Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НДС-и орд поин рафт. Нарх арзон мешавад?


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани ислоҳот ба қонуни будҷаи кишвар, истеҳсолкунандаҳо ва фурӯшандаҳои ордро муваззаф кард, ки аз арзиши изофашуда танҳо то даҳ дарсад андоз супоранд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин амр ба ҷилавгирӣ аз афзоиши сунъии нархи орд, ғизои асосии сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 15-уми апрел дар ҷаласаи худ ба қонуни будҷаи кишвар ислоҳот ворид карданд. Аз ҷумла, Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки минбаъд аз тавлидкунандаҳо ва фурӯшандаҳои орд дар кишвар аз арзиши изофашуда на бештар аз 10 дарсад молиёт ситонида шавад.

Нархи миёнаи гандуми воридотӣ ба Тоҷикистон 272 доллари амрикоӣ барои як тонна будааст.

Тоҳир Ҷобирзода, узви кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки "лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади дастгирии молии истеҳсолкунандагони ватанӣ, бахусус дастгирии корхонаҳои соҳаи коркарди гандум, таъмини шароит барои рақобати солим байни чунин корхонаҳо ва амнияти озуқаворӣ дар кишвар пешниҳод шудааст".

Зимнан, тибқи ин тарҳ ба моддаи 15-и қонун "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019" иловаҳо ворид шуда, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми хариди (воридоти) дигар молу маҳсулоти (кору хизматрасониҳо) барои таҳвили минбаъдаи гандум ва ё коркарду фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад.

Истиқбол аз ин тасмими порлумон

Нон яке аз ғизоҳои аслии сокинон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Нон яке аз ғизоҳои аслии сокинон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Азимҷон Пӯлодов, раиси ширкати ордбарории "Комрон агро" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин имтиёзҳо имкон медиҳанд аз ҷаҳишҳои нархи орд дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.

Вай аз ин иқдоми мақомоти Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, то 1-уми январи соли ҷорӣ зимни воридоти гандум аз хориҷи кишвар аз арзиши изофашуда 18 дарсад андоз месупориданд ва зимни фурӯши орди коркардшуда низ ҳамин миқдор андоз ситонида мешуд. Ба гуфтаи вай, ҳоло Маҷлиси намояндагон қарор кард, ки андози ситонишуда набояд аз 10 дарсад бештар бошад ва дар маҷмӯъ, ин амр мусоидат мекунад, ки арзиши орд дар бозори Тоҷикистон поин оварда шавад.

"Муҳим, аз фурӯшандаҳо андози зиёдатӣ ситонида нашавад"

​Аммо Тағоймурод Шарипов, раиси собиқи ширкати давлатии "Ғалла" мегӯяд, ки аз чанд сол ба ин сӯ зимни воридоти ғалла ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 10 дарсад ситонида мешуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, замоне, ки роҳбарии ин корхонаро ба ӯҳда гирифт, ин рақам баробари 18 дарсад буд. Вай ба ин назар аст, ки муҳим аз фурӯшандаҳо андози зиёдатӣ ситонида нашавад.

Тағоймурод Шарипов мегӯяд, ки ҳукумат метавонад боҷи гумрукиро баробари сифр кунад, аммо бо ситонидани андоз аз арзиши изофашуда нархи орд дар кишвар боло мераваду поин не. "Агар, воқеан, вакилони мардумӣ чунин тасмим гирифта бошанд, мутмаинам, аз болоравии арзиши орд дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ мешавад. Зеро, дар ин амр фишанги асосӣ меъёри андозӣ аст",-афзуд вай.

Соли гузашта Тоҷикистон, асосан аз Қазоқистон ҳудуди 1 миллион тонна гандум ворид кардааст. Нархи миёнаи гандуми воридотӣ ба Тоҷикистон 272 доллари амрикоӣ барои як тонна будааст. Дар худи Тоҷикистон соли гузашта 760 ҳазор тонна гандум тавлид шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон тақозо дорад, ки бештаре аз орди мавриди ниёзи сокинони кишвар дар дохили кишвар коркард шавад. Феълан ҳудуди 70 корхонаи ордбарори дар Тоҷикистон фаъол аст, вале роҳбарони бархе аз онҳо мегӯянд, ки андозҳои сангин метавонад онҳоро барои қатъи фаъолият водор созанд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG