Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳон шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 15 млн нафар бештар шуд


23 июл, Бағдод. Мусофирони ироқӣ дар фурдгоҳи тоза бозшуда
23 июл, Бағдод. Мусофирони ироқӣ дар фурдгоҳи тоза бозшуда

Рӯзи 23 июл шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ҷаҳон аз 15 миллион нафар гузашт ва рӯзи дуюм аст, ки дар ИМА шумори талафоти инсонӣ аз COVID-19 рекордӣ шуда аз 1100 нафар гузаштааст. Коршиносони тиббӣ мегӯянд, азбаски шумори олудашавиҳои рӯзона дар ИМА аз 66 ҳазор гузаштааст, эҳтимоли афзоиши аз ин беши талафоти инсонӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон шумори вафтидаҳо аз COVID-19 марзи 623 ҳазор нафарро убур кард. Дар ИМА 4 миллион шахси олудашуда ва 143 ҳазор ҳолати марг бар асари вирус ба қайд гирифта шудааст ва ин кишвар дар феҳристи шадидан осебдидаҳо аз коронавирус дар ҷои аввал қарор дорад. Дар нуқоти дигари ҷаҳон баъди бозкушоӣ шудани бархе иқтисодҳо, мақомот тадбирҳои маҳдудкунандаи наве ҷорӣ мекунанд. Дар Токио мақомот сокинонро даъват карданд, ки дар рӯзҳои истироҳати навбатӣ дар хона бимонанд. Дар Амрикои Лотин вазъи Бразилияву Аргентина бисёр сангин арзёбӣ мешавад. Ҳинд, ки баъди ИМА ва Бразилия аз назари олудагӣ ба вирус сеюм дар ҷаҳон аст, 1,2 миллион нафари олудашуда ба коронавирус дорад.

XS
SM
MD
LG