Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анор аз Тошканд, нон аз Самарқанд – Нарху навои бозорҳои Панҷакент. ВИДЕО


Бо гузашти тақрибан як моҳ аз ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ ва имкони сафари бе виза (30 рӯз) ба Узбекистон, ба бозорҳои ноҳияҳои Тоҷикистон маҳсулоти сохти узбекӣ ворид мешавад. Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам анвои ин маҳсулот зиёд нест ва дар оянда эҳтимол бештар шавад.

"Нон бо қимати се баробар гарон, аммо хушхаридор"

Дар 20 соли ахир бори нахуст аст, ки Патиой Самеҳова барои мизоҷонаш маҳсулоти Узбекистонро пешниҳод мекунад. Самеҳова дар бозори марказии шаҳри Панҷакент ба фурӯши меваю сабзавот машғул аст. Дар растаи фурӯши ин тоҷирзани панҷакентӣ помидору бодиринг ва анори Узбекистон ҷой дода шудааст.

Бетаъсир мондани нархи бозор баъд аз боз шудани марз бо Узбекистонро сокинони оддии Панҷакент ҳам тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла онҳо мегӯянд, умед доштанд бо боз шудани марз аз он тараф маҳсулоти арзон вориди бозорҳо мешавад ва нархҳо ҳам пойин мераванд.

"Ана, ин помидору бодиринг аз Тошканд аст. Як килояш 18 сомонӣ. Ин анорро ҳам аз Тошканд оварданд ва онро бо қимати 16 сомонӣ ба савдо гузоштем. Инро аз тоҷирони узбек ба 15 сомонӣ мехарам ва ба 16-сомонӣ мефрӯшам", - мегӯяд Патиой Самеҳова.

​Аммо аз маҳсулоти Узбекистон ин шабу рӯз дар бозорҳои Панҷакент нони Самарқанд аз ҳама серхаридор аст. Нархи як донаи он 8 сомонӣ ва аз нонҳои маҳаллӣ се баробар гаронтар аст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, бо вуҷуди гарон будани нархи нони Самарқанд, мардум маззаи онро ёд харидоронаш ҳам зиёд аст. На танҳо сокинони Панҷакент, балки меҳмонон аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба қавли фурӯшандаҳо аз нони Самарқанд зиёд харидорӣ мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Маҳсулоти Узбекистон ҳам он қадар арзон нест"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:31 0:00

Таърифи нони Самарқанд дар байни мардуми тоҷик солҳо машҳур буд ва бо боз шудани марз тоҷикистониён акнун имкон пайдо карданд маззаи онро бичашанд. Тоҷирон мегӯянд, ҳарчанд айни ин нонро дар Панҷакент омода карда бо нархи арзонтар ба харидорон пешниҳод мекунанд, аммо мизоҷон барои хариди нони асили самарқандӣ таваҷҷӯҳ доранд.

"Маҳсулот кам аст, ҳоло нархҳо пойин нарафтаанд"

Дар кулл дар бозорҳои шаҳри Панҷакент, яке аз минтақаҳои наздимарзӣ бо Узбекистон ин шабу рӯз аз он тарафи марз нон, помидор, ҳасиб ва гулҳои Узбекистонро вохӯрдан мумкин аст.

Қариб ҳар рӯз тоҷирон аз Самарқанд ба бозори шаҳри Панҷакент чанд навъи сабзавот ва дигар маҳсулотро ворид мекунанд. Ба қавли тоҷирон, молу маҳсулот ҳанӯз дар ҳаҷми кам ворид мешавад ва ин наметавонад ба пойин бурдани нарх дар бозор таъсир расонад.

Нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори ин шаҳри наздимарзӣ аз бозорҳои Душанбе чандон тафовут надорад. Барои мисол як киллограмм картошка бо арзиши 3 сомонӣ ва сабзиву пиёз 1,50 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Бетаъсир мондани нархи бозор баъд аз боз шудани марз бо Узбекистонро сокинони оддии Панҷакент ҳам тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла онҳо мегӯянд, умед доштанд бо боз шудани марз аз он тараф маҳсулоти арзон вориди бозорҳо мешавад ва нархҳо ҳам пойин мераванд.

Умеде, ки баъди як моҳи боз шудани сарҳад то ҳол ҷомаи амал напӯшидааст. Сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, қаблан ба хотири гарон будани маҳсулот маҷбур буданд якчанд навъи ғизоро аз сабади истеъмолиашон ихтисор кунанд. Баъд аз боз шудани марз ҳам ба қавли сокинон дар ин самт зиёд тағйироте нашудааст.

Шафоат Шарифова, як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, гарон будани маҳсулот ӯро водор кардааст бештар сарфакорӣ кунад. Ба гуфтаи Шарифова, "нархҳо қимматанд. Кӯшиш мекунам сарфа кунам. Масалан, ягон маҳсулотро як килограм нею ним килограм мехарам."

Аммо хонум Шарифова мегӯяд, то ҳол умедашро аз даст надодааст ва бовар дорад, ки аз Узбекистон дар ояндаи наздик маҳсулоти бештар ворид шуда, бо ин роҳ нархҳо низ поён мераванд.

Сокини Узбекистон: "Дар мо матоъ арзон аст, дар Шумо - қимат"

Сокинони манотиқи наздимарзӣ бо Узбекистон дар ҳоле ба поён рафтани нархҳо умедворанд, ки дар он тарафи марз мегӯянд, дар Узбекистон нархи ғизо тақрибан ба ҳамон нархи Тоҷикистон баробар аст. Дилдора Шодмонова, шаҳрванди Узбекистон пас аз солҳо барои дидорбинии наздиконаш ба Панҷакент омадааст ва қарор кард якбора аз бозори Панҷакент ҳам дидан кунад.

Шодмонова аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, нархи маҳсулоти асосии ниёзи мардум дар бозори Панҷакент тақрибан ба нархҳо дар бозорҳои Самарқанд баробар аст. "Дар мо матоъ арзонтар аст, дар шумо каме қимат. Вале маҳсулоти рӯзғор қариб, ки арзиши баробар дорад. Чандон нарх фарқ намекунад. Хайр, моро меҳмон гуфта, арзонтар карданд."

Мушоҳидаҳои мо дар бозори Панҷакент ва ҳам шаҳри Душанбе нишон дод, ки воридоти маҳсулот аз Узбекистон то ҳол асосан ба нархи тухм таъсир гузоштааст. Нархи як қуттӣ тухм ё 30 донааш то ҷашни Наврӯз дар бозорҳои Тоҷикистон то 24-25 сомонӣ қимат дошт. Аммо феълан бо омадани тухм аз Узбекистон он то 17-18 сомонӣ пойин омадааст.

Бо ин ҳама коршиносон масоили иқтисодӣ мегӯянд, Тоҷикистон ба хотири ҳифзи истеҳсолкунандагони дохилӣ бояд талош кунад. Аз ҷумла коршиносон пешниҳод мекунанд, ки дар чунин шароит Тоҷикистонро зарур аст барои ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони дохилӣ ба корхонаҳои ватанӣ имтиёзи хос бидиҳанд. Чанде пеш Тоҷикистон ба корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво имтиёз дода, онҳоро аз пардохти баъзе навъҳои андоз озод кард.

Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо дар соли 2017 бинобар изҳороти президент Шавкат Мирзиёев дар Душанбе, соли 2017 додугирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 240 миллион доллар расид. Президентониду кишвар дар мулоқоти худ дар Душанбе моҳи март эълон карданд, ки мехоҳанд ин рақам ба як миллиард доллар расонида шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG