Пайвандҳои дастрасӣ

Як соли овозхонҳои тоҷик – Аз тифли Нигина то таронаи ирфонии Зикруллоҳ. ВИДЕО


Нигина Амонқулова

Имсол барои овозхонҳои тоҷик ва мухлисони онҳо соли рӯйдодҳои хуб будааст. Дар ин сол ситораҳои маъруфе ба монанди Шабнаму Фарзона ва Садриддину дигарон аз “рӯйхати сиёҳ” берун омада, ба ҷашну маъракаҳои расмӣ даъват шуданд.

Мо рус нестем, тоҷикем. Мумкин аст, ҳангоми саросемагӣ як хато рафта бошад. Вале ман аз ин намеранҷам ва фикри инро ҳам намекунам.

Нигина Амонқулова ҳам баъд аз чанд моҳи кампайдо ва дур будан аз саҳна, дар ростои соли нави милодӣ дубора аз пушти шишаҳои сиёҳи “Лексус”-аш берун омад. Бехабарӣ аз ҳолаш дар моҳҳои ахир боис ба овозаву гумонҳо шуда буд. Дар мулоқоти ахири мо бо ӯ мушаххас шуд, ки агар Нигина ташвише ҳам дошт, ташвиши хайре буд. Имсол Нигина соҳиби писар шуд ва номашро Довуд гузошт.

БАРНОМАИ ВИДЕОИРО ДАР ИНҶО ТАМОШО КУНЕД:

Соле, ки гузашт. Нигина: Тифламро Довуд ном гузоштам. Зикруллоҳ: Ҳунари арзон – дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:34:43 0:00

Рӯйдоди дигар ин наздик шудани овозхонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграму Фейсбук бо мухлисони садои худ буд. Дар ин саҳифаҳо ҳам мухлисон метавонанд то андозае аз хабарҳои зиндагӣ ва фарзандони ситораҳо огоҳ шаванд. Вале, бо ин вуҷуд, ҳанӯз на ҳама бо Инстаграму Фейсбук “дӯстӣ” доранд.

Нигора Холова. Акс аз моҳи феврали соли 2016
Нигора Холова. Акс аз моҳи феврали соли 2016

Масалан, Нигора Холова агарчӣ бо Фарзонаи Хуршед баробар рӯйи саҳна омад, аммо ба фарқ аз ин ҳамкасбаш, ки саҳифаи худро пур аз акси фарзандонаш кардааст, таблиғи аксҳои худу духтарашро дӯст намедорад. Аслан ин овозхонро пайдо кардану аз ӯ гап гирифтан кори осон нест. Агар ҳам чунин имкон шуд, хеле кам сӯҳбат мекунад. Ба ҳар сурат, ӯ дар ростои соли нав аз хотираҳои худ дар соли 2017 гуфт. “Соли фаромӯшнашуданӣ буд. Чанд суруди нав пешниҳоди мухлисон кардам, шод шудам”, - афзуд ӯ.

Нигора Холова мисле, ки аз кори худ дар соли 2017 комилан розӣ аст. Ӯ ҳам аз насли овозхононест, ки акнун ду рисолат доранд –тарбияи фарзанд ва идомаи фаъолияти ҳунарӣ. Вай гуфт, “албатта, кори осон нест. Вале кӯшиш мекунам, ки бештар бо фарзанд бошам. Фарзанд азизтарин кас аст.”

Фарзонаи Хуршед
Фарзонаи Хуршед

Ҳоло ин овозхон ҳамеша ва ҳар ҷое меравад, ҳамроҳаш як “муҳофиз” дорад. Дақиқтараш 3 дар як – муҳофиз, бародар ва овозхон.

Суруш Холов пас аз хоҳараш Нигора рӯйи саҳна омад. Бародарӣ – баробарӣ, аммо саҳна ҷойи рақобат аст. Намехоҳад, ки шӯҳраташ аз Нигора кам бошад. Соли 2017 барои ҷойи пойи худ дар саҳнаи ҳунар талоши зиёд дошт. “Хеле соли бобарор буд, сафараҳои ҳунарӣ зиёд буданд. Орзу дорам, ки соли нав накӯ шавад, – гуфт Суруш Холов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Суруш мегӯяд, одат дорад, аз соли куҳан ба соли нав бо худ чизе нагирад. Ҳоло бародару хоҳар ба соли нав бо як барномаи наву ҷиддӣ қадам мегузоранд. Нақша доранд, ки дар соли 2018 консерти муштараки худро баргузор кунанд.

Фирӯза Ҳафизова
Фирӯза Ҳафизова

Вале барои Фирӯза Ҳафизова соли 2017 дар баробари хушиҳо як рӯйдоди на чандон хуш ҳам дошт. Фирӯза аз камтарин овозхононест, ки метавонад дар бораи зиндагии шахсии худ ҳам бидуни парда сӯҳбат кунад. Соле пеш бо ифтихор мегуфт, ки шавҳараш низомӣ аст ва дӯст медорад, ки Фирӯза ҳам бештар либоси низомӣ пӯшад. Як муддат ҳам Фирӯза имиҷашро ба ин шакл тағйир дод. Аммо... имсол аз пеши ин овозхон дар зиндагӣ, ба қавле, гурбаи сиёҳ гузашт.

“Рости гап, дар соли 2017 дар зиндагиам як нохушӣ шуд. Аз шавҳарам ҷудо шудам. Вазнин буд. Мо овозхонҳо ҳамин хелем, ки ҳама мушкилоти худро пушти парда мемонему бо таронаҳои худ пеши мардум мебароем. Дар ин сол рӯзҳои хуб ҳам буд. Ба хориҷа сафарҳои ҳунарӣ доштам”, – гуфт Фирӯза.

Ҷавонӣ ҳам омадану рафтан дорад. Рости гап, фикру андешаҳо дар ҷавонӣ дигар аст. Вақте син меравад, фикр иваз меёбад. Шеъри сабук хонда намешавад.

Фирӯза Ҳафизова соли 2017 танҳо монд, вале боз ҳам ноумед нест. Шикаст дар зиндагӣ овозхонро нашикаст. Ӯ дар соли нав як ҷашни хос дорад: “Дар соли нав 10-солагии сарояндагиамро ҷашн мегирам. Як карнавал-шоу мегузаронам ва 10 суруди тозаро пешниҳоди мухлисон мекунам. Тамоми ҳофизонро даъват мекунам.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фирӯзаро ин ду соли гузашта як сӯҳбаташ бо забони русӣ маъруф кард. Дақиқтараш як иштибоҳаш. Вале худаш парвои гуфтугузору хандаҳоро надорад: “Мо рус нестем, тоҷикем. Мумкин аст, ҳангоми саросемагӣ як хато рафта бошад. Вале ман аз ин намеранҷам ва фикри инро ҳам намекунам. Бисёр суханҳои пасту баланд заданд, вале ман ба ин ҳама нигоҳ накарда, гуфтам, ки “чёрный пиар - тоже пиар”. Ин ҳам барои ман як пиари бепул шуд.”

Зикруллоҳ Ҳакимов
Зикруллоҳ Ҳакимов

Соли 2017 дар баробари шадидтар шудани танзими тӯю маросим, як вакили порлумон ҳам пешниҳод кард, ки нархи овозхонон танзим шавад. Чандин нафар дар ҳам дар пай аз гарон будани нархи хидмати овозхонон дар тӯю хурсандиҳои мардум нигаронӣ карданд. Аммо Зикруллоҳ Ҳакимов ба ин андешаҳо розӣ нест ва мегӯяд, арзонтарин чиз дар Тоҷикистон ин ҳунар аст.

Вале, дар маҷмӯъ, Зикруллоҳ Ҳакимов мегӯяд, имсоли худро сарфи имиҷсозӣ барои овозхонҳои ҷавон кардааст. Зикруллоҳ ду даҳсола боз рӯйи саҳна аст ва гузашти сол афкор ва сабку интихоби ӯро тағйир додааст. Зимнан, дар мӯйи сараш ҳам сафедӣ дамидааст. Ҷавонӣ ҳам омадану рафтан дорад. Рости гап, фикру андешаҳо дар ҷавонӣ дигар аст. Вақте син меравад, фикр иваз меёбад. Шеъри сабук хонда намешавад. Ман бо тамоми шоирони бузурги миллати форсизабон дӯстӣ дорам. Гуфтанӣ нестам, ки акнун пир шудем, вале кӯшиш мекунам сурудҳои ирфонӣ ва тарбиявӣ хонам”, - афзуд ӯ.

Бо онки солҳо рӯйи саҳна аст, дар бораи оила ва фарзандони ин овозхон ягон маълумот нест. Аммо хабарҳои ҷаҳону Тоҷикистонро ҳамеша пайгирӣ мекунад.

Зулайзо Маҳмадшоева
Зулайзо Маҳмадшоева

Дар соли 2017 Зулайхо Маҳмадшоева аслан рӯйи саҳна наомад. Вале дар чанд клип, ки дар хориҷ наворбардорӣ шуд, аз худ дарак дод. Худаш мегӯяд, ки имсол хеле серкор ва сермаҳсул буд: “Ба Шветсия рафта будем. Консерти калон доштем. Ба Маскав рафтем. Соли 2017 дар Тоҷикистон ягон бор дар саҳна набаромадам. Фақат клип кардам. Ба баъзе барномаҳои давлатӣ даъват шудам, аммо чун дар Тоҷикистон набудам, натавонистам, ки иштирок кунам.”

Замоне Зулайхо машғули сабти клипу консертҳо дар хориҷ буд, дар дохил атрофаш овозаҳо зиёд паҳн шуд. Мегуфтанд, ки ҷарроҳии номуваффақи бинӣ боис шуд, ки ӯ аз омадан рӯйи саҳна худдорӣ кунад. Ҷарроҳии бинии худро Зулайхо ҳам пинҳон намедорад ва гуфт, “ман барои зебоӣ не, барои сиҳҳатии роҳи нафас биниамро ҷарроҳӣ кардам. Маҷбур будам. Ман сароянда ҳастам ва ин аз ҳама муҳимтарин узв барои овозхонист.”

Зулайхо аз тағйирот дар рӯйи худ шикоят надорад ва ба шоеаҳо атрофи ному зиндагиаш одат кардааст. “Албатта, ҳар рӯз як хабар ҳаст. Яке занг мезанаду мегӯяд, ки фаҳмидем ту ба садама дучор шудӣ. Мегӯям, не ман сиҳату саломатам. Дигаре мепурсад, Зулайхо мо наворе дидем, ки дар кадом тӯй ҷанг шудааст ва ту ба касе корд задӣ. Ман мегӯям, не ин хел корҳо аз дасти ман намеояд. Кадоме наворе будаст, ки ба ман монанд будаст. Ҳар рӯз як хабари нав ба гӯшам мерасад ва чандон аҳамият намедиҳам, аллакай одат кардем”, - гуфт ӯ.

Вале дурии ӯ аз саҳна зиёд давом накард, дар ҷашни соли нав духтари фархорӣ бо каме тағйирот дар сурат ва бо як дастовез рӯйи саҳна омад. Бовар дорад ин тӯҳфаи ӯ ба дилҳо роҳ ёфта, дар ёдҳо хоҳад монд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG