Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама чашмҳо ба сӯи Роғун. Чархаи аввалинро 5 рӯз баъд ба кор меандозанд


Баъд аз солҳои тӯлонӣ ва баъд аз ҷанҷолу кашмакашҳо то дар сатҳи байналмилалӣ, Тоҷикистон 5 рӯз баъд нахустин чархаи нерӯгоҳи “Роғун”- бузургтарин иншооти кишварро ба кор меандозад.

Қарор аст, рӯзи 16-уми ноябр ҳукумати Тоҷикистон бо баргузории як маросими бошукӯҳ ин чархаи азимро ба кор андозад. Чархае, ки дар замони шӯравӣ ба Тоҷикистон овардаанд ва бо вуҷуди ҷанги дохилӣ онро беосеб ҳифз кардаанд.

Ҳоло бисёре аз мақомот барои омода кардани маросими шуруи баҳрабардории неругоҳ сафарбар шудаанд ва бештар аз як моҳ аст, ки ҳазорон нафар бо шумули сохтмончиёну донишҷӯён ва сокинони атрофи неругоҳ пешвози меҳмонони баландпоя дар нерӯгоҳро тамрин мекунанд.

Бино ба гузоришҳо, ба маросим Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон даъват шудааст. Кишваре, ки дар аҳди раиси ҷумҳури пешини он Ислом Каримов, масъалаи Роғун то ба минбари Созмони Милал кашида шуд ва робитаҳои ду тараф ба ҳадде сард шуд, ки Узбекистон роҳҳои транзитӣ ба самти Тоҷикистонро баст.

Соати рамзии "Роғун"
Соати рамзии "Роғун"

Интизор меравад, садҳо хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ дар маросими ифтитоҳ ширкат кунанд. Мақомот мегӯянд, як ҳафта аст, ки чархаи нерӯгоҳ ба сурати озмоиши фаъол аст ва ақрабаки соат ҳам ҳар замон ба лаҳзаи ба кор андохтани чархаи аввал наздик мешавад.

Эмомалӣ Саидов яке аз кормандони нирӯгоҳ, ки рӯзи 9-уми ноябр бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, дар “Роғун” 19 ҳазор коргар аз ҳар гӯшаву канори кишвар кор мекунанд.

“Ин як иншооти оддӣ нест ва Тоҷикистонро дар Осиёи Миёна муаррифӣ мекунад. Ҳоло аксар коргарони ин ниругоҳ танҳо як умед доранд, Роғун ба кор медарояд ва мо ба орзуи худ мерасем” - мегӯяд, ӯ.

Орзуе, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлол дорад, яъне таъмини комили кишвар бо неруи барқ аст. Чархаи нахустини нирӯгоҳ 16-уми ноябр ва дар санаи таҷлил аз рӯзи президент ба кор шуруъ мекунад.

Ҳама чашмҳо ба сӯи Роғун

Нирӯгоҳи Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар номидааст, аз 6 чарха иборат аст. Дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Бисёриҳо мегуфтанд, шояд ин ниругоҳ сохта нашавад ва саҳмияҳо ҳим лозим нестанд

Фахриддини Муҳамадюсуф, хабарнигори тоҷик, ки барои инъикоси ин мавзуъ аз ҷои сохтмон гузоришҳо таҳия мекунад, мегӯяд, ба истифода додани неругоҳе, ки солҳо боз мардум дар орзуяш ҳастанд, дар воқеъ ид аст.

“Медонед, вақте барои суҳбат назди ҳар коргар меравед хушҳол аст ва мехоҳад, ҳарчӣ бештар аз дигарон корашро анҷом диҳад. Воқеан мардум мехоҳанд ин ниругоҳ зудтар ба кор дарояд” -афзуд ӯ.

Мақомоти тоҷик ҳадафи аслии бунёди НОБ “Роғун”-ро расидан ба стратегияи табдил додани Тоҷикистон аз як давлати кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ унвон мекунанд.

rogun ges tadjikistan
rogun ges tadjikistan

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳануз аз замони шуравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Сохтмоне, ки ба ҷанҷол ҳамроҳ буд

Кишварҳои поёноб мегуфтанд, ки дар сурати бастани маҷрои Вахш барои кишту кор оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, оби обанбори Роғун ба тадриҷ ва дар муддати беш аз як даҳсола ҷамъ мешавад ва ҳеч яке аз кишварҳои поёноб аз об танқисӣ нахоҳанд кашид, зеро маҷро бетағйир мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Сарбанди НБО-и «Роғун», ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Аз мӯҳтоҷ ба нерӯи барқ, то ба фурӯшандаи минтақавӣ

Ба гуфтаи таҳлилгарон бунёди ин неругоҳ имкон хоҳад дод Тоҷикистон ба калонтарин бозори неруи барқи Осиёи Марказӣ табдил ёфта, содироти неруи барқи арзону тозаро ба ҳамсоякишвар ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монад.

Сӯҳроб Оймаҳмадов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, “баъди ба кор даромадани неругоҳ таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар, ҳам ки содиркунандаи барқ дониста мешавад бештар мегардад. Ва вақте Тоҷикистон аз ин роҳ маблағ ба даст меорад метавонад, мушкилиҳои дигарро дар кишвар ҳал кунад”.

Мувофиқи лоиҳа, ғунҷоиши обанбори неругоҳ 13,3 километри мукааб обро ташкил дода, бунёди он воридшавии гилу такшинҳоро ба обанбори НБО-и «Норак» қатъ ва муҳлати истифодабарии «Норак»-ро зиёдтар мекунад.

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода таҳлилгари тоҷик мегӯяд агар ба кор андохтани НБО Роғун Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ҳамчунин ин ниругоҳ метавонад вазъи иҷтимоии сокинонро ҳам беҳтар кунад. “Вақте НБО Роғун ба кор медарояд ва фаъолияти корхонаву тавлидгоҳҳо беҳтару бештар мешавад ки аввалан болои мардуми оддӣ таъсири мусбии худро хоҳад гузошт”.

Ба кор даромадани чархаи аввал дар дили афроде ҳам, ки чанд соли пеш саҳмияҳои Роғунро харидорӣ карда буданд, умедеро зинда кардааст.

Сармоягузорӣ бо мушкилот ва кӯмаки мардум

Набиуллоҳ яке аз садҳо саҳмиядорони хурди ниругоҳ аст. Замони донишҷӯӣ чанде аз ин варақаҳои қимматбаҳоро харид ва бо вуҷуди он, ки бархе аз дӯстонаш дигар бо гузашти солҳо ноумед шудаву саҳмияҳоро беэътибор медонистанд то ҳанӯз бо худ нигоҳ доштааст.

“Бисёриҳо мегуфтанд, шояд ин ниругоҳ сохта нашавад ва саҳмияҳо ҳим лозим нестанд. Аммо хабари ба кор шуруъ кардани агрегати якум мардумро умедвор кард, ки беҳуда ин саҳмияҳо нахирад будаанд” - мегӯяд, ӯ.

Давлати Тоҷикистон дар гузашта барои нерӯгоҳи Роғун маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Сохтмоне, ки чандин нафарро қурбон кардааст

Соли 2013 вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони Роғун аст.

Бунёди нирӯгоҳи Роғун, ки метавонад дар дурнамо Тоҷикистонро аз назари таъмини нирӯи барқ худкифо ва мустақил гардонад, яке аз ҳадафҳои калидии ҳукумат ба шумор меравад.

Сохтмони неругоҳи Роғун бо мушкилот низ ҳамроҳ буд. Дар ин сохтмон даҳҳо маротиба садама ва дигар ҳодисаҳои нохуш рух додааст. Худи мақомот гуфтаанд, ки дар ин сохтмон танҳо дар соли 2017 2 нафар ҳалок шудаанд, чанде пеш дар як садама 4 нафар ҷон бохтанд.

Созмонҳои байналмилалии молӣ ҳам гуфтаанд, ки Тоҷикистон, ки кишвари сарватманд нест, мумкин аст, дар баргардонидани қарзҳои хориҷӣ, ки барои Роғун гирифтааст, ба мушкил рӯ ба рӯ шавад.

Шарҳҳоро бинед (29)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG