Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшоди бенишоншударо дар боздоштгоҳи дигари Русия ёфтанд


Дилшод Сатторов
Дилшод Сатторов

Баъди озодӣ ва боздошти шубҳабарангези як шаҳрванди Тоҷикистон ӯро дигарбора дар яке аз боздоштгоҳҳои дигари шаҳри Маскав ёфтанд.

Дилшод Сатторови 43-сола, ки як соли расо дар боздоштгоҳе дар Русия нигаҳ дошта мешуд, рӯзи 18-уми апрел раҳо шуд, вале ҳамон лаҳза чанд ношиноси ниқобпӯш ӯро дубора боздошт карданд ва ба ҷои номаълум бурданд.

Муҳаммадшариф Сатторов, бародари Дилшод Сатторов рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, соати панҷи бегоҳ рӯзи 22-уми апрел бародарашро дар додгоҳи ноҳияи Любертсии Маскав дид.

Ба гуфтаи ӯ, дар додгоҳ маълум шуд, ки Дилшодро маъмурони Хадамоти федеролии амниятии Русия пас аз раҳоӣ дубора боздошт кардаанд. Додгоҳ амр додааст, то замони анҷоми тафтиши парванда ва таҳқиқи иддаоҳо ӯ ду моҳ дар боздоштгоҳ бимонад.

“Дар додгоҳ гуфтанд, ки далелҳои нав ва шоҳидони нав пайдо шудаанд, ки ӯ бо одамони шубҳанок робита дорад ва дар Сурия будааст. Бародарам тамоми гуфтаҳоро дурӯғу туҳмат номид, лекин суд қарор баровард, ки ду моҳ дар боздошт бимонад” - гуфт ӯ.

Мақомоти Русия ва Тоҷикистон боздошти Дилшод Сатторовро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Рӯзи 19-уми апрел Маҳмадшариф Сатторов, бародари Дилшод навореро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки ба иддаои ӯ, лаҳзаи боздошти бародараш аст.

Дар ин видеое, ки ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ дар назди додситонии ноҳияи Мешанский бардошта шудааст, дида мешавад, кӣ чӣ гуна як марде аз дохили мошин нидои илтиҷоомез мебарорад ва «Эҳ бигир» мегӯяд ва чаҳор нафар уро ба зӯр дохили мошин мекунанд.

Маъмурони милиса ҳам онҷо ҳузур доранд ва дахолат намекунанд. Зане ҳам мехоҳад, ба онҳо муқовимат намояд ва бо забони русӣ мардумро ба кӯмак даъват мекунад.

Муҳаммадшариф Сатторов гуфт, зан ҳамсари руси бародараш аст . Он замон ӯ гумон дошт, ки эҳтимол бародарашро ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Дар гузашта бо чунин шева чанд шаҳрванди Тоҷикистон аз русия ба кишвар бурда шуда буд.

Аммо Сатторов мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд нашри навори боздошти ӯ ва расонаӣ шудан монеи бурдани ӯ ба Тоҷикистон шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ва истирдоди Сатторовро тасдиқ ва ё рад накарда буд.

Дар қарори раҳоии бародараш аз боздошт, ки Муҳаммадшариф дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, навишта шудааст, ки Дилшод Сатторов бинобар гузаштани муҳлати боздошт, ки як солро дар бар гирифт, раҳо шуд.

Дар қарори додситонии ноҳияи Мешанскии Маскав гуфта шудааст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз онҳо дархости истирдод карда буд, вале додситонӣ шарҳ надодааст, ки чаро Дилшод Сатторов ба Душанбе бозпас фиристода нашуд.

Дар ин қарор гуфта шудааст, ки Сатторов барои узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия аз ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад. Муҳаммадшариф Султонов мегӯяд, бародараш ҳеҷ гоҳ дар Сурия набуд ва то кунун мақомот далеле ҳам барояшон нишон надодаанд.

«Гӯиё Сурия рафта, он ҷо шаш моҳ машқ дода бошад. Лекин ман худам дар бозори «Садовод» ароба мекашидам ва бародарам он ҷо савдо мекард. Ҳамроҳи ҳамсараш барои овардани молу коло ду-се рӯза Туркия рафта буд, лекин ягон вақт шаш моҳ аз Русия берун набуд. Кай Туркия рафта омадааст, дар шиносномааш муҳр аст. Дар Сурия буданаш як дурӯғ аст» - гуфт ӯ.

Дилшод Сатторов, соҳиби шаш фарзанд аст ва ба гуфтаи бародараш, дар бозори “Садовод” тиҷорат дошт.

Дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ, аз Русия дархост кардаанд, Дилшод Сатторовро ба Тоҷикистон бидиҳад. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ "онҳо далелҳои собит" доранд, ки ӯ дар Русия буд.

Мақомоти Тоҷикистон ду соли пеш гуфтанд, ки беш аз 100 шаҳрванди кишвар дар Русия бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ дар панҷ соли ахир наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд ва ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд. Мақомоти тоҷик бар ин боваранд, ки 85 дар сади онҳо дар Русия фирефтаи гуруҳҳои тундрав шуда ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG