Пайвандҳои дастрасӣ

"Сарбоз бисёр асабонӣ буд ва худкушӣ кард"


Рақсу бозии ҷавононе, ки моҳи апрели имсол аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хидмати сарбозӣ рафта буданд. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кӯлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рӯзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд. Маҳмадхӯҷа Қутбиддинови 22-сола аз деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти Тахти сангин, рӯзи якуми апрели имсол ба артиш рафт ва дар қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун хидмат мекард.

Раиси ҷамоат: Дар баданаш пайи латту кӯбро надидам

Дар вақти шустушӯи ҷасад худам иштирок кардам. Бо чашмони худ дидам, ки ҳеҷ осори латту кӯб набуд. Ӯ сарбози ихтиёрӣ буд

Мақомот иллатҳои марги ӯро расман эълон накардаанд. Аммо масъулони қисми низомӣ ҳангоми супурдани ҷасад ба аҳли хонавода ва раиси ҷамоат гуфтаанд, ки Маҳмадхӯҷа бисёр асабонӣ буд ва ба шикамаш тир зада, худкушӣ кард. Аз қавли онҳо, ин ҳодиса шаби 23-юми сентябр дар қисми низомӣ рух додааст.

Маҳрам Яъқубов, раиси ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани Маҳмадхӯҷа Қутбиддинов осори латту кӯбро мушоҳида накард. Ӯ гуфт, “ба мо низ фаҳмонданд, ки сарбоз дар натиҷаи асабоният дар қисми низомӣ аз тири Калашников худкушӣ кардааст.”

Акс аз маросими гусел ва нонгазони наваскарон. Моҳи октябри соли 2016
Акс аз маросими гусел ва нонгазони наваскарон. Моҳи октябри соли 2016

Яъқубов гуфт, қабл аз хидмат саломатии Маҳмадхӯҷа хуб буд ва ҳатто 40 рӯзи пеш падараш аз ҳоли ӯ хабар гирифта буд. “Дар вақти шустушӯи ҷасад худам иштирок кардам. Бо чашмони худ дидам, ки ҳеҷ осори латту кӯб набуд. Ӯ сарбози ихтиёрӣ буд”, - гуфт Маҳрам Яъқубов.

"Ӯ ҳеҷ мушкил надошт, набояд худкушӣ карда бошад"

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Қубодиён итминон додаанд, ки падару модари сарбоз шикояте надоранд ва ба тақдир тан додаанд.

Аммо Аҳрориддин Қутбиддинов, падари сарбоз, гуфт, ба худкушии писараш ҳеҷ бовар надорад. "Се дафъа ба назди писарам рафта будам. Ҳама шароиташ хуб буд, мушкил надошт ва бовар надорам, ки худкушӣ кардааст. Моҳи август пеш аз муҳоҷират рафтанам писарамро дидам. Хуб буд, мушкили асаб надошт. То бегоҳ бо ман нишаст, шикояте накард. Ҳоло намедонам ман ба кӣ шикоят кунам?" - суол гузошт ӯ.

Дар чанд соли ахир ҳодисаҳои зиёди марги сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст, ки сабабҳояшро ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 3 соли гузашта онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозонро дар қисмҳои низомӣ ошкор карданд.

"Марги сарбозон сафи ихтиёриҳоро кам мекунад"

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Самадова афзуд, "марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ хусусан дар вақти даъвати баҳорӣ ба рафти ин маърака таъсир мегузорад ва ихтиёриён коҳиш меёбанд."

Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар қисмҳои низомӣ гуфта мешавад.

Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон дар баҳору тирамоҳ аз маъракаҳои мухталифе мисли баргузории барномаҳои консертӣ дар сафабаркунии ҷавонон кор мегиранд. Маҳмадхӯҷа Қутбиддинов, аз шумораи даъватшудаҳои баҳори соли 2017-и Хатлон аст, ки ҳамагӣ баъд аз 5 моҳ ҷасадаш аз қисми низомӣ берун ва ба хонаводаашон супурда шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG