Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қассобӣ ва картошкачинӣ – Ҷаримаи 19 донишҷӯи тоҷик дар Русия


Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки барои тарибаомӯзӣ ба шаҳри Челябински Русия рафта буданд, ба картошкачинӣ, қассобӣ ва говдӯшӣ сафарбар шудаанд. Идораи муҳоҷирати Русия онҳоро барои надоштани патент ҷарима кардааст.

Баъзе ҳамроҳонамон гурехта, пиёдаву нимсавора ба Тоҷикистон рафтанд, вале мо пул надорем, ки аз ҷоямон ҷунбем

Ин гурӯҳи 19-нафарии донишҷӯён рӯзи 22-уми сентябр дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар як шароити сахте кору зиндагӣ мекунанд ва маблағе барои бозгашт ба ватан надоранд.

Фаррух Шарифов, яке аз ин донишҷӯён гуфт, ки чаҳор моҳи пеш маъмурияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон эълон кард, хоҳишмандонро барои таҷрибаомӯзӣ ба Русия мефиристад. Ӯ гуфт, бар асоси шартнома онҳо бояд дарс мехонданд ва ҳам кор мекарданд. Барояшон моҳона то 24 ҳазор рубл стипендия низ ваъда шуда буд, аммо ӯ мегӯяд, аз дарсу стипендия ҳеҷ хабар нест.

“Инҷо фақат кор аст, на дарс аст, на таҷрибаомӯзӣ. Бароямон гуфтанд, ки шуморо кор овардаем ва бояд кор кунед. То 11 соат кор мекунем ва агар рӯзе кор накардем, бароямон ғизо намедиҳанд. Гуфта буданд, ки 24 ҳазор рубл медиҳем, вале ба ҷуз онки ду бор панҷҳазорӣ доданд, дигар пуле нагирифтем. Кор чобуқи замини карам ва картошка ҳаст”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Донишҷӯён мегӯянд, бояд то моҳи октябри имсол ба ватан барои идомаи таҳсил баргарданд, вале дар ҷайбашон пуле надоранд. Фахриддин Сангинов, донишҷӯи соли панҷуми бахши тиббӣ-ветирнарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфт, бар асоси қарордод бояд онҳо роҳҳои табобати ҳайвонотро меомӯхтанд, вале ин ҷо корашон танҳо говдӯшӣ ва қассобӣ аст.

Ӯ гуфт, “аз саҳар говдӯшӣ дорем. Мо ба мудири ферма шикоят кардем, ки бояд касалиҳоро биомӯзем, лекин гуфтанд, ки шумо ҳамчун коргар омадаед ва кор кунед. Моро таҷрибаомӯзӣ дар хориҷа гуфтанд. Гуфтанд, ки ба шумо ба забони англисиву русӣ ва кимиё дарс медиҳанд, лекин инҷо ҳеҷ дарсе нахондем.”

Муҳаммадшариф Ғоибов, донишҷӯи дигари ин донишгоҳ мегӯяд, дар як бинои нонпазии бекорхобида зиндагӣ мекунанд, ки ҳеҷ шароит надорад. “Баъзе ҳамроҳонамон гурехта, пиёдаву нимсавора ба Тоҷикистон рафтанд, вале мо пул надорем, ки аз ҷоямон ҷунбем”, - гуфт ӯ.

Ин донишҷӯён мегӯянд, ки аз вазъи кору зиндагии худ борҳо масъулони Донишгоҳи аграриро дар ҷараён гузоштаанд, вале ҷавобе нагирифтаанд. Зебуннисо Бобохонова, муовини ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, ин гурӯҳи донишҷӯён бар асоси шартнома барои таҷрибаомӯзӣ ба Русия рафтаанд, вале то ҳол аз онҳо ҳеҷ шикояти расмӣ дарёфт накардаанд.

Ӯ гуфт, "онҳо ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ рафтаанд ва таҷрибаашонро дар саҳро мегузаранд. Донишгоҳи давлатии Урал бо хоҷагиҳо шартнома дорад ва онҳо тарҷибаашонро дар саҳро ва амалӣ мегузаранд. Ин соли севум аст, ки мо донишҷӯёнро мебарем ва то ҳол ҳеҷ шикояте нагирифта будем. Ба онҳо маблағ, ғизову ҷойи хоби бепул медиҳанд."

Моҳи июни имсол тақрибан 30 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба шаҳри Челябински Русия барои таҷрибаомӯзӣ рафтанд. Масъулони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои сафарбарии ин гурӯҳи донишҷӯён аз Вазорати маориф ва илм ва Вазорати кишоварзӣ иҷозат гирифтаанд. Аз 25 нафари сафарбаршуда, ҳоло 6 нафар баргашта, 19 тани дигар дар онҷо қарор доранд.

  • Аксҳоро донишҷӯён ба Радиои Озодӣ фиристоданд
XS
SM
MD
LG