Пайвандҳои дастрасӣ

Гаронии нархи хобгоҳ дар Душанбе ба ҷамъи мушкили донишҷӯёни тоҷик мушкили дигар зам кардааст. Масъулини донишгоҳ дар ҳоле қимати хобгоҳро ҳамасола афзоиш медиҳанд, ки асосан фарзандони қишри камбизоат ба он эҳтиёҷ доранд.

Соли 2012 нархи хобгоҳ 300 сомонӣ буд, соли 2013 онро ба 500 ва соли гузашта ба 700 сомонӣ баланд бардоштанд.

Роҳбарияти макотиби олӣ гарон шудани нархи хобгоҳро ба таъмири бино ва омилҳои дигар рабт медиҳанд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, масъулини донишгоҳҳои кишвар аз зиёд шудани сафи донишҷӯён сӯистифода мекунанд.

“Хунукӣ сар шавад, ба куҷо равам?”

Шодӣ Қосимов дар соли чоруми таҳсил натавонист аз хобгоҳи донишгоҳ барои худ ҷойи хоб гирад. Зеро нархи хобгоҳ имсол қариб як баробар зиёд шуд ва ин маблағ барои Шодӣ ва оилаи ӯ гарон омад. Ба дархостҳои ӯ дар бораи дар ду марҳила супурдани маблағ, роҳбарияти донишгоҳ низ посухи рад дода, шарт гузоштанд, ки танҳо баъди супурдани 900 сомонӣ, барояш аз хобгоҳ ҷой ҷудо мешавад. Шодӣ дар курси чоруми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва мегӯяд, волидонаш камбизоат мебошанд ва илова ба маблағи шартнома, қудрати якбора пардохт кардани пули хобгоҳро надоранд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

​"Муддати 3 сол дар хобгоҳ зиндагӣ карда, ҳамасола 400 сомонӣ месупоридем. Ин маблағ нисбат ба хонаи иҷора барои мо арзонтар буд ва талош мекардем дар хобгоҳ бимонем. Мутаассифона имсол хобгоҳро таъмир кардем гуфта, маблағро қариб як баробар зиёд карданд. Боз талаб доранд, ки маблағи гарав супоред. Хобгоҳ барои мо донишҷӯён аз он ҷиҳат хуб аст, ки дар наздикии донишгоҳ воқеъ буд ва мо саривақт метавонистем ба дарс ҳозир шавем",-афзуд ӯ.

Шодӣ ҳоло дар манзили иҷора ба сар мебарад ва мегӯяд, барои ҳар моҳи истиқомат дар як ҳуҷраи хона 100 сомонӣ месупорад. Ин ҳамсӯҳбати мо аз шароити манзили зисташ норозӣ аст ва мегӯяд, то фаро расидани сардиҳо бояд ба ҷои дигаре бикӯчад. Шодӣ танҳо нест ва дар қатори ӯ садҳо нафар аз донишҷӯён имсол аз гаронии нархи хобгоҳ шикоят мекунанд.

Қурбон Холиқов, донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи тибби Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он афродест, ки мегӯяд, масъулини донишгоҳ дар чор соли ахир пайваста нархи хобгоҳро баланд карданд ва ҳатто соли гузашта бидуни пардохти маблағ дари хобгоҳро ба рӯи онҳо бастанд.

Ба гуфтаи ӯ, "соли 2012, нархи хобгоҳ 300 сомонӣ буд, соли 2013 онро ба 500 ва соли гузашта ба 700 сомонӣ баланд бардоштанд. Ҳатто соли гузашта дар оғози соли таҳсил нарх 500 сомонӣ буд, вале дар моҳи декабр дубора омада талаб карданд, ки 200 сомони дигар супоред. Вақте мо аз супурдани маблағи иловагӣ саркашӣ кардем, нагузоштанд, ки ба хобгоҳ дароем. Баъд ҳама маҷбур шудем маблағи талабкардаи онҳоро бидиҳем."

"Ҳамаи мардуми мо камбизоат аст"

Масъулини донишгоҳҳои Тоҷикистон беасос баланд шудани нархи хобгоҳро рад мекунанд ва мегӯянд, маблағҳои харҷшуда бояд аз манбае пӯшонда шаванд. Аз ҷумла Давлаталӣ Толибов, муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, соли равон хобгоҳи донишҷӯёнро таъмир карда, бо шароити беҳтар барои муҳассилон омода кардаанд. Маҳз бо ҳамин сабаб ба гуфтаи ҷаноби Толибов, нархи хобгоҳ якбора баланд шуд.

Аммо ин масъули Донишгоҳи аграрӣ иқрор мекунад, ки як ҳадафи дигари онҳо, баробар кардани нархи хобгоҳашон ба хобгоҳҳои донишгоҳҳои дигар аст. Чун ба гуфтаи огоҳон, нархи хобгоҳи Донишгоҳи аграрӣ дар Душанбе яке аз арзонтаринҳо буд. Муовини ректори Донишгоҳи аграрӣ мегӯяд, ба ҷуз аз духтарон, дигарон бояд маблағро дар оғози сол пурра пардохт кунад.

"Ҳоло мо танҳо ба духтарони донишҷӯ иҷоза додем, ки маблағи хобгоҳро дар ду навбат супоранд. Ин имконият ба писарон танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки агар ин кор бо мувофиқаи декани факултет сурат гирад. Чун бисёриҳо ними пулро месупоранд ва дар ними сол квартира ёфтам гуфта, хонаро месупоранд ва хона холӣ мемонад. Ин гуна ҳолатҳо хеле зиёд мешавад,"-афзуд ӯ.

Дар масъалаи фарзандони камбизоат ва сабукӣ дар пардохти маблағи хобгоҳ барои онҳо муовини ректори ДАТ мегӯяд, ин масъаларо Шӯрои олимони донишгоҳ ҳал мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "ҳамаи мардуми мо камбизоат аст, ҳамаашон маълумотнома меоранд."

"Қоидаи бозор: Бардорад, зам кун"

Донишҷӯён дар ҳоле аз гаронии нархи хобгоҳ шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, маъмурияти донишгоҳҳо бояд дар пайи кам кардани мушкили муҳассилинашон бошанд, на инки баръакс.

Исфандиёр Носиров, таҳлилгари масоили ҷавонон аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, аввалин мушкиле, ки аксар донишҷӯёни манотиқ дар пойтахт ба он рӯбарӯ мешаванд, ин масъалаи ҷои зист аст. Теъдоди донишҷӯёни бе ҷойи зист ба гуфтаи Исфандиёр, солҳои ахир афзоиш ёфт ва бо назардошти талабот, масъулини баъзе донишгоҳҳо дар пайи боло кардани нархи хобгоҳ шуданд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Исфандиёр мегӯяд, "маъмурияти донишоҳҳо вақте мебинанд, ки донишҷӯён зиёд муроҷиат мекунанд, талош мекунанд аз ин чиз истифода кунанд. Яъне, нархи хобгоҳҳоро баланд мекунанд. Донишҷӯи аз минтақа омада, ки дар Душанбе манзили зист надорад, маҷбур аст дар хобгоҳ истад, чун шароити харҷи хонаи иҷораро надорад. Маъмурияти донишгоҳ низ ба хотири пули бештар ба даст овардан, нархро баланд мекунанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо бояд ингуна накунанд, балки шароити каммасраф будани таҳсилро барои муҳассилини худ омода намоянд."

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, таъмир набояд дастак барои баланд кардани нархи хобгоҳ бошад, чун 50-60 дарсади маблағи онро аз ҳисоби ҷайби донишҷӯе, ки худ дастнигар аст, пур кардан, нодуруст аст. Бигзор ин маблағ ба гуфтаи Исфандиёр, аз ҳисоби будҷаи Тоҷикистон пардохт шавад.

Имрӯз дар маҷмӯъ беш аз 80 хобгоҳ дар назди донишгоҳҳои кишвар фаъолият мебаранд, ки беш аз 12 ҳазор донишҷӯйро дар худ фаро гирифтаанд. Аммо ба гуфтаи масъулини соҳаи маориф, теъдоди зиёди донишҷӯёни дигар, имрӯз ба ҷои зист ва хобгоҳ эҳтиёҷ доранд. Ягона донишгоҳе, ки хобгоҳи бештар дорад, Донишгоҳи милии Тоҷикистон аст, ки дар он ҳам барои як ҷой то 7 нафар довталаб будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG