Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шеваи мубориза бо ифротгароӣ модерн нест". ВИДЕО


Бархе аз коршиносони Осиёи Марказӣ дар ҳамоише дар Душанбе ифротгароии ҷавононро таҳдиди аслӣ ба амнияти минтақа дониста, муваффақ нашудани ҳукуматҳо дар роҳи ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷавононро - ба ҳирфаӣ набудани сохторҳои интизомӣ марбут донистанд. Ин ҳамоиш рӯзи душанбеи 8 август аз ҷониби Бунёди олмонии ба номи Конрад Аденауэр ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон баргузор шуд.

Оқбутта Ҷулдусбекова, устоди Донишгоҳи Авруосиёӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар ин ҳамоиш омилҳои аслии гароиши ҷавонон дар кишварҳои минтақа ба гурӯҳҳои ифротгароро “ба ҳам монанд” донист. Вай гуфт, аз оғоз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳдидҳои ифротишавии ҷавононро ҷиддӣ нагирифтанд ва ин боис ба фаъолтар шудани ифротиён гардид. Ба қавли Ҷулдусбекова, ҷавонони се кишвар - Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқситон, ки ба ДИИШ пайвастанд, аксаран таҳсилкардаи донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ҳастанд.

Ҳисоб шудааст, ки аз қаламрави Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ на камтар аз 10 ҳазор нафар меҷанганд. Коршиносон мегӯянд, масъалаи дигар - дастрасӣ ва истифодаи гурӯҳҳои ифротӣ аз фанновариҳои навину Интернет дар пахшу таблиғи ақидаҳояшон мебошад, жар ҳоле, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи одаткарда ба методҳои қадимаи кор мебояд роҳҳои муосири муқобила бо ин таҳдидҳоро ба кор баранд. Оқбутта Ҷулдусбекова гуфт, “танҳо дар панҷ соли охир дар Қазоқистон 200 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Шореҳон:"Мубориза бо ифротишавии ҷавонон натиҷаи дилхоҳ надодааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Ҳамчунин 180 тани дигар барои ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт шудаанд, ки аксаран аз 20 то 29 солаанд. Таҳлилҳо нишон додааст, ки онҳо мехостанд ҳамлаҳои террористиро дар дохили кишвар анҷом диҳанд”. Аммо Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бо он ки мақомоти интизомӣ ҳамеша аз дастовардҳои худ дар амни пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон ҳарф мезананд, ҳанӯз ҳам ин раванд коҳиш наёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, агар яке аз омилҳо, фаъолияти ғайриҳирфавии мақомот бошад, аз сӯи дигар, ҳоло дар кишвар стратегияи мушаххасе барои ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷавонон вуҷуд надорад.

Ҳодизода гуфт, “мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон роҳи ягона - боздошту зиндонӣ кардани ҷавонони ифротӣ аст, ки худ ба худ роҳи ҳал буда наметавонад”. Ин андеша ҳам садо дод, ки баъзе ҷавонон натанҳо аз ноогоҳиву бехабарӣ аз дин, балки ба нишони эътироз аз вазъи ногувори иҷтимоиву сиёсӣ ва дидаву дониста худро ба сафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ мезананд. Онҳо, ба қавли коршиносон, барномаи тағйири низому ислоҳи вазъро шиори худ қарор доданд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик низ бар ин назар аст, ки мақомот дар Тоҷикистон аз шеваи нодурусти мубориза бо ифротгароӣ кор мегиранд. Барои мисол, ба гуфтаи Қодиров соли гузашта кормандони интизомӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон маъракаи тарошидани риши мардон ва барчидани сатри занонро ба роҳ монданд, ки ин ҳеҷ гоҳ пешгирӣ аз ифротӣ шудан нест. Вай гуфт, ки раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар соли 2015, 12 ҳазор мардро барои ришашон ва ҳамчунин 1800 занро барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Тоҷикистон, яке дигар ширкатдори ин ҳамоиш гуфт, дар мисоли кишварҳои аврупоӣ дидан мумкин аст, ки масъалаи мубориза бо ифротгароӣ танҳо аз роҳи зиндонӣ кардани гумонбарон ҳал намешавад. Вай гуфт, дар Олмон,ҳоло 3 миллион мусалмон зиндагӣ доранд. Теъдоди салафиҳо бошад ба 10 ҳазор баробар аст. Аммо дар ин кишвар барои экстремизм ҷавобгарӣ ва ҷазо пешбинӣ нашудааст, танҳо барои амалҳои террористӣ ҷазо татбиқ мешавад.

Ин баҳсу нигарониҳо дар ҳолест, ки ду моҳи қабл мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ба зудӣ стратегияи нави миллии мубориза бо терроризму ифротгароиро барои солҳои 2016-2020 қабул мекунанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита ба терроризму ифротгароӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон, ҷилавгирӣ аз истифодаи Интернет бо ҳадафҳои ифротигароӣ, пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва роҳ надодан ба андешаҳои терроризму ифротгароёна миёни занон”.

Дар ҳамоиши рӯзи душанбе, ки қарор буд нақши вазорати умури дохила дар ҷилавгирӣ аз ақидаҳои ифротгаро дар миёни ҷавонон шунида мешуд, нафаре ҳам ба намояндагӣ аз ин ниҳод ҳузур надошт. Ҳарчанд дар феҳристи гузоришгарони барномаи ҳамоиш, исми Мансур Бухоризода, масъули равобити байналмилалии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишта шуда буд.

Зимнан, тибқи иттилои мақомот беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат мекунанд. Тайи солҳои ахир садҳо нафар бо гуноҳи ифротгароӣ ва ё узвият дар созмонҳои тундраву террористӣ ба зиндон маҳкум шудаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар ин миён онҳое ҳам ҳастанд, ки барои эътиқод пушти панҷара рафтаанд. Шӯрои амнияти Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар кишвар бо қарори додгоҳи Олӣ фаъолияти 17 ҳизбу созмонҳои ифротӣ манъ шудааст. Танҳо дар як соли охир наздик ба ҳазор нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ ва ҳамандешӣ бо ифротгароҳҳо боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG