Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Бухорову Самарқанд ва Душанбе


Ширкати ҳавоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" пешниҳод кардааст, ки миёни шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ба шаҳри Душанбе парвозҳо барқарор кунад. Дар ин бора як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия плюс" хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин пешниҳоди ҷониби Узбакистон мавриди омӯзиш қарор ва дар ояндаи наздик ҷониби Тоҷикистон дар ин робита тасмим хоҳад гирифт. Ин манбаи "Азию плюс" ба ин бовар аст, ки тасмими ҷониби Тоҷикистон дар ин робита мусбӣ хоҳад буд. Нахустин парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз 25 соли таваққуф, дар баҳори соли гузашта анҷом шуд. Ширкати ҳавопаймоии Узбакистон ҳафтае як маротиба аз Тошканд ба Душанбе парвозҳо анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG