Фарзонаи Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, миёни мухлисонаш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм озмун ё, ба қавли худи ӯ, "флешмоб" эълон кард. Ӯ, ки як сол боз дар "Инстаграм" хеле фаъол аст, дар муроҷиат аз мухлисони худ хостааст, ба сурудҳояш ҳамовозӣ ва зери оҳангҳояш рақс карда, дар шакли навор дар бифристанд.
"Шуморо дӯст медорам"
Хоҳарон Шабнам ва Фарзона аз фаъолтарин овозхонҳои тоҷик дар шабакаи "Инстаграм" ҳастанд.
"Видеоҳои беҳтарини Шуморо дар саҳифаи худ мегузорам ва шахсан ба ғолиб тӯҳфа месупорам. Азизон, Шуморо хеле дӯст медорам", - навиштааст ӯ.
Тӯҳфа ҳоло дақиқ нест, вале ба гуфтаи Фарзона ва дӯстонаш, ӯ бо шахси ғолиб вохӯрдаву мулоқот мекунад. Фарзона гуфтааст, ҳар наворро бевосита худаш интизор шудаву тамошо хоҳад кард ва беҳтаринро муайян мекунад. Таъкид намудааст, шарти аслии озмун ишора кардан ба номи Фарзона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст.
Беш аз 20 навор фиристодаанд
Идеяи эълони чунин "флешмоб" ҳам ба сари Фарзона пас аз тамошои чанд наворе бо оҳангҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст. Вай бо ин роҳ мехоҳад бидонад, ки то куҷо ҷавонон ба таронаҳои ӯ таваҷҷӯҳ доранд ва бештар кадом оҳангаш мухлис дорад. Ҳадафи аслӣ тавре худи Фарзона гуфтааст, наздик шудан бо мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
То ҳоли ҳозир барои иштирок дар "флешмоб"-и Фарзонаи Хуршед беш аз 20 навори кӯтоҳ фиристода шудааст, ки дар он ҷавонон дар ҳолатҳои мухталиф, бархе дар дохили мошину бархе дар хона ва хиёбон зери навои мусиқии Фарзона лаб меҷунбонанду мерақсанд.
Раҷ Аҳмад: Фарзона дар Инстаграм беш аз аз 150 ҳазор мухлис дорад
Фарзона ҳудудан 5-тои ин наворро писандидаву дар саҳифаи вижаи худ ҷой кардааст. Раҷ Аҳмад, ровӣ ва аз дӯстони Фарзона, ки муаллифи чандин таронаи овозхон ҳам ҳаст дар гузарондани ин "флешмоб" ба ӯ кумак мекунад. Ӯ рӯзи 23-юми январ гуфт, ташкили чунин озмуну бозиҳо таҷрибаи маъмул миёни ситораҳо ва мухлисон дар кишварҳои дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, Фарзона дар Инстаграм беш аз 150 ҳазор пайрав дорад.
Зимнан, хоҳарон Шабнам ва Фарзона аз фаъолтарин овозхонҳои тоҷик дар шабакаи Инстаграм ҳастанд. Онҳо дар саҳифаҳои худ бештар аксу видео мегузоранд. Фарзона дар "Фейсбук" ва "Вконтакте" ҳам саҳфа дорад. Аз "Фейсбук" ӯ бештар хабарҳоро дарёфту мутолиа мекунад.
"Инстаграм як бахши муҳими кори Фарзона аст"
Аммо дар "Инстаграм" аз фаъолияти ҳунарии худ ва оҳангҳои наваш мухлисонро дар дохилу хориҷ огоҳ мекунад ва пайваста аксу наворҳои мухталифи худ ва фарзандонро нашр месозад. "Инстаграм" як бахши муҳими кори овозхонии Фарзона ҳам будааст. Даъвату пешниҳодҳои ҳамкорӣ ва сафарҳо ба хориҷро ӯ баъзан маҳз тавассути "Инстаграм" дарёфт мекунад. Тавре худи овозхон мегӯяд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба вижа "Инстаграм" ӯ баъзан дар кори эҷодиаш илҳом ва идея мегирад.
Фарзона бо онки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва саҳифаҳояшро ҳам бевосита худаш мебараду навсозӣ мекунад, аммо то ҳанӯз сайт ё сомонаи вижаи худро дар интернет надорад.
Солҳои ахир дар баробари Фарзона бархе дигар овозхонҳои тоҷик ҳам ҳаёти фаъоли интернетӣ доранд. Аз ҷумла, Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Ситораи Кароматулло ва дигарон саҳифаҳои худро, албатта, бештар бо аксу навор ва клипи таронаҳои худ нав мекунанд.
шукрона кунед бе хурокам зиндаги карда мешавад
Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ақаллан Қуръону Ҳадисро дуруст хонед, баъд гап бизанед.
Аз ин кишвар харчи зудтар гурехтан, бехтарин икдом аст! Зудтар 🚀🚀🚀
Инора америка пачак кардесаю , ино бошан се чор мамлакате ки катишонан хаминора гам додесан. Баъд як чизи дигар ки , аз таможний союзи казокистону ,арманистону, киргизистон чи фоида боша . Ба худо гузарондан хамино лекин. Хай махкам кнед тамоман то икадар як хел бечора ба гаму тарс кор кардана. Безор ай чон кардан хамин расия. Кай инора ба мо зор мекада боша намедонм. Як бор зоре шида бдан ки то бас гуфтана. Худо накунад ин даъфа ба фикрм хама противи расия мешава. Наход мардуме ки аз таги пою дасти фашист шумора халос кна шумо хамихел ба мукобилшон рафтор кнед. Хозир якхелаш мешина мега кошке немисода ёрдам мекадем . Вактащда чойи хоб додем, бобову, бародарора ай даст додем барои руссхо имруз рафтору кирдору гапзании инора бин. Министр МВД -и Рассия мега ваших нелегалов на моих земля. . Ана биёву биги. Чархофалака ждат мекнем да акнун
Мардуми содда. Ин ягон бало аз дасташ намеояд ва мувофики накшаи солонааш ба ин кишвархо сафар дораду тамом.