Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз як афсари милиса бо гумони шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров. ВИДЕО


Ҳасан Ёдгоров ва Дмитрий Каримов. Ёдгоров дар як навори телевизиони Тоҷикистон нақл мекунад, ки чӣ гуна Каримовро куштааст

Эраҷ Наимов, маъмури пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров ба ҳабс гирифтаанд. Ду муфаттиши собиқ низ бо айни иттиҳом дар боздоштанд. Ҳасан Ёдгоров, сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода, мегӯяд, бо айби Эраҷ Наимов ва ду ҳамроҳи дигараш 8 моҳ ҳамчун қотил дар боздошт буд. Вай иддао дорад, ки зери шиканҷа, аз ҷумла гузоштан ба барқ, ба айбномаи қатл ризоият додааст. Пайвандони муфаттишони собиқ ҳар гуна иттиҳомро рад мекунанд.

Эраҷ Наимови 27-сола бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт. Ӯро рӯзи 16-уми январ дар толори Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабс гирифтанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон тобистони соли гузашта ба муҳокимаи парвандаи шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоров шуруъ кард. Масъули баррасии парванда додрас Юсуф Салимзода ва намояндаи додситонӣ дар ин қазия Бахтиёр Маҳмудов ҳастанд.

Парвандаро ба Додситонии кул фиристоданд

Гулчеҳра Холматова
Гулчеҳра Холматова

Вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова мегӯяд, парвандаи шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоров баъд аз ним соли баррасӣ дар Додгоҳи олӣ ҳафтаи гузашта барои тафтиши пурра ба Додситонии кул пас фиристода шудааст. Вай рӯзи 17-уми январ гуфт: "Дар аввал нисбат ба чанд нафари дигар ҳам парванда оғоз шуда буд, вале ин чизҳоро ба назар нагирифтанд. Ба ҳамин хотир, парвандаро барои тафтиши дубора фиристоданд."

Ҳасан Ёдгоров аз моҳи ноябри соли 2017 то нимаи соли 2018 бо иттиҳоми куштори пешхидмати рус Дмитрий Каримов зиндонӣ буд. Дар наворе, ки моҳи декабри соли 2017 телевизиони Тоҷикистон пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд «ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт». Дар гузориш гуфта мешуд, Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов бо баҳонаи пайдо кардани манзил барои иҷора дари хонаи дувумиро кӯфтааст.

Каримовро кӣ кушт?

Ҳасан Ёдгоров замоне аз боздошт раҳо гашт, ки қотили асосӣ тасодуфан ошкор ва боздошт шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, қотили асосӣ сокини Турсунзода Леонид Малченков будааст, ки ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи Каримов дастгир шудааст.

Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода
Даромадгоҳи шаҳри Турсунзода

Ба гуфтаи тафтишот, Малченков телефони Дмитрий Каримовро ба як нафар мефурӯшад ва ин нафар чанд моҳ пас телефонро истифода мебарад ва дар пай нишонаҳои куштор ошкор мешавад. Малченков тирамоҳи соли 2018 ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот аввали соли гузашта Шералӣ Азизов, корманди милисаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров боздошт карданд. Ҳангоми таҳқиқ Саъдӣ Давлатмуродзода – корманди дигари милиса дар Турсунзода низ дастгир шуд. Баъдан дар ин қазия пойи Эраҷ Наимов, як корманди дигари милисаро кашиданд.

Ду нафари аввал аз рӯзи нахусти боздошт дар ҳабс қарор доранд. Ин се корманди собиқи милиса бар асоси моддаи 143-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “шиканҷа” гумонбаранд. Дар ҳолати исботи гуноҳ, ба онҳо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду тараф чӣ мегӯянд?

Пайвандони муттаҳамон ҳамагуна даст доштани онҳоро дар шиканҷа рад кардаанд. Аммо на онҳо ва на вакилони мудофеи муттаҳамон ҳозир нашуданд, ки ошкоро дар ин бора бо матбуот суҳбат кунанд.

Шарофат Нарзиқулова, модари Ҳасан Ёдгоров, рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муттаҳамон дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуноҳро ба сари якдигар бор кардаанд ва дар парванда печидагии зиёдеро ба вуҷуд овардаанд.

Нарзиқулова айни замон гуфт, вазъи саломати писараш баъди раҳоӣ аз боздошт чандон хуб нест ва пайваста табобат мегирад. Худи ​Ҳасан Ёдгоров дар мурофиаи аввали додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд: "Маро шиканҷа карданд. Чаҳор дафъа ба қувваи барқ монданд, тоқат накардам. Ба ҳамин сабаб гуфтам, ҳар чизе, ки шумо мегӯед, ман розӣ. Ин кор ду бор дар шаҳри Турсунзода ва як маротибаи дигар дар Душанбе шуд".

Вале он чи муттаҳамон дар ин бора дар мурофиаҳои гузашта баён кардаанд, ба матбуот маълум нест.

Шиканҷа дар Тоҷикистон. 246 шикоят ва тағйири қонун

Дар Тоҷикистон масъалаи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят барои эътироф як масъалаи доғ мемонад. Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа мегӯянд, дар панҷ соли охир ба онҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи мақомоти интизомӣ 246 муроҷиат расидааст.

Аз ҷумла, ба иттилои ин созмон, дар соли 2019 дар даҳ ҳолат сокинон аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби маъмурони Вазорати умури дохилӣ шикоят кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба дунболи интиқодҳои зиёд ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд. Бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ дар Маҷлиси Намояндагон дар рӯзи 16-уми октябри соли 2019, онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то кунун барои ин гуноҳ аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 5 ҳазор доллар) ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар карда буд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро ба худ меорад, вале мушкилро пурра ҳал намекунад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG