Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гардиши автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон моҳи май оғоз мешавад


Мусофирбарҳои ширкати Asian Express

Аз моҳи майи имсол миёни Тоҷикистону Узбекистон гардиши автобусҳо ба роҳ монда хоҳад шуд. "Намояндагони вазоратҳои нақлиёти ду кишвар охири ҳафтаи ҷорӣ шартномаи барқарории равуои автобусҳоро имзо мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд, автобусҳои мусофирбар аз ибтидои моҳи май ба гардиш шуруъ хоҳанд кард", - хабар доданд дар ширкати "Asian Express".

Автобусҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмизи Узбекистон, аз шаҳри Панҷакент ба Самарқанд ва аз Хуҷанд ба Тошканду Фарғона равуо хоҳанд кард.

Қимати билетҳо ва ҷадвали гардиши онҳо баъди имзои шартнома эълон мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Назарҳо аз Тоҷикистон ба пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00
XS
SM
MD
LG