Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги об дар Осиёи Марказӣ: кишварҳои поёноб алайҳи болооб?


Дар конференсияи байналмилалии Милан оид ба масоили об дар Осиёи Марказӣ як масъули давлати Ӯзбакистон ба бунёди неругоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон шадидан мухолифат кардааст.

Дар конференсияи байналмилалӣ оид ба масоили об дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Милани Италия як масъули давлати Ӯзбакистон дар мавриди бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон шадидан мухолифат кардааст.

Конференсияи мавсум ба “Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи сешанбеи 13 октябрдар шаҳри Милан анҷом шуд, намояндагони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш раванди иҷрои тарҳҳои Иттиҳодияи Аврупо дар бахшҳои ҳифзи муҳити зист ва идораи манобеъи об дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Бахтиёр Абдусамадов, раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ӯзбакистон дар сӯҳбат бо хабаргузории “REGNUM ”-и Русия мавзӯъи тақсими ғайримунсифонаи манобеъи оби минтақаи Осиёи Марказиро матраҳ кардааст.

Ҷаноби Абдусамадов гуфтааст: “Тоҷикистону Қирғизистон ба истифодаи манобеъи об барои истеҳсоли неруи барқ алоқаманд ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои поёноби Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ба зарурати истифодаи манобеъи об барои обёрӣ таъкид доранд”.

Бино ба иттилои расонаҳои Ӯзбакистон, дар дидори Ислом Каримов ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, руасои ҷумҳури Ӯзбакистон ва Туркманистон дар шаҳри Тошканд дар ҳафтаи гузашта таъкид шудаст, ки масоили обу энергетикаи Осиёи Марказӣ бояд дар пояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шаванд.

Зимнан, мақомоти Ӯзбакистон ба такрор дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ба тарҳҳои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон шадидан мухолифат кардаанд.

Ба иддаои Тошканд, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои Қамбар Отаи Қирғизистон ва Роғуни Тоҷикистон кишварҳои поёноб ба камбуди об барои обёрӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ба эътиқоди мақомоти Ӯзбакистон, ин амр метавонад вазъияти баҳри Аралро бадтар карда ва хатари рахнашавии сарбандҳои обанборҳоро ба миён орад.

Ислом Каримов дар ҷараёни дидораш аз Остона, пойтахти Қазоқистон дар рӯзи 7 сентябри соли ҷорӣ гуфта буд,“имкон дорад масоили обу энергетикаи Осиёи Марказӣ ончунон печида шавад, ки ин вазъият на танҳо боиси мухолифатҳо, балки ба ҷанг мунҷар шавад”.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Ӯзбакистон низ дар ҷаласаи 68-уми Маҷмааи Умумии СММ дар шаҳри Ню Йорк дар авохири моҳи гузашта таъкид дошт, “нақшаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи бунёди неругоҳҳои бузург бо сарбандҳои азим, аз ҷумла, неругоҳи Роғуни Тоҷикистон бо сарбанди 350 метр дар саргаҳи Амударё ва неругоҳи Қамбат Отаи Қирғизистон бо сарбанди 275 метр дар Сирдарё моро нигарон сохтааст”.

Тоҷикистон зарурати бунёди неругоҳи барқи обиро ба камбуди шадиди неруи барқ дар фасли сармо дар ин кишвар марбут хонда ва мегӯяд, ки аз тариқи сохтмони неругоҳи Роғун ин мушкил ҳал хоҳад шуд. Ин тарҳ ба вазъи экологӣ таъсире нахоҳад гузошт.

Ҷониби Қирғизистон низ гуфтааст, ки дар пайи бунёди неругоҳи Қамбар Ота-1 сатҳи об дар дарёи Нарин коҳиш наёфта ва ба раванди обёрӣ дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ асаре нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG