Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршед Зиёӣ гуфт, табиати Тоҷикистон барои маҳви вирус кӯмак мекунад


Хуршед Зиёӣ гуфт, нурҳои фаробунафши Офтоб вирусро маҳв мекунанд.

Хуршед Зиёӣ, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ниҳоди зери раҳбарияш дар замони пандемияи коронавирус пешниҳодҳоеро, аз ҷумла барои муқобила бо бемории СОVID-19 ба ҳукумат ироа кардааст.

Оқои Зиёӣ дар ҳоле аз пешниҳоду муваффақиятҳои марказ сӯҳбат мекунад, ки бархе таҳлилгарон кори ин ниҳодро норӯшан арзёбӣ мекунанд. Хуршед Зиёӣ рӯзи 24-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, яке аз пешниҳодҳояшон ин буд, ки ба ҷои маршруткаҳо, шумораи бештари автобусҳо ба кор дароянд, то имкони фосилагирӣ осон шавад.

Ӯ дар шарҳи пешниҳод гуфт: “Дар пойтахти мо дар муқоиса бо автобус маршруткаҳои мусофиркаш зиёд аст, бинобар ин пешниҳод кардем, ки дар шароити паҳншавии бемории сироятӣ ба ҷои маршруткаҳо автобусҳо ба кор дароянд, чунки дар автобус фосиларо нигоҳ доштан осонтар аст.”

Ба қавли раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, онҳо маълум карданд, ки чаро бемории СОVID-19 дар Тоҷикистон ба фоҷиа табдил нашуд: “Якум ин чорабиниҳо, тадбирҳое, буд, ки президент, ҳукумат ва вазорати тандурустӣ андешиданд, дуввум тафаккури худи сокинон буд. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин мисраро нашр карда будем, ки “табиби ман ба ғайр аз ман касе нест”.

Сокинон инро сари вақт дарк намуданд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя карданд, сеюм ин табиати мо буд. Офтоби мо “ултрафиалеташ” (нурҳои фаробунафши хуршед) қудрате дорад, ки ҳама гуна чизҳои сироятиро несту нобуд мекунад. Касалиҳои сироятиро гармӣ неву “ултрафиолет” нест мекунад. Табиати мо низ ба мо ёрдам кард ва дар шароити пандемия”.

Хуршед Зиёӣ дар мавриди пешниҳодҳои дигар ҷузъиёт надод ва афзуд, ки умедворанд, пешниҳодҳояшон ба назар гирифта мешаванд. Раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегӣ, яке аз марказҳои аслии таҳлилӣ ва сиёсатгузорӣ дар Тоҷикистон гуфт, оид ба пандемияи коронавирус дар баробари пешниҳодҳо ба ҳукумат, таҳлилу гузоришҳо ба нашр расонидаанд.

Тавсифи раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ аз кори ниҳоди зери раҳбарияш дар давраи пандемия дар ҳолест, ки баъзе таҳлилгарон мегӯянд, кори ин марказ барояшон норушан аст.

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Маркази таҳқиқоти стратегӣ дар тасмимгириҳо нақши муассир надорад, зеро худи ин марказ як ниҳоди машваратист. Ӯ афзуд, тартиби кори марказ ин аст, ки бештари коркардҳояш муаррифӣ намешавад ва онҳоро махфӣ ба раисҷумҳур мефиристанд: “Ва ба далели ин ки ҳукумати мо як ҳукумати гузоришдеҳ нест, намедонем, ин ниҳод чӣ корҳои роҳбурдиву тарҳҳои муваффақе дошт”.

Маркази таҳқиқоти стратегӣ як ниҳоди тобеи ҳукумати Тоҷикистон аст ва ба давлат роҷеъ ба масоили мухталифи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ машваратҳо ироа мекунад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG