Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми се сокини Хуҷанд ба ҷурми пайравӣ аз “Салафия”


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се сокини маркази вилояти Суғдро ба ҷурми мутолиаи адабиёти ба гуфтаи онҳо марбут ба “Салафия” ва таблиғи ақидаҳои ин ҷараёни тозапайдо маҳкум ба зиндон кардааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се сокини маркази вилояти Суғдро ба ҷурми пайравӣ аз ҷараёни мазҳабии мамнӯи “Салафия” ба зиндон маҳкум кардааст. Манобеи Озодӣ дар додгоҳи Хуҷанд рӯзи 25 март гуфтанд, ки ин афрод Усмонхоҷа Қосимов, Шӯҳрат Машарипов ва Хайрулло Ҳусейнов буда, аввалӣ ба 4.5 ва дуи боқимонда 3 солу 3-моҳӣ ҳукм гирифтаанд.

Ба қавли манобеъ, ин афрод адабиёти марбут ба ҷараёни “Салафия”, мисли “Тавҳид” ва “Ақидаи Таҳовӣ”-ро мутолиа карда, “ақидаҳои ин ҷараёнро байни сокинон тарғибу ташвиқ мекардаанд”. Ба иттилои ин манобеъ, “онҳо аз 35 то 45-сола буда, бо дуредгариву косибӣ рӯзгори худро пеш мебурданд. Онҳоро моҳи ноябри соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карданд.”

Додгоҳ мегӯяд, аз он ки ин афрод ба ҷуз мутолиаву таълими адабиёт ва тарғиби ақидаҳои “Салафия” дигар ба амалҳои берун аз доираи қонун даст назада буданд, додгоҳ нисбат ба онҳо ҳукмҳои нисбатан сабуктар содир кардааст. Вале вакилони дифои онҳо ба ҳабс маҳкум шудани зерҳимояҳояшонро ғайриодилона донистанд.

Таҳмина Раҳимова, вакили дифои Хайрулло Ҳусейнов, рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бо дархости зерҳимояаш барои бозбинии парванда ба додгоҳи вилояти Суғд шикояти кассатсионӣ бурдаанд: “Пайрави ҷараёни “Салафия” будани зерҳимояи ман дар мурофиаи додгоҳӣ тасдиқ нашуд. Додгоҳ вайро танҳо бо баёноти ду судшавандаи дигар ба ҳабс қарор кард. Ҳусейнов 5 вақт намоз мехонад ва фақат як бор ҳамроҳи он ду нафари дигари ҳамроҳаш ҳабсшуда дар маҳфили “ош” ҳамроҳ будааст. Барои ҳамин, додгоҳ ӯро ҳам гунаҳкор намуд, ки мо розӣ нестем.”

Тайи як моҳи охир ин бори дуюм аст, ки гурӯҳи сокинони Суғд бо ҷурми пайравӣ аз ҷараёни “Салафия” бо қарори додгоҳ зиндонӣ шуданд. Охири моҳи феврал бо қарори додгоҳи Хуҷанд 11 нафари дигар аз сокинони Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ин ҷурм паси панҷара рафтанд.

Фаъолияти равияи “Салафия” дар соли 2009 дар Тоҷикистон манъ шуда, дар соли 2014 Додгоҳи олӣ ин гурӯҳро “террористӣ” эълон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран эълон дошт, ки беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ба қавли мақомоти ҳукумат ва ходимони дин, пайравони ин ҷараён ба амнияти кишвар хатар эҷод карда ва боздошти онҳо ба хотири пешгирӣ аз ноамнӣ роҳандозӣ шудааст.

Абдуҷамол Ҳомидов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Сурх” дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки пайравони “Салафия” дар ҷомеа мухолифат ва ноамнӣ эҷод мекунанд: “Мо аксари кулли мардуми мусалмони Тоҷикистон 1300 сол боз пайрави мазҳаби Ҳанафия ҳастем ва мардум ба ин мазҳаб эътиқод ва ихлоси баланд доранд. Вақте онҳо (пайравони “Салафия”) бо ақидаи мардум бозӣ мекунанд ва нештар мезананд, ин албатта, ба оромиву амният дар ҷомеа хатари ҷиддӣ меорад.”

Дастгир намудани пайравони ин равия дар Тоҷикистон умдатан аз соли гузаштаи 2015 ва дар вилояти Суғд оғоз шуда, ҳоло авҷи он дар минтақаҳои дигари кишвар низ ба назар мерасад. Бар пояи иттилои раёсати корҳои дохилии Суғд, соли гузашта 36 сокини ин минтақа ба гумони мансубият ба “Салафия” ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Моҳе қабл мақомот раҳбари худхондаи ин гурӯҳ - Муҳаммадии Раҳматуллоҳро низ дар Душанбе боздошт карданд, ки ҳанӯз соли 2008 эътироф карда буд пешвои гурӯҳи "Салафия" аст. Ҳамин тавр, дар ҳудуди як моҳи охир 45 сокини вилояти Хатлон низ бо гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG