Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, муҳоҷирони ҷамъшуда дар марзи Русия фиреб хӯрдаанд. ВИДЕО


Моҳи май айни вазъро муҳоҷирони узбек доштанд.

Баъди нашри видеоҳо дар бораи ҳоли “зор”-и даҳҳо муҳоҷир дар марзи Русияву Қазоқистон дипломатҳои тоҷик аз муҳоҷирон хостанд, фирефтаи афроде нашаванд, ки бо ваъдаи бурдан ба Тоҷикистон онҳоро ба марзи Русия расонда, раҳо мекунанд.

Видеҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва аз гузаргоҳи “Маштаково” муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, нишон медиҳад, даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз ҷумла се зани обистан зери хаймаҳои хасин мунтазири убур аз марз ва сафар ба самти Тоҷикистон ҳастанд.

Беғамгул Сарибоева, сокини шаҳри Бохтар яке аз ин занони обистан аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаҳри Маскав ба “Маштаково” омадааст ва 12 рӯз аст, ки дар наздикии гузаргоҳ интизори гузаштани марз аст. Беғамгул Сарибоева, нигарони сиҳатии тифли батнаш аст: “Мо ҷое барои рафтан надорем, дар ҳамин гармӣ 12 рӯз мешавад, ки хобем. Маъюб шудем, намедонам, тифли батнам чӣ шуда бошад? Модарам ҳар рӯз занг зада гиря мекунад.”

Зулфия Почоҷонова яке мусофирони дигари дармонда ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор буданд, ки онҳоро “мисли муҳоҷирони узбек автобус меоранду карда мебаранд. Лекин то ҳол касе аз ҳоли мо хабар намегирад... (гиря мекунад). Бачаҳо ёрӣ доданд, шохи дарахтонро зада оварданд, сарамонро соя кардем, аммо дар рӯи замин хобем”.

Сафорат аз муҳоҷирон хост, фиреби ронандагони судҷӯро нахӯранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ба гуфтаи Зулфия Почоҷонова, 20 рӯз аст, ки дар ҳаминҷо шабро рӯз мекунад. Дар умум 6 зану 100 мард мунтазиранд, ки ба онҳо иҷоза диҳанд, аз гузаргоҳи “Маштаково” дар вилояти Оренбурги Русия ба Қазоқистон гузашта, аз онҷо ба Тоҷикистон бираванд. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳаво дар инҷо тоқатфарсо аст, рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад ва шабона сард асту гоҳо борон меборад.

Дар видеоҳое, ки худи мусофирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки ҳамагӣ дар рӯи замин хобанд ва барои худ аз шоху дарахт ва алаф хаймаҳои муваққатӣ бунёд кардаанд. Онҳо аз шаҳрҳои гуногун омадаанд. Қисмеро як ронандаи автобус бо ваъдаи онки Қазоқистон барои ду рӯз барои мусофирон коридор ва ё долони муваққатӣ барои убур боз мекунад, аз Маскав ба он ҷо бурдааст.

Қисми дигар аз назди гузаргоҳи Бузулуки марзи вилояти Самара ва Қазоқистон инҷо омадаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз ҷумла консулгарӣ дар шаҳри Уфа, ки вилояти Оренбургро ҳам зери назар дорад, гуфт, ки аз ҳоли муҳоҷирон хабар доранд.

Сафорат аз муҳоҷирон хост, фирефта нашаванду сабр кунанд

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандон зоҳиран фирефтаи афроди судҷӯ шудаанд, ки ба ин ҳол афтодаанд. Ӯ афзуд: “Сарҳад баста аст, иҷоза нест назди марз рафтан. Вазъи эпидемиологӣ дар Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон душвор шудааст. Мардум медонад, ки иҷоза нест, аммо боз мераванд. Ин ҷо ширкатҳое ҳастанд, ки билет мефурӯшанд ва мардумро назди сарҳад мебаранду сарсон мекунанд. Мо баъзе аз ин нафаронро ба сафорат даъват карда, таъкид кардем, ки мардумро фиреб накунанд.”

Сафорати Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ба ҳар ваъдаи ронандагони судҷӯ, ки аз вазъият сӯистифода карда мехоҳанд, пул кор кунанд, бовар накунанд ва ба сафар набароянд. Дар сафорати Тоҷикистон мегӯянд, ягона роҳи бозгашти мусофирон парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аст, чун касе намедонад, ки марзи Русия ва Қазоқистон ба зудӣ боз мешавад, ё не.

Консулгарии Тоҷикистон дар Уфа мегӯяд, ки барои фиристодани мусофирон, аз ҷумла 6 зан дар парвози чартерӣ омодаанд. Вале занҳо мегӯянд, билет гарон аст ва дар ин рӯзҳои интизорӣ пасандозашонро тамом кардаанд ва пули кофӣ барои харидани билет надоранд. Ба мусофирони дигар имконияти кор бо маоши аз 1000 то 2 ҳазор рубл дар як рӯз пешниҳод доранд.

Бинобар хуруҷи короновирус дар Русия аз 20-уми март парвози мунтазами ҳавопаймоҳо ва равуои қатораҳои мусофиркаш қатъ шуд. Мақомот то кунун 30 парвози чартерӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ташкил карданд, аммо ниёзи ҳама эҳтиёҷмандон бароварда нашудааст. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо бо барқарор шудани парвозои маъмулӣ миёни ду кишвар вазъ ба эътидол меояд ва аз шаҳрвандон даъват дорад, то замони оғоз шудани парвозҳои муқаррарӣ сабр кунанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG