Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон шикояти “Узбекистон ҳаво йулларӣ”-ро баррасӣ мекунад


Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон ба таҳқиқи шикояти "Узбекистон ҳаво йуллари" шуруъ кардааст. Қаблан масъулони ин ширкат гуфта буданд, ки қимати хадамоти Фурудгоҳи Душанбе гарон аст ва ҳаракат дар масири Тошканд-Душанберо барояшон зараровар кардааст.

  • Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин ҳарфҳоро бепоя дониста, гуфтанд, ки ба ширкати узбекистонӣ сабукии зиёд додаанд.
Агар ҷавоби мусбат ҳам нагирем, аз парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканд-Душанбе даст кашиданӣ нестем. Баръакс, мехоҳем, онро бештар намоем

"Парвозҳо ба ҳеҷ қимат қатъ намешавад"

Азиз Набизода, муовини аввали раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон, рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" дар ҳоли баррасӣ аст. Набизода афзуд, "аллакай бо намояндаи ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" дар Тоҷикистон гуфтугӯ кардем ва парвозҳои Душанбе-Тошканд қатъ нашудааст."

Ин масъули Оҷонси авиатсияи гражданӣ гуфт, парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд "бомуваффақият иҷро мешавад" ва барои идомаи он бо ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Азиз Набизода
Азиз Набизода

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи “Нақлиёт”, нашрияи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар шумораи ахири худ аз қавли намояндагии "Узбекистон ҳаво йуллари" гуфтааст, ин ширкат ба ҳеҷ ваҷҳ аз парвоз дар масири Тошканд-Душанбе ва баръакс даст нахоҳад кашид. Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии “Узбекистон ҳаво йуллари” дар Тоҷикистон гуфтааст, "ширкат барои тахфифи хидматрасонии фурудгоҳ мактуб фиристод. Агар дар ин иртибот ҷавоби мусбат ҳам нагирем, аз парвоз нияти даст кашидан надорем. Баръакс, мехоҳем, ки онро бештар намоем."

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҳоле шикояти ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари"-ро баррасӣ мекунад, ки қаблан сафорати Узбекистон низ аз мақомоти тоҷик хоста буд, барои ин ширкат сабукӣ диҳанд. Масъулони "Узбекистон ҳаво йуллари" рӯзи 25-уми апрели имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳар парвоз аз 5 то 8 ҳазор доллар зарар мебинанд ва гӯё танҳо барои ташаккур кор мекунанд.

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон
Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

"Нарх бо Хадамот мувофиқа шудааст"

Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, нархи хидматрасонии онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда шудааст. Ба қавли онҳо, ҳақ надоранд мустақилона ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабукӣ диҳанд.

"Додани тахфиф ба ин ё он ширкатро Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат ҳаллу фасл менамояд ва агар ин ниҳод чунин тасмим бигирад, пас сабукӣ дода мешавад. Дар мавриди додани тахфиф ба ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" низ Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наметавонад тасмим бигирад ва бояд ин масъаларо бо сохторҳои дигари марбута баррасӣ кунад", - афзуд манбаъ.

Парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд як сол боз идома дорад. Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои "Узбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар моҳи апрели соли гузашта ва баъд аз 25 соли "танаффуси иртиботи ҳавоӣ" миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG