Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Орде, ки аз Қазоқистон мехарем, мардуми он кишвар намехӯрад"


Порлумони Тоҷикистон истеҳсол ва воридоти орди, ба гуфтаи вакилон, бе витаминро манъ кард. Дар Маҷлиси намояндагон гуфтанд, орде, ки дар ҳудуди Қазоқистон манъ аст, феълан дар бозорҳои Тоҷикистон бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шудааст.

Тоҷикистон гандуму ордро асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Соли 2018 ба Тоҷикистон, асосан аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум овардаанд. Дар худи Тоҷикистон соли гузашта 760 ҳазор тонна гандум тавлид шудааст. Ба ҳисоби мутахассисон, дар сурати хуб омадани ҳосил, таносуби воридоти гандум аз Қазоқистон 70 ба 30 дарсадро ташкил медиҳад, ки сӣ дарсадаш дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад.

Барои пешгирӣ аз воридоти орди пастсифат, вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн қонун "Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда"-ро қабул карданд. Бар асоси ин санад, минбаъд истеҳсолу воридот ва ба савдо гузоштани орду чанд маҳсулоти дигар, ки бо витамин ва маводи барои саломатӣ зарур таъмин нестанд, манъ хоҳад шуд.

Шариф Раҳимзода, яке аз вакилоне буд, ки рӯзи ҷумъа ба ҷиддӣ будани ин вазъият таъкид кард. Ӯ гуфт: "Бубинед, имрӯз ҳамон орде, ки мо аз Қазоқистон мехарем, дар ин кишвар фурӯхтанаш мумкин нест, зеро бо фармони президенти Қазоқистон дар дохили ин кишвар фақат орди ғанигардонидашуда бояд фурӯхта шавад”.

Раҳимзода таъкид намуд, ки ғанигардонии маҳсулоти хурокворӣ ба саломатии ҷомеа, сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисоди кишвар хеле муҳим аст. Раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумон зоҳиран ба хотири фаҳмотар шудани нигарониҳояш аз ин вазъият худро мисол овард ва гуфт:

“Сиҳҳатии ҷомеа вобаста аст ба ҳамон витамину микроэлементҳое, ки ба организми инсон бисёр зарур аст. Агар шумо диққат диҳед, имрӯз дар кӯча аксари ҷавонон қадашон аз қади ман паст аст, ҳол он ки қади ман дар гурӯҳе, ки мехондам, дар донишгоҳи ин ҷо ва донишгоҳи хориҷӣ аз охир сеюм ё чорум буд. Ин ҷо сабаб махсус нарасидани ҳамон микроэлементҳову ғизоҳои зарурӣ аст”.

Гулбаҳор Ашӯрзода, вакили дигари Маҷлиси намояндагон дар шарҳи масъалаи камбуди воридоти орди ғанишуда гуфт, то ҳол дар Тоҷикистон қонуни махсуси маҳсулоти ғанигардонидашуда вуҷуд надошт ва бо қабули ин қонун, минбаъд истеҳсолу воридоти маҳсулотӣ орӣ аз талаботи қонун манъ мегардад. Ба феҳристи маҳсулоте, ки тибқи ин қонун бояд ғанӣ гардонида шаванд, дар баробари орд, маводи дигаре ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, шир ва маҳсулоти ширии туршмазза, аз ҷумла шарбат ва намаки ош дохил мешаванд.

Орд маҳсулоти стратегии ғизоӣ ба ҳисоб меравад ва пасту баланд шудани нархи он ба таври мустақим ба будҷаи оилаҳо таъсиргузор мешавад. Имрӯз нархи як халтаи 50-килоии орди истеҳсоли Қазоқистон дар кишвар ба 185 сомонӣ (тахминан 18,5 доллар) ва дар бархе манотиқи дурдаст аз ин ҳам болотар расидааст.

Нону маҳсулоти дигари ордӣ бахши муҳими ғизои мардуми тоҷик мебошад ва аз ҳамин хотир, ба қавли мутахассисон, ҳудуди 50 то 70 фоизи калорияи сокинони аҳолиро ташкил медиҳад. Ин нишондод яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон будааст. Соддатар бигӯем, ин ба он маъност, ки нон ғизои асосии мардуми тоҷик мебошад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Мирзомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ғанигардонии маҳсулоти ордӣ метавонад барои пешгирӣ аз бемориҳои камхунӣ ва норасоии ғизо мусоидат кунад. ​

​Мақомот мегӯянд, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд дар Тоҷикистон, ки тахминан 30 адад ҳастанд, ҳамчунин маҳсулоташонро ғанӣ намекунанд ва баъди ба иҷро даромадани қонуни нав бояд ин талаботро риоя кунанд.

Вале то куҷо ин корхонаҳо омода ҳастанд, ки дар фурсати кӯтоҳ ва бидуни роҳ додан ба камбуди маҳсулот орди ғанишударо истеҳсол кунанд? Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз муассисони чунин корхонаҳо посухи манфӣ дод.

Ин масъули корхонаи истеҳсоли орд дар Душанбе, ки нахост номаш нашр шавад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои татбиқи муқаррароти нав дар марҳалаи аввал ба дастгирии давлатию таъмини шароити мусоид барои ғанигардонӣ ниёз доранд. Ӯ гуфт, аз талаботи ахир дар мавриди чи гуна истеҳсол намудани орд хабар доранд, аммо чандон омодагии ҷиддӣ нагирифтаанд.

Талоши мақомот ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳолест, ки коршиносон пайваста бонги изтироб мезананд, ки камбуди микроэлементҳо боис ба камхунию камвазнӣ ва бемадорию нотавонии одамон гардида, барои солимии аҳолӣ ва рушди иқтисодии кишвар пайомадҳои дарозмуддат дорад. Бархе аз огоҳон мегӯянд, Тоҷикистон масъалаи ғанигардонии маҳсулотро бояд пештар ба миён мегузошт, чун ин масъала ба ҳаёту саломатии инсонҳо марбут аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG