Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду афсари Донишкадаи сарҳадии Тоҷикистонро ба додгоҳ кашиданд


Ҳодиса дар тамрингоҳи Лоҳур рух додааст, ки яке аз размоишгоҳҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Марги як донишҷӯи Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ду афсар ва ё омӯзгори ин донишкада муттаҳаманд, додгоҳӣ шуд.

Уғулой Бобоева, вакили дифои хонаводаи Ҳошимҷон Сафаров, сокини 20-cолаи ноҳияи Зафаробод мегӯяд, барои марги Ҳошимҷон нисбати ду командири ротаи таълимӣ ва ё омӯзгорони донишкада- Рамазон Абдураҳимову Ҷаҳонгир Давлатов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳарду бар асоси моддаи 391, қисми 3, яъне баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ё сӯистифода аз мақом гумонбар эълон шудаанд. Рамазон Абдураҳимов ва Ҷаҳонгир Давлатов зимни пурсишҳои муфаттишон ва нахустин мурофиаҳои додгоҳӣ гуфтаанд, ки ҳеҷ гуноҳ надоранд ва иттиҳомот ба зидди онҳо беасос аст.

Аммо Уғулой Бобоева вакили дифоъ ваҷҳи худро оварда ва рӯзи 12-март ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳз латукӯби Ҳошимҷон дар маркази таълимии Лоҳур аз сӯи ду нафар, сабаби марги донишҷӯ шудааст.

Марг пас аз тамрини кӯтоҳ

Дар санаде аз парвандаи марги курсант, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, навишта шудааст, “пас аз он ки курсантони соли якум барои машғулиятҳои саҳроӣ ба Лоҳур (пойгоҳи тамринӣ) бурда мешаванд, Ҳошимҷон Сафаров бо баҳонаи дуруст иҷро карда натавонистани машқҳои сафороӣ аз сӯи Рамазон Абдураҳимов, командири взводи 2-юми ротаи таълимии донишкада мавриди латукӯб қарор гирифта, аз сараш ҷароҳат мебардорад ва тахминан пас аз 10 рӯзи ба беморхона интиқол ёфтан, мефавтад”.

Як манбаъ, ки аз ҷараёни парванда огоҳ аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршавандаҳо ин иттиҳомотро комилан рад намуда, мегӯянд, донишҷӯ бемор будааст ва дар марги вай даст надоранд. Ӯ гуфт: “Мавқеи онҳо чунин аст, ки Ҳошимҷон Сафаров барои бемории менингит, яъне илтиҳоби мағзи сар ба беморхона интиқол ёфта, он ҷо фавтидааст”.

Волидони Ҳошимҷон Сафаров мегӯянд, писарашон ҳеҷ гуна бемории ҷиддӣ надошт, ки сабаби маргаш шавад. Падараш Абдураҳмон Сафаров гуфт: "Писарам нав ба мактаби ҳарбӣ дохил шуда буд, курси якум буд, барои дохил шудан аз чанд духтур мегузаранд, бемор набуд".

Ҳодиса моҳи августи соли 2018 баъди ба тамрингоҳи Лоҳур бурдани донишҷӯён ба вуқуъ пайвастааст. Ҳошимҷон Сафаров, рӯзи 16-уми августи соли 2018 вафот кардааст ва ҳоло мурофиаи додгоҳӣ идома дорад.

Ба гуфтаи вакили дифои хонавода, пас аз муроҷиатҳои батакрори волидони марҳум ба мақомоти гуногун дар Тоҷикистон, дар ниҳоят додситонӣ дар ин замина парванда боз кардааст.

Рӯзи 11-уми март мурофиаи парвандаи марги Ҳошимҷон дар Додгоҳи ҳарбии Душанбе додгоҳӣ баргузор гардид ва қарор аст, рӯзи сешанбеи оянда идома кунад.

Шиканҷа ва сӯистифода аз салоҳият

Адвокати Ҳошимҷон Сафаров мегӯяд, нисбати Рамазон Абдураҳимов ва ҳамроҳаш Ҷаҳонгир Давлатов, ки барои ҳамшарикӣ дар ҷиноят айбдор шудааст, бояд бо моддаи 143 прим 1, яъне шиканҷа парванда боз гардад, на баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, “зеро онҳо шиканҷаро раво дидаанд”.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест ва зиёд садо додааст. Ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", мегӯянд, дар панҷ соли гузашта аз наздикони сарбозону даъватшавандаҳо ба артиш 949 шикоят гирифтаанд. Волидон аз нақзи ҳуқуқ ва қонуншиканиҳо дар мавсими даъват ё қисмҳои ҳарбӣ шикоят кардаанд. Аммо бо вуҷуди талоши ҳомиёни ҳуқуқ, кам иттифоқ афтодааст, ки дар асоси ин шикоятҳо парванда оғоз ва масъулони қисми ҳарбӣ ва ё фармондеҳон ҷазо бигиранд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG