Вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 48 мавриди нави собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва як нафар ҳам бар асари ин беморӣ фавтидааст.
Дафтари матбуоти вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 22-уми июл гуфт, дар умум теъдоди гирифторони беморӣ ба 7015 нафар расид. Аз замони эълони сирояти беморӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи 30-уми апрел то кунун ба гуфтаи вазорати тандурустӣ 58 нафар мубталои COVID-19 фавтидаанд.
Дар баёнияи вазорати тандурустӣ ҳамчунин омадааст, ки “то кунун дар мамлакат 5741 нафар ё худ 81,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ба гуфтаи вазорат “давоми шабонарӯзи охир 142 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.”
Аввалин мавриди сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30-уми апрел эълон шуд ва мақомот дар он рӯз гуфтанд, ки 15 нафар ба СОVID-19 гирифтор шудаанд. Дар охири моҳи май рӯзона аз сирояти беморӣ ба 200 нафар гузориш медоданд, вале дар чанд ҳафтаи гузашта ба қавли мақомот, суръати густариш сусттар шудааст.
Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 450 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.
Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба бештар аз 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 616 ҳазор касро куштааст.