Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урал: "Нав фаҳмидем, ки донишҷӯёни тоҷик ба таҷрибаомӯзӣ омадаанд"


Донишҷӯёни тоҷик дар хоҷагиҳои кишоварзии Челябински Русия
Донишҷӯёни тоҷик дар хоҷагиҳои кишоварзии Челябински Русия

Додгоҳи Челябински Русия чаҳор моҳ кори 19 донишҷӯи Донишгоҳи аграриии Тоҷикистонро дар хоҷагиҳои кишоварзии ин вилоят ғайриқонунӣ дониста, ҳар кадоме аз онҳоро 2 ҳазор рублӣ ҷарима баст. Бархе аз масъулони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯянд, ин гурӯҳи донишҷӯён барои таҷрубаомӯзӣ рафтаанд, аммо худи донишҷӯён гуфтанд, аз замони расидан ба Русия ба кори саҳро ҷалб шуданд.

Пул надорем ва дар хоҷагиҳое, ки кор кардаем, маошамонро надоданд. Бар замми ин, бояд ду ҳазор рублӣ супорем. Бовар кунед, намедонем, чӣ тавр ба Тоҷикистон баргардем

Чи гуна ба ватан баргардем?

Фаррух Шарифов, яке аз ин донишҷӯён, 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори додгоҳ дар бораи ҷаримаи онҳо рӯзи гузашта содир шуд. “Масъулони Донишгоҳи Урали ҷанубӣ гуфтанд, ки хабар надоштанд, мо барои таҷрибаомӯзӣ омадаем. Ҳоло онҳо хабардор шуданд ва моро ба донишгоҳ оварданд. Мӯҳлати таҷрибаомӯзии мо ҳам ба охир расид, вале нав донишгоҳро дидем”, - афзуд ӯ.

Ин гурӯҳи донишҷӯён рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки чаҳор моҳи пеш барои таҷрибаомӯзӣ ба Челябински Русия рафтанд, вале ба ҷои таҷриба онҳоро ба картошкачинӣ, қассобӣ ва говдӯшӣ сафарбар карданд.

Муҳаммадшариф Ғоибов, донишҷӯи дигари донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми сенятбр гуфт, ки сарнавишти баъдии онҳо номаълум аст. Давоми даҳ рӯзи оянда бояд Русияро тарк кунанд. “Пул надорем ва дар хоҷагиҳое, ки кор кардаем, маошамонро надоданд. Бар замми ин, бояд ду ҳазор рублӣ супорем. Бовар кунед, намедонем, чӣ тавр ба Тоҷикистон баргардем.”

“Мо хабар надоштем

Мария Михайловна, муовини раиси Донишгоҳи Урали ҷанубӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ҳоло ин донишҷӯён дар донишгоҳ қарор доранд ва онҳо то бозгашташон дарс мехонанд. Ӯ дар бораи инки чаро то ин дам донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта нашуданд, посух надод.

Аммо Бахтинур Раҷабов, донишомӯзи тоҷик, ки дар ин Донишгоҳ кори илмӣ мекунад, рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки аз ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ Донишгоҳи Урали ҷанубӣ се рӯзи пеш хабардор шудааст. Ӯ гуфт, “донишгоҳ ҳеҷ хабари расмӣ надошт. Мо намедонистем, ки инҳоро барои таҳсил овардаанд. Ғайриқонунӣ кор фармудаанд. Донишгоҳ хабар надоштааст. Баъдан, фаҳмидем, ки ин донишҷӯёнро Сергей Золотароёв ном шахсе, ки чанд моҳи пеш боздошт шудааст, ба инҷо овардааст. Ҳоло ӯ дар боздошт аст.”

Айби кӣ?

Ба бовари Бахтинур Раҷабов, ки ба ин ҷавонон кумак кардааст, инҷо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Урали ҷанубӣ ҳеҷ айбе надоранд. “Инҷо айби Донишгоҳи аграрӣ танҳо ин аст, ки донишҷӯёнро суроғ накард. Донишгоҳ таваҷҷуҳ накардааст, ки донишҷӯёнаш дар таҷрибаомӯзӣ қарор доранд, ё не”, - гуфт ӯ.

Қаблан донишҷӯёни тоҷик дар Челябинск дар инҷо мехобиданд
Қаблан донишҷӯёни тоҷик дар Челябинск дар инҷо мехобиданд

Ин донишҷӯён мегӯянд, аз вазъи кору зиндагии худ борҳо масъулони Донишгоҳи аграриро дар ҷараён гузоштаанд, вале ҷавобе нагирифтанд. Зебуннисо Бобохонова, муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфт, ин донишҷӯён қонунӣ ва бар асоси шартнома ба таҷрибаомӯзӣ фиристода шудаанд.

Ӯ гуфт, “онҳо ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ рафтаанд ва таҷрибаашонро дар саҳро мегузаронанд. Донишгоҳи Давлатии Урал бо хоҷагиҳо шартнома дорад ва онҳо тарҷибаашонро дар саҳро ва амалӣ мегузаранд. Ин соли севум аст, ки мо донишҷӯёнро мебарем ва то ҳол ҳеҷ шикояте нагирифта будем. Ба онҳо маблағ, ғизову ҷойи хоби бепул медиҳанд.”

Поёни чаҳор моҳи кор – ду ҳазор рублӣ ҷарима

Донишҷӯён гуфтанд, ки қаблан ба онҳо ваъда шуда буд, ки дар баробари таҳсил инчунин ба кор низ ҷалб мешаванд ва моҳе то 24 ҳазор рубл стипендия мегиранд. Аммо бо гузашти чаҳор моҳ, танҳо ду бор панҷ ҳазор рублӣ дарёфт кардаанд.

Моҳи июни имсол 25 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба шаҳри Челябински Русия барои таҷрибаомӯзӣ рафтанд. Масъулони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои сафарбарии ин гурӯҳи донишҷӯён аз Вазорати маориф ва илм ва Вазорати кишоварзӣ иҷозат гирифтаанд. Аз 25 нафари сафарбаршуда, ҳоло 6 нафар баргашта, 19 тани дигар дар онҷо қарор доранд.

XS
SM
MD
LG