Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғунро насб кард. ВИДЕО


Ин акси муҳаррикро ширкати украинӣ нашр кард.

Дар нерӯгоҳи азими барқи обии "Роғун" дар Тоҷикистон нахустин чархаи онро насб кардаанд. Дар ин бора ширкати украинии "Днепр- Спетсгидромонтаж" ба Радиои Озодӣ хабар дод. Дафтари матбуоти «Днепр-Спетсгидромонтаж» рӯзи 9-уми июл гуфт, ки мутахассиони ширкат соати нӯҳи шоми 5-уми июл ротори чархаи №6 -уми нерӯгоҳи Роғунро дар ҷояш насб карданд.

Садди нерӯгоҳи "Роғун" 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки баландтарин садди гилину сангӣ хоҳад буд.

Вазни чарха 850 тонна аст ва насби он дар шароити бисёр сахт - идомаи корҳои сохтмонӣ ва иҷрои корҳои пармакунӣ дар толори мошинҳо, ки дар зери замин қарор дорад сурат гирифтааст.

"Днепр-Спетсгидромонтаж" мегӯяд, мувофиқи нақша чархаи рақами №6 нерӯгоҳи Роғун бояд рӯзи 16-уми ноябр ба кор дароварда шавад. Чархаи рақами 5 аввали соли 2019 ба кор андохта мешавад.Нерӯгоҳи "Роғун" тибқи нақша аз 6 чарха (агрегат) иборат хоҳад буд, ки ҳар кадоме қудрати тавлати 600 мегаватт нерӯи барқро дорад.

Нерӯгоҳи "Роғун" 9-умин нерӯгоҳ дар силсилаи нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш аст, ки дар 110 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад. Садди нерӯгоҳи Роғун 335 метр баландӣ хоҳад дошт, ки баландтарин садди гилину сангӣ хоҳад буд.

Худи чархаро ҳам ширкати "Гидротяжмаш"-и Украина истеҳсол кардааст. Масъулияти сохтмони сади нерӯгоҳро айни замон шикрати Итолиёвии “Салини импреҷило” бар уҳда дорад. Дар сурати ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистон метавонад, эҳтиёҷоти худ ба нерӯи барқро комилан бароварда созад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG