби ислоҳталаби коргузорон ва аз хешовандони наздики Ҳошимии Рафсанҷонӣ, президенти собиқи Эрон, ёд мекунанд. Ин шахс дар ду давраи ҳукумати Ҳошимии Рафсанҷонӣ нақши муҳим бозидааст. Қудрат Шаҳидӣ, сардабири барномаҳои Радиои Фардо мегӯяд, ба ҳеҷ далел Маръашӣ наметавонист бо гӯши худ ҳарфҳои Аҳмадинажодро бишнавад, магар инки аз афроди наздики президенти собиқ ва дӯсти Тоҷикистон шунида бошад ё аз асноди давлатӣ дида бошад.

Вай гуфт, ин шахс аз пуштибонҳои раиси ҷумҳурии кунунии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аст ва ин тим одат дорад, ки бисёр мушкилоти ҳукуматро “мероси Аҳмадинажод” ва мушкилоти ҳукумати собиқ ном барад. “Рӯҳонӣ далели анҷомношуда мондани корҳои зиёдро бори Аҳмадинажод мекунад. Вале айни замон, Рӯҳонӣ ва ҳукумат талош кардааст ҳама баҳсу ихтилофҳоро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунад. Аз ҷумла, дар робита бо моҷарои атрофи сармояҳои соҳибкори зиндонӣ Бобаки Занҷонӣ талош кардааст аз роҳи дипломатӣ аз Тоҷикистон иттилоъ ба даст оваранд”, - афзуд Қудрат Шаҳидӣ.

Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, барои нопадидшавии беш аз 2 миллиард доллар пули нафти Эрон ба ҳукми қатл маҳкум шудааст. Ширкати азими “Конт-Бонк” ва “Эйшн Экспресс” дар Тоҷикистон ба ӯ марбут дониста мешаванд. Вале мақомоти тоҷик дар посух ба аризаҳои ҷониби Эрон ҳамеша гуфтааст, ки моҷарои нопадидшави пулҳои Занҷонӣ наметавонад ба Тоҷикистон рабт дошта бошад ва ин пулҳо дар ин кишвар нестанд.

Қудрат Шаҳидӣ мегӯяд, бо вуҷуди матраҳ шудани қарзи «Сангтӯда 2» дар сатҳи нафари муҳим дар сангари ислоҳталабон, “ба ҳеҷ сурат моҷарои ин нерӯгоҳ то ба сатҳи моҷарои Занҷонӣ баланд намешавад ва эҳтимол дар ниҳояти кор Эрон ба хотири пайвандҳои сиёсиву фарҳангиаш аз қарзи Тоҷикистон мегузарад”.

Сангтӯда – умеди дигари Тоҷикистон дар дастёбӣ ба истиқлоли энержӣ

Нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"
Нерӯгоҳи "Сангтӯда 2"

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” соли 2006 оғоз шуда, чархаи аввали он дар соли 2011 ба кор даромада буд. Дар ин тарҳ 256 миллион доллар сарф шудааст, ки 180 миллиони он аз ҷониби Эрон, 40 миллион доллараш аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 миллион доллараш аз ҷониби ширкати эронии “Сангоб” пардохт шудааст.

Бар асоси шартномаи миёни ду кишвар, қарор буд аз рӯзи баҳрабардорӣ ин нерӯгоҳ 12 сол дар ихтиёри Эрон қарор гирифта, баъдан пурра моли Тоҷикистон шавад. Ҳоло ин нерӯгоҳ ба Тоҷикистон ва Афғонистон барқ мефурӯшад, аммо ҷониби Эрон мегӯяд, Тоҷикистон қарзҳои худ аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқро ба онҳо пурра пардохт намекунад.

XS
SM
MD
LG