Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯгоҳи "Роғун" рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 26-уми июл ба маҳали бунёди нерӯгоҳи "Роғун" сафар кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин боздиди Эмомалӣ Раҳмонро, "шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ", эълон кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо нахуствазир Қоҳир Расулзода, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ менамояд, бо муҳандисону кормандони техникии ин нерӯгоҳ мулоқот намудааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди нерӯгоҳи "Роғун", ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин тарҳ ба шумор меравад, дидан кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хатти конвейрӣ иштирок кардааст. Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати "Салини Импреҷило" сурат мегирад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Олмон мебошад, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бо харҷи камтар ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад.

Барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти нерӯгоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудааст. Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зурурият тариқи автоматӣ ҳамагуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд. Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.

Давлати Тоҷикистон Роғунро тарҳи ҳаёту мамот барои кишвар номидааст ва мегӯяд, қарор аст, ширкати итолиёвии Салини Импреҷило то охири имсол яке аз турбинаҳои онро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад ва истеҳсоли нерӯи барқ дар он шурӯъ шавад. Роғун дар сурати такмил шудани сохтмонаш метавонад Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

Садди нирӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG