Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 узви як оила дар Лахш. АКС


Акс аз ҷои ҳодиса

Дар натиҷаи садамаи як мошини боркаш дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ҳафт узви як оила ҷон бохта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Хурдтарини онҳо 4 ва бузургтаринашон 45 сол доштанд. Ҳодиса шоми 30-юми сентябр дар деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш рух додааст.

“Ронанда идораи мошинро аз даст дод”

Деҳқонҳо барои чидани картошка оилавӣ мераванд ва кӯдакон низ ба ин кор ҷалб мешаванд.

Як мақом дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, оилаи Шараповҳо шомгоҳ аз картошкачинӣ бармегаштанд ва ба фоҷиа дучор шуданд. Ҳодиса соати 19:30-и 30-юми сентябр рух дод. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки ронандаи ЗИЛ Суннатулло Юсупов аз уҳдаи идораи нақлиёти боркаш набаромада, ба сой фурӯ рафтааст.

“Оилаи Шараповҳо барои картошкачинӣ ба ҳашар рафта буданд ва баъди кор бармегаштанд, ки нақлиёташон ба сой афтод”, - хабар дод ходими пулиси Лахш ба Радиои Озодӣ.

Дар ин ҳодиса ҳафт узви оилаи Шараповҳо, аз ҷумла Темурбой, Садриддин, Гулзира, Рухшона, Вазира ва Нурмат ҷон додаанд. Ҳамсуҳбати мо дар ШКД-и Лахш гуфт, дар ин ҳодиса панҷ нафари дигар захмӣ шуда, вазъи саломати ду нафарашон вазнин аст. Ронанда Суннатулло Юсупов низ дар беморхона бистарӣ мебошад.

Табиб: "Ҳамаашон ба ҳолати шок афтодаанд"

Табибони Беморхонаи ноҳияи Лахш мегӯянд, вазъи саломатии панҷ нафари дигар, ки дар ин ҳодиса захм бардоштаанд, то ҳол вазнин арзёбӣ мешавад.

Исматулло Ғафуров, сардухтури бемористони ноҳияи Лахш рӯзи 1-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, захмиҳо феълан дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд ва пизишкон барои наҷоти ҷони онҳо талош доранд.

Ба қавли Ғафуров, ин панҷ нафар шаби гузашта дар ҳолати шок ва бехудӣ ба бемористон интиқол ёфта буданд. “Ҳамаи онҳо таҳти назоорати ҷиддии табибон қарор доранд. Дар ин ҳодиса сарашон асосан осеб гирифтагӣ аст. Вақте ки мошин ба ҷарӣ афтодааст, сарашон осеб мебинад. Инчунин, дидани марги ҳафт узви оила ин беморонро ба ҳолати шок расонд. Мо дарҳол онҳоро ба беморхона интиқол додем ва шаби дароз ҳамаи мутахассисон дар назди онҳо буданд,” -афзуд Исматулло Ғафуров.

Сарпизишки бемористони ноҳияи Лахш ҳамчунин гуфт, аз 12 нафаре, ки дар мошини боркаши “Зил” буданд, ба ҷуз аз ронанда, боқимондаҳо 11 узви оилаи Шараповҳо буданд. Исматулло Ғафуров гуфт, субҳи душанбе ҷасади 7 тан аз оилаи Шараповҳоро ба наздиконашон доданд ва дар манзили онҳо низ табиб гузоштанд, то дар ҳолати зарурӣ ба пайвандони боқимондаашон кумаки тиббӣ расонанд.

“Мақомот сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ доранд”

Мақомоти ноҳияи Лахш то ҳол дар бораи ҳодиса изҳори назар накардаанд. Аммо дар бемористон гуфтанд, ки раиси ноҳия ва дигар мақомот аз шаби гузашта дар онҷо назди беморон ҳастанд. Таҳқиқи ҳодисаро мақомот шуруъ кардаанд ва сабабҳои аслии сар задани ҳодисаро муайян мекунанд. Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз бархе ронандагон интиқод карданд, ки бидуни риояи бехатарӣ ба интиқоли мусофирон машғул мешаванд.

Умеда Юсупова
Умеда Юсупова

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаи нақлиёти “Зил” низ ҳақ надошт бидуни муҷаҳҳазгардонии нақлиёташ мусофиронро интиқол диҳад.

Ба қавли Юсупова, “аввалаш, он мошин боркаш аст ва дувум нақлиёт барои интиқоли инсон муҷаҳҳаз нагашта буд. Аз ин гуна ҳодисаҳо ягон нафар эмин нест дар ҳолате ки агар қоидаҳои муайянгаштаи ҳаракати роҳ риоя нагардад. Аз ҳама муҳим, ҳангоми интиқоли шаҳрвандон тариқи воситаҳои техникӣ нақлиёт бояд махсус муҷаҳҳаз гардонда шуда бошад.”

Зимнан дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Моҳи июли соли 2017 дар як изҳороташ президент Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда гуфта буд, ки дар 7 соли гузашта дар кишвар беш аз 10,5 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух додааст. Аксари ин садамаҳо ба гуфтаи мақомот аз беэҳтиётӣ сар мезанд. Интиқодҳо на танҳо аз ронандагон балки аз мусофирон низ зиёд аст, ки дар фикри бехатарии худ нестанд.

“78 нафар дар як нақлиёт”

Маҳдӣ Наимов 47 сол ронандаи нақлиёти боркаш буд. Мегӯяд, дар ин муддат танҳо занону мардонро барои кори саҳро ба сари замин бурда меовард.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, то расонидани коргарон ба ҷойи зарурӣ дилаш хавотир буд, ки мабодо кадоме аз онҳо аз болои нақлиёт ба поён наафтад. Наимов нақл мекунад, ки боре дар нақлиёти тамғаи “Газ-53” дар замони Шӯравӣ 78 нафарро савор карда буд, чун талаби бригадири колхоз буд ва ӯ чора надошт.

“Борҳо ҷанҷол шуда ва БДА ҳам ҷарима ҳам кардааст. Аммо мо дигар илоҷ надоштем бояд коргаронро ба саҳро бурда меовардем. Болои ин худи мардум дар бораи бехатариашон аслан фикр намекунанд. Шабона вақти бозгашт аз кори саҳро ба нақлиёти боркаш он қадар алаф бор мекунанд, ки хатари афтиданашон зиёд мешавад. Чанд бор ҳамроҳашон ҷанҷол ҳам кардам, аммо муҳим барояшон як банд зиёдтар алаф гиранд,” - гуфт Маҳдӣ Наимов.

Ин ронандаи собиқадор гуфт, ҳолатҳое низ буд, ки ҳангоми гузаштан аз наздик ягон корманди БДА ба мусофирон амр медод, ки сарашонро хам кунанд, то корманди БДА нафаҳмад, ки ӯ одам мекашонад.

Бо шуруи фасли тирамоҳ мавсими ҳосилғундорӣ дар Тоҷикистон шуруъ мешавад ва кори деҳқонон низ дар ин давра зиёд мешавад. Ҳоло низ дар деҳаҳо садҳо нақлиётҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ барои интиқоли мусофирон истифода мешаванд, ки ба таъкиди мақомот хатари сар задани ҳодисаи нохушро зиёд мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG