Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат мегӯяд, саҳмияҳои Роғунро гум накунед, фоида меоранд. Видео


Роғун бузургтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон аст
Роғун бузургтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон аст

Вазорати молияи Тоҷикистон ба онҳое, ки саҳмияҳои неругоҳи Роғунро дар даст доранд, итминони хотир медиҳанд, ки ҳатман фоида хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, баъди оғози кори неругоҳ фоидаи он барои ҳамаи саҳмдорон тақсим мешавад. Соли 2010−ум ҳукумат дар як маъракаи нимамаҷбурӣ ба мардум ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмияи Роғунро фурӯхт ва тақрибан оилае нест, ки аз ин саҳмияҳо нахарида бошад.

“Саҳмия ба ҷойи туҳфаи 8 март”

Хадича Муродова 61 сол дорад ва ҳашт сол пеш соҳиби саҳмияи Роғун шуд. Ӯ корманди бахши ободонии шаҳри Душанбе буд. Мегӯяд, соли 2010 дар рӯзи иди занон барояшон аз буҷет 500 сомонӣ туҳфапулӣ ҷудо шуд, вале бар ивази маблағ ба онҳо саҳмияи Роғунро доданд. Саҳмияи Муродова дар кадом гӯшаи сандуқаш аст ва мегӯяд, зиёд интизори гирифтани фоида нест.

“Он сол ба мо гуфтанд, ки барои ёрӣ ба сохтмони Роғун саҳмия гиред. Мо ҳамаамон гирифтем. Баъзеҳо розӣ, бархе норозӣ буданд, вале бар ивази маблағи мо саҳмия доданд” – гуфт, ӯ.

Вазир мегӯяд, онҳое, ки саҳмияҳои Роғунро доранд, бурд мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Хадича Муродова шояд аз қабили садҳо тан аз саҳмдорони Роғун аст, ки мегӯянд, ба бозгардони маблағаш дигар умед надорад, вале мисли бисёриҳо ба ин андеша аст, ки агар нирӯгоҳи Роғун ба кор дарояд ва мушкили бебарқӣ пурра ҳал шавад, худро низ дар ин муваффақият саҳмгузор меҳисобад.

Хоҳед, фурӯшед, нахоҳед...

Аксар ҳамсуҳбатони мо дар кӯчаҳои Душанбе мегуфтанд, саҳмияҳои гирифтаашон фаромӯш кардаанд. Бархеи онҳо мегуфтанд, ҳатто намедонанд, ки саҳмияаашон дар куҷо аст. Бо инки сокинон аз гирифтани фоида аз саҳмияҳои Роғун зиёд умедворӣ надоранд, аммо масъулини вазорати молия мегӯянд, соҳибони саҳмияҳо ҳатман фоида ба даст меоранд.

Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, саҳмдорон имкон дорад саҳмияҳои худро дубора фурӯшанд ва ё назди худ нигоҳ доранд, то аз он фоида ба даст оранд.

Ба қавли ҷаноби Қаҳорзода, ҳисоби пурраи саҳмияҳо дар вазорат ҳаст ва соҳибони он ҳатман фоида хоҳанд гирифт.

Як масъули дигари вазорати молия дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи фоида аз саҳмияҳои “Роғун” ҳеҷ гоҳ нодида гирифта нашудаанд.

“Агар мардум ҳам талаб накунанд, мо инро ҷиддӣ назорат мебарем. Ҳамаи саҳмдорони Роғун баъди ба кор даромадани неругоҳ ва фоида ба даст омадан ҳатман мувофиқ ба саҳми худ даромаде ба даст меоранд” - гуфт ӯ.

Барои бунёди Роғун чаҳор миллиард доллар лозим аст

Дар Тоҷикистон ҳама интизори ба кор шуруъ кардани аввалин агрегати неругоҳи Роғун ҳастанд. Қарор аст, рӯзи 16 ноябр аввалин чархаи ин неругоҳ ба тавлиди барқ шуруъ кунад. Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст. Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

Аммо маблағи бадастомада аз фурӯши саҳмияҳо барои бунёди Роғун кофӣ нест. Барои ҳамин ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон дар ҳаҷми 500 миллион доллар евробонд фурӯхт ва қарор аст дар умум барои бунёди Роғун 4 миллиард доллар сармоя ҷалб кунад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия гуфт, Роғун “иншооти хеле бузург аст ва мо бояд дар доираи зиёда аз 4 миллиард доллар сармоя ҷалб намоем. Аз рӯи боздеҳӣ ин иншооте мешавад, ки имконоти моро барои рушди иқтисодӣ ба маротиб зиёд мекунад ва Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи барқ табдил меёбад. Ниёзмандии ин иншоот ба ҷалби маблағҳо вобаста аст.”

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, масъалаи ҷалби маблағҳои иловагӣ дар баррасӣ аст ва то охири сол тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Ӯ гуфт, фурӯши евронбондҳо гузинаи аслӣ нест ва онҳо дигар роҳҳои ҷалби cармояро бо чанд созмонҳои ҷаҳонӣ баррасӣ доранд.

Зимнан, Вазорати молияи Тоҷикистон низ барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 2018 аз буҷа ду миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

Қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Вале фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер напоид ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ гардид.

Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG