Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Раҳимзода: "Аз 36 амали террористӣ ҷилавгирӣ шуд"


Рамазон Раҳимзода,

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта аз 36 амали террористӣ ҷилавгирӣ шуд ва дар пайи хунсо кардани ин талошҳои тахрибкорона, 50 нафарро боздошт карданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 январ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт, ки ин гурӯҳҳо қасд доштанд алайҳи шахсиятҳои алоҳида бо роҳи террористӣ, сӯиқасд ташкил намоянд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин гурӯҳҳо қасд доштанд шахсиятҳои алоҳидаро террор кунанд.

Вазир гуфт, гурӯҳҳое, ки мехостанд дар хоки Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон афзуд, ки давоми соли гузашта 34 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ва 169 аъзои онҳо, боздошт шудаанд.

Тайи солҳои охир мақомот даҳҳо нафарро бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд. Аксари ин мурофиаҳо паси дарҳои баста гузаштанд ва матбуот баъди муддате аз баргузории онҳо хабар додаанд.

"Гурӯҳҳои террористӣ дар марз ҷамъ омадаанд"

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ором ҳаст, вале тибқи иттилои онҳо, гурӯҳҳои террористӣ дар сарҳад ҷамъ омадаанд. "Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти афғон фаъолияти ин гурӯҳҳоро зери назорат дорем, то аз убури онҳо ба хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунем",-гуфт вазир.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, шумораи тоҷикони узви гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон, мушаххас нест. Аммо ба тахмини ӯ, шумораи ҷангиёне, ки дар марз ҷамъ омадаанд, 2,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ҷаноби вазир дар посух ба ин суол, ки шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои тундрав дар Афғонистон чӣ миқдор аст, гуфт: "Намешавад ҳамаи онҳоро як-як ҳисоб кард, аммо ба тахмини ман, шумораи онҳо ба 10-15 ҳазор мерасад."

Аз ин қабл масъулони Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шумораи ҷангиёни мусаллаҳ дар шимоли Афғонистонро 1,5 ҳазор хонда ва гуфта буданд, ки ин гурӯҳҳо бештар дар минтақаҳои Кундуз, Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб ҷойгиранд.

20 номаи беҷавоби Туркия

Рамазон Раҳимзода дар мавриди ҳамла ба як клуби шабона дар Истанбул ва то куҷо даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҳодисаи террористӣ гуфт, ки бо ҷониби Туркия дар ин робита ҳамкорӣ доранд.

Дар ин ҳамла, ки шаби Соли нави рух дод беш аз 30 нафар кушта шуданд. Гумонбари аслӣ дар ин ҳодиса Абдулқодир Машарифов, шаҳрванди Узбакистон чанд рӯзи пеш боздошт шуд ва нерӯҳои амниятии турк дар робита ба ин ҳамла 27 тан аз атбои дигари Осиёи Миёнаро боздошт карданд, ки гуфта мешавад миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Як шаҳрванди Узбакистон гумонбари аслӣ ба клуби шабона дар Истанбул дониста мешавад.Чандин каси дигар дар робита ба ин ҳамла боздошт шудаанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Як шаҳрванди Узбакистон гумонбари аслӣ ба клуби шабона дар Истанбул дониста мешавад.Чандин каси дигар дар робита ба ин ҳамла боздошт шудаанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки онҳо дар робита ба афроди алоҳида, ки дар Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ алоқа доранд, 20 дафъа ба Туркия нома фиристоданд, вале то ба ҳол посухе дарёфт накардаанд. Ӯ афзуд, ки аз Туркия хостанд, то ҷинояткоронро ба Тоҷикистон истирдод намояд.

Рамазон Раҳимзода дар робита ба онҳое, ки дар хориҷ дархости паноҳандагӣ кардаанд, гуфт, ки ин афрод бо сабабҳои иқтисодӣ ба берун рафтаанд ва таҳти пайгарду фишор қарор надоранд ва "онҳо танҳо фишорро баҳона мекунанд, то барояшон паноҳандагӣ дода шавад". Вазир гуфт, ин афрод метавонанд ба ватан баргарданд ва касе бо онҳо кор надорад.

Коҳиши пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Тоҷиистон, сол аз сол шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳо тундрав коҳиш меёбад. Ӯ гуфт, ки соли 2015 88 нафар ва соли гузашта 22 нафар аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштанд. Рамазон Раҳимзода гуфт, ки сарнавишти хонаводаҳои тоҷик дар Сурия номаълум аст ва баргардонидани онҳо кори хеле мушкил мебошад, зеро "онҳо худашон сарнавишташонро интихоб кардаанд."

Мақомоти тоҷик кам шудани теъдоди пайравони тоҷики гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аксаран ба маъракаҳои густардаи зидди ДИИШ, ҳам аз тариқи радиову телевизион ва ҳам бо роҳи ташкили ҷаласаҳо дар маҳалҳо марбут мекунанд.

Ҷангиёни тоҷик дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ"
Ҷангиёни тоҷик дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ"

Мақомоти тоҷик то ба ҳол шумораи шаҳрвандони кишварро, ки ба сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, ҳудуди 1500 тахмин мезаданд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот донистанд

Мақомоти тоҷик пайвастани шаҳрвандони кишвар ба созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамзамон барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод карданд.

XS
SM
MD
LG