Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 50 амали террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст


Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як соли охир тақрибан аз талоши 50 амали террористӣ ҷилавгирӣ кардааст, ки ба гуфтаи мақомот аксари онро аъзои "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ намудаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ 26 май ба Озодӣ гуфт, пайравони ин гурӯҳи мамнӯъ қасд доштаанд идораҳои пулисро дар Душанбе, Исфара, Кӯлобу Восеъ, Шаҳритус ва Қӯрғонтеппа мунфаҷир карда, алайҳи шахсиятҳои алоҳида, аз ҷумла ходимони пулис ва раҳбарияти кишвар низ сӯиқасд анҷом диҳанд. Талошҳо барои пиёда кардани амалҳои террористӣ, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, замоне зиёд шуд, ки мақомот аз сафари даҳҳо пайрави гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба Сурияву Ироқ ҷилавгирӣ карда, наздикони онҳоро бозпурсӣ намуданд.

“Пас аз он ки роҳҳо баста шуд ва таблиғгарони ин гурӯҳ боздошт шуданд, онҳо аз Сурияву Ироқ пайравонашонро таблиғ мекарданд, то бо маводи худсохти тарканда амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Хушбахтона, бо шарофати ҳушёрии мақомот, нақшаҳои шуми онҳо барбод рафт,” - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран аз боздошти нафароне хабар дод, ки мехостанд, рӯзи 9 май ба сӯи таҷлилгарони ҷашни Рӯзи ғалаба тир холӣ кунанд.

Дар як соли охир мақомот даҳҳо нафарро бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардаанд. Аксари ин мурофиаҳо паси дарҳои баста гузаштанд ва матбуот баъди муддате аз баргузории онҳо хабар додаанд.

Вазорати дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар як соли охир шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳамоиш бо ДИИШ канораҷӯӣ карданд, аммо ҳоло низ садҳо нафар аз Тоҷикистон дар сафи ин гурӯҳ боқӣ мемонанд. Шумораи умумии онҳо беш аз 1000 нафар гуфта мешуд. Кам шудани теъдоди пайровони тоҷики гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро аксаран ба маъракаҳои густардаи зидди ДИИШ, ҳам аз тариқи радиову телевизион ва ҳам бо роҳи ташкили ҷаласаҳо дар маҳалҳо марбут мекунанд.

Маҳдии Собир, коршиноси масоили сиёсӣ, хунсо шудани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистонро ба боло рафтани касбияти сохторҳои қудратии Тоҷикистон рабт дод. Ӯ гуфт, “ба кори онҳо бояд баҳои воқеӣ диҳем. Агар ин ҳамлаҳои террористие, ки дар нақша буданд, худое накарда амалӣ мешуданд, ҳоло ҳаёти даҳҳо нафар сӯхта буд ва номи Тоҷикистон ҳам ҳамчун як кишвари ноамн муаррифӣ мешуд”.

Аммо Саъдӣ Намозов, як таҳлигари дигар, мегӯяд, зоҳиран он амалҳое, ки мақомот террористӣ унвон мекунанд, аз ҷониби раҳбарияти болоии созмонҳои ифротӣ тарҳрезӣ нашуда буданд. Ӯ мегӯяд, гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бештар алоқаманди созмондиҳии ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ буд, ки тавонист бархе аз онҳоро дар Фаронса ва Брюссел амалӣ намояд.

Ӯ гуфт, “аз бардоштҳое, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва изҳороти ВКД гирифтам, аксари ин амалҳоро афроди алоҳидаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” мехостанд анҷом диҳанд. Масалан, як нафар бо номи Абу Саид, ки ду нафарро барои бурдан ба Сурия таблиғ мекард ва вақте натавонист ин корро анҷом диҳад, онҳоро супориш додааст, то бинои яке аз ШКД-ҳоро битарконанд. Ин як узви одии ДИИШ буд. Манзурам ин аст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба ҷуз аз ҷалби ҷавонон дигар ҳеч ҳадаф дар Тоҷикистон надошт”.

Бар асоси иттилои мақомот, дар дохили Тоҷикистон дар як соли ахир беш аз 600 ҷинояти хусусияти террористидошта сабт шуда, наздик ба ҳазор нафар бо гумони қасди содир кардани чунин ҷиноятҳо боздошт шудаанд. Боздоштшудаҳои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар нафарон, ки пайрави гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дониста мешаванд, шомили ин рӯйхат ҳастанд.

XS
SM
MD
LG