Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатори нахустини борбар аз Чин ба самти Тоҷикистон ҳаракат кард


Қатори нахустини борбар аз Чин рӯзи 29-уми март ба самти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаракат кард. Хабаргузории расмии Чин – “Синхуа” – навишт, ин қатор аз истгоҳи Тапу, воқеъ дар шаҳри Синсяни вилояти Ҳенан, ба роҳ баромадааст.

Ҳаҷми воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 556 миллион долларо ташкил додааст.

Роҳи ин қатори борбар тавассути шаҳрҳои чинии Тайюан, Инчуан, Ҷунвей, Увей, Урумчӣ гузашта, вориди гузаргоҳи Алашанкоу мешавад ва аз онҷо ба хоки Қазоқистон ба истгоҳи Достик мерасад. Аз онҷо роҳи қатори борбар ба Туркманистон, Қирғизистон ва сипас Тоҷикистону Узбекистон ҳаракат хоҳад кард.

"Вагонҳо холӣ барнамегарданд"

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, қарор аст, ин қатор дар ҳафтае як бор ҳаракат карда, солона 150-200 ҳазор тонна борро ба минтақа интиқол диҳад. Қатори борбар аз 50 вагон иборат аст.

Интизор меравад, аз ин роҳ интиқоли таҷҳизоти фаннӣ, маҳсулоти пластикиву резинӣ, бору маводи дигар ба минтақаи Осиёи Миёна интиқол ёбад. Дар бозгашт қатор бо маҳсулоти хоми дигари содиротии кишварҳо ба Чин бармегардад.

Раҳбарони Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин
Раҳбарони Тоҷикистону Чин - Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин

Мақомот дар Тоҷикистон таърихи дақиқи омадани нахустин қатори борбари чиниро намегӯянд. Як мақоми соҳаи нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иқдоми Чин бештар хусусияти таблиғотӣ дорад ва дар доираи барномаи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” амалӣ мешавад.

Чин чиро нишон доданист?

Як мақоми Вазорати нақлиёт ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, “Чин мехоҳад нишон диҳад, ки соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, метавонанд аз он кишвар тавассути роҳи оҳан низ бор биёранд". Ба иттилои ин мақом, қатор ба роҳ баромад ва дар фурсати чанд рӯз ба Тоҷикистон расида, “чанд вагон бораш ба Тоҷикистон ҳам интиқол меёбад”.

Феълан роҳи асосии интиқоли бор аз Чин ба Тоҷикистон тавассути роҳи мошингарди Қулма-Қароқурум ва тавассути Қирғизистон аст. Инчунин, соҳибкорон аз роҳҳои ҳавоӣ ҳам барои интиқоли маҳсулоти нисбатан сабук ва боназокат истифода мекунанд.

Ҳаҷми воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 556 миллион долларо ташкил додааст. Бар пояи омори расмӣ, соли гузашта бору маҳсулоти воридотӣ аз Чин ба Тоҷикистон 20 дарсади кулли ҳаҷми воридотро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG