Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон 2 ҳафта баъд оғоз мешавад


Баъд аз ду ҳафта бештаре аз алоқамандони сафар аз Тоҷикистон ба Узбекистон метавонанд тавассути автобусҳо ба ин кишвари ҳамсоя сафар кунанд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба шаҳрҳои мухталифи Узбекистон сафар мекунанд.

Дар интизори муайян шудани роҳкиро

Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон аз 15-уми май шурӯъ мешавад. Дар ин бора 1-уми май ба Радиои Озодӣ мудири ширкати "Азия Экспресс" Султон Камолов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии ҳаракати автобусҳо комилан омода аст, вале интизори марҳилаи охирини музокирот бо ҷониби Узбекистон мебошад.

Ба бовари таҳлилгарон, алоқамандони сафар ба Узбекистон асосан хешовандоне ҳастанд, ки дар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, аммо тоҷирони зиёде низ ҳастанд, ки ба манзури пешбурди соҳибкории худ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Вай гуфт, дар мулоқот бо ҷониби Узбекистон бояд нархи сафар тавассути автобусҳо муайян карда шавад ва дар марҳилаи аввал ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Хуҷанд-Тошканд ва Панҷакент-Самарқанд оғоз меёбад ва сипас, ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои дигари ду кишвар низ шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки мутахассисони ду кишвар масирҳои ҳаракати автобусҳоро баррасӣ карда, "баъзе аз мушкилоти дар ин роҳҳоро таъкид карданд. Ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, роҳҳои мошингарди ду кишвар барои ҳаракати автобусҳо мувофиқанд, аммо дар баъзе аз минтақаҳо насби лавҳаҳои иттилоотии изофӣ зарур аст.

Вай афзуд, "аз ҷумла, дастур шуд, ки бояд барои мусофирони ҳар ду кишвар маълумотҳои бештари иттилоотӣ дар ҷодаҳо ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои марзӣ насб карда шаванд. Фикр мекунам, бо омода шудани шароити сафар дар як масир ҳаракати автобусҳо шурӯъ шуда, сипас ба тадриҷ ҳаракати автобусҳо дар масирҳои дигар низ роҳандозӣ мешавад".

Қаблан мақомоти ду кишвар дар бораи ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Душанбе-Тирмиз, Бохтар-Деҳнав, аз Панҷакенти Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба Тошканд ва аз Конибодом ба шаҳрҳои водии Фарғонаи Узбекистон тавофуқ карда буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "Азия Экспресс" масъули интиқоли мусофирон шуда, ин ширкат бад ин манзур аз Узбекистон чанд адад автобусҳои нав харидорӣ кардааст.

Сафарии таърихии Мирзиёв ва боз шудани роҳҳо

Робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон ва аз ҷумла ҳаракати автобусҳо миёни ду кишвар дар соли 1992 мутаввақиф шуда буд ва танҳо баъд аз вафоти президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва ба сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имкони азсаргирии ҳамкориҳо пайдо шуд.

Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ду кишвар 27 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла лағви муқаррароти виза барои сафари шаҳрвандони худ ба қаламрави ҳамдигарро имзо карданд.

Қабл аз сафари раиси ҷумҳури кишвари ҳамсоя ба Душанбе миёни пойтахтҳои ду кишвар парвози доимии ҳавопаймо низ роҳандозӣ шуд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки то як соли оянда мизони доду гирифти маҳсулот миёни ду кишвар бояд ба 1 миллиард доллар расонида шавад.

Аз Тоҷикистон киҳо ба Узбекистон мераванд?

Ба иттилои раҳбарияти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар моҳи гузашта ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз марз бо Узбекистон убур кардаанд ва дар миёни ин афрод тоҷирон низ кам нестанд. Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сурати фароҳам кардани шароити беҳтари сафар ба Узбекистон теъдоди алоқамандон боз бештар хоҳад шуд.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.
Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари тоҷик.

Ба бовари ин таҳлилгари тоҷик, алоқамандони сафар ба Узбекистон асосан хешовандоне ҳастанд, ки дар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, аммо тоҷирони зиёде низ ҳастанд, ки ба манзури пешбурди соҳибкории худ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. "Муҳим ин аст, ки зимни убур аз марз автобусҳо барои муддати тӯлонӣ аз ҳаракат бознаистанд. Дар ин сурат, алоқамандони сафар бамаротиб бештар мешавад",-афзуд Неъматулло Мирсаидов.

Равнақи тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбекистон

Зимнан, дар охири моҳи гузашта тоҷирони вилояти Суғд меҳмони вилояти Самарқанд буданд ва дар чанд рӯз бо ҳамтоёни узбеки худ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар созишнома имзо кардаанд. Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд.

Аммо дар соли 2017 бинобар изҳороти президент Шавкат Мирзиёев дар Душанбе, соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид. Президентҳои ду кишвар дар мулоқоти худ дар Душанбе моҳи март эълон карданд, ки мехоҳанд ин рақам ба як миллиард доллар расонида шавад.

Ба эътиқоди коршиносон ин ҳадаф воқеӣ ба назар мерасад, зеро дар як соли ахир Тоҷикистон содироти семент ба Узбекистонро тақрибан 17 маротиба бештар кардааст. Гузашта аз ин, интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Узбекистон азсар гирифта шуда, ҳамарӯза ба ин кишвар беш аз як миллион киловатт соат нерӯи барқ интиқол мешавад.

Узбекистон ба навбаи худ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро азсар гирифт. Ҳамчунин ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар соли ҷорӣ нахустин размоиши муштараки нерӯҳои мусаллаҳи худ барои мубориза бо терроризмро баргузор кунанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

XS
SM
MD
LG