Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия: "Занозанӣ буд, вале на бо мо"


Маъмурияти яке аз донишгоҳҳои маъруфи Маскав, ки беш аз 100 донишҷӯи тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, аз мақомоти интизомӣ хостаанд, сабаби рейди пулис дар хобгоҳи донишгоҳ ва боздошти донишҷӯёнро шарҳ бидиҳанд.

  • Рӯзи душанбе, 17-уми декабр, маъмурони Вазорати умури дохилии Русия ва нерӯҳои махсус ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатии геологӣ ва иктишофии Русия ворид шуда, даҳҳо донишҷӯ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷикро дастгир карданд.
Занозанӣ буд, байни қазоқҳо ва ингушҳо. Ба тоҷикон касе нарасидааст. Сабабаш ин буд, ки се қазоқ як ингушро задаанд ва сипас ҷанҷол калон шудааст.

Аз ВКД шарҳ хостанд​

Светлана Лучко, сухангӯи донишгоҳ, рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба тафтиши утоқҳои донишҷӯён маъмурияти донишгоҳ аз Вазорати умури дохилӣ шарҳи расмӣ талаб кардааст. Ӯ гузоришҳои матбуоти Русияро дар бораи муноқишаи гуруҳӣ байни донишҷӯёни тоҷик ва ингуш рад кард.

"Ҳоло маълум нест, ки дар онҷо чӣ рух додааст, ва ё умуман муноқиша будааст ё не. Дар робита ба тафтиши дирӯза мо аз Вазорати умури дохилӣ расман тақозо кардем, ки вазъро шарҳ бидиҳанд, чун мо ҳам бехабар будем. Вале на танҳо дар донишгоҳи мо, балки дар дигар донишгоҳ ва маҳалла ҳам тафтиш сурат гирифт”, - гуфт ӯ.

Ҷанҷоли тоҷикон ва ингушҳо?

Аз ин пештар расонаҳои Русия навиштанд, баъди муноқишаи гуруҳе аз донишҷӯён, ки умдатан тоҷикон ва ингушҳо будаанд, нерӯҳои махсус ва пулис ба хобгоҳ омаданд, утоқҳоро тафтиш карданд ва аз баъзеи онҳо маводи мухаддир ва туфанги пневматикӣ ёфта, мусодира карданд.

Дар гузоришҳо омадааст, ки маъмурони пулис баъди шикояти расмии як донишҷӯи тоҷик ба хобгоҳ омадаанд. Гӯиё ин донишҷӯ шикоят кардааст, ки донишҷӯёни ингуш ӯро латту кӯб карда ва ба самташ аз туфанги пневматикӣ тир андохтаанд.

Светлана Лучко ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабарҳо асос надоранд ва "ҳеҷ муноқишаи қавмӣ байни донишҷӯён вуҷуд надошт". Ду донишҷӯи тоҷик, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, гуфтанд, дар воқеъ моҷаро буд, вале донишҷӯёни тоҷик дар он саҳм надоштаанд.

"Хабари дурӯғ аст, тоҷикон занозанӣ накарданд"

Яке аз онҳо, ки маъмурони пулис утоқашро тафтиш кардаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Хабари дурӯғ аст, ки тоҷикон бо ингушҳо ҷанг кардаанд. Занозанӣ буд, байни қазоқҳо ва ингушҳо. Ба тоҷикон касе нарасидааст. Сабабаш ин буд, ки се қазоқ як ингушро задаанд ва сипас ҷанҷол калон шудааст. Вале сабабҳои латту кӯби донишҷӯи ингушро намедонам.”

Дар хобгоҳи “Рудознатси”, ки хобгоҳи бузурги донишгоҳ аст, беш аз 100 донишҷӯи тоҷик зиндагӣ мекунанд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис “ҳамаро, ингушу қазоқу тоҷику турк ва русҳоро бурданд”. “Азбаски санадҳои ман дуруст буд, чизе нагуфтанд” -афзуд ӯ. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи мақомот, 16 донишҷӯ барои бозпурсӣ ба шуъбаи умури дохилӣ бурда шуданд.

Яке дигар аз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии геология ва иктишофии Русия, ки дар соли аввал таҳсил мекунад, гуфт, дар воқеъ, хабари ҷанҷолу тафтишро шунидааст, аммо утоқҳои онҳоро, ки дар бинои дигар буд, тафтиш накардаанд. Хобгоҳи донишгоҳ 14 табақа дорад ва дар он тақрибан 1500 донишҷӯ аз кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунанд.

Дар сафорат гуфтанд, ки бо донишҷӯён тамос доранд

Дар Интернет чанд видео дар бораи тафтиш ва боздошти донишҷӯёни донишгоҳи мазкур нашр шудааст, ки нишон медиҳад, даҳҳо нафар аз ҷавонон дасташон пушти сар ва нимаурён ба зону задаанд ва маъмури пулис онҳоро назорат мекунад. Дар раёсати умури дохилии ноҳияи “Обручевский”, ки ҳодиса дар қаламрави он рух додааст, аз шарҳи қазия худдорӣ карданд. Вале хабаргузории “Интерфакс” навишт, ки тамоми донишҷӯёни ингуш ва дигар донишҷӯёни дастгиршударо шоми душанбе озод кардаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи мазкур дар тамос ҳастанд ва пас аз нашри хабарҳо дар бораи ҷанҷолу боздоштҳо бо намояндагони онҳо гуфтугӯ доштаанд. Ба қавли дипломатҳои тоҷик, масъалаи ҷиддие набудааст, вале баъзе аз расонаҳои русӣ ба он тобиши муноқишаи қавмӣ додаанд.

20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия

Донишгоҳи давлатии геология ва иктишофии Русия бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва даҳҳо нафар аз донишҷӯёни тоҷик ҳар сол ба он шомил мешаванд.

Танҳо дар соли 2018 ба ин донишгоҳ 80 донишҷӯро аз Тоҷикистон қабул кардаанд. Дар умум, дар Русия 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд ва ҳар сол чаҳор ҳазор нафари дигар барои таҳсил ба ин кишвар меоянд. То кунун гузоришҳо дар бораи задухӯрди гуруҳии донишҷӯёни тоҷик бо қавму миллатҳои дигар ба чашм нахӯрдааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG