Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 12 "террорист" аз Осиёи Марказӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – мегӯяд, 12 зодаи Осиёи Марказӣ, бо шумули шаҳрвандони Тоҷикистон ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Маскав омодагӣ мегирифтанд.

ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Маскав 12 зодаи Осиёи Марказиро бо гумони омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои таҷлили иди Ғалаба дастгир кардааст. Дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон будаанд.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ин афрод узви созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Маскав аз раҳбарони гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Туркия фармон, пул ва ҳатто силоҳ гирифтаанд.

Исми боздоштшудаҳо дар иттилоияи расмии ФСБ оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, ки яке аз онҳо ҳанӯз рӯзи 2 май дар манзили иҷорааш дар канори шоҳроҳи Шёлковское ва бақия рӯзи 3 май аз як манзили дигар дар кӯчаи Новоясеновское дар минтақаи Ясеневои пойтахти Русия дастгир шудаанд. Ҳангоми боздошт аз манзилҳои ин гумонбарон автоматҳо, туфангчаҳо ва маводи таркандаи худсохт ёфт ва мусодира шудааст.

Додгоҳи минтақаи Преображенскийи шаҳри Маскав рӯзи 4 май ҳукми 2 моҳ ҳабси нафари аввали дар шоҳроҳи Шёлковское боздоштшударо содир кардааст. Гуфта мешавад, ин нафар ба маъмурони ФСБ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, алайҳи онҳо аз автомати Калашников тир кушодааст. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ин нафар аз пояш чор тир хӯрдааст.

Боздошти 12 зодаи Осиёи Марказӣ барои омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим

Нашрияи “Московский комсомолец”-и чопи Маскав аз ин нафар ҳамчун раҳбари гурӯҳи “террористҳо” ном бурда, навиштааст, ки ӯ Ойбек Саидов ном дошта, зодаи Қирғизистон аст. Ба гуфтаи манобеи ин нашрия дар мақомоти интизомӣ, Ойбек Саидов зану чор фарзандашро дар Тоҷикистон гузошта, ба Маскав барои коркунӣ омадааст. Вале ӯ дар инҷо тавассути шабакаи “Одноклассники” бо гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар Сурия робита барқарор кардааст.

Саидов баъди боздошт қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ доштани ӯву шариконашро эътироф карда, гуфтааст, омода ҳаст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Ӯ гуфтааст, миллаташ узбак аст ва эҳтиёҷи рӯзгор, яъне бепулӣ маҷбураш кард, ки бо ҷангҷӯён дар Сурия тамос бигирад.

Дар ҳамин ҳол, манбаи хабаргузории “РИА Новости” гуфтааст, ки Ойбек Саидов барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аз фармондеҳонаш дар Сурияву Туркия пул ва ду автомати Калашников дарёфт карда, бо ин пул қарзҳои ҷамъшудаашро пас додааст. Ду автоматро барои Ойбек Саидов дар як қуттии партов гузоштаанд ва тавассути Интернет нишонии ин қуттиро ба ӯ фиристодаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, вақте Ойбек Саидов аз автомат алайҳи маъмурони ФСБ оташ кушод, силоҳи ӯ дар дасташ аз тасодуф таркидааст. Гуфта мешавад, ӯ дар Шёлковское шоссе хонаи як корманди пулисро иҷора гирифта буд.

Дар поёни моҳи март низ дар шаҳри Маскав ҳудуди 20 нафар бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дастгир шуданд.

Яке аз "террорист"-ҳои дастгиршуда дар Екатеринбург
Яке аз "террорист"-ҳои дастгиршуда дар Екатеринбург

Ҳамин тавр, дар моҳи феврал дар шаҳри Екатеринбурги Русия 7 нафар, бо шумули 5 шаҳрванди Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи маъмурони ФСБ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ки ин афрод узви созмони тундрави “Давлати исломӣ” буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва вилояти Свердловск тайёрӣ медиданд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки боздошти ин ҳафтгона бар пояи маълумоти мақомоти амниятии Тоҷикистон муяссар шудааст.

Гуфта мешуд, ки азбаски “террористҳо”-и ҷамъшуда дар Екатеринбург барои анҷоми чунин ҳамлаҳо тамриндида набуданд ва барои мисол, дар сохтани бомб мушкилӣ мекашиданд, раҳбарони онҳо аз тариқи Туркия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки собиқаи ҷанг дар Сурияро доштааст, ба кумаки ин гурӯҳ фиристодаанд. Вале ин бомбсоз дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дастгир шуда, нақшаи омодагиашон ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Маскаву Петербург ва вилояти Свердловскро ошкор кардааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 8 апрел дар Волгоград ду нафаре дастгир шуд, ки ба гуфтаи ФСБ, низ аз тарафдорони “Давлати исломӣ” буда, ба анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳр омодагӣ мегирифтанд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки ду сол пеш қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном «хилофат» кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр ном баровардааст.

Фаъолияти «Давлати исломӣ» дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG