Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо ва Непал дар муқобили Тоҷикистон


Тими миллии Тоҷикистон.
Тими миллии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тухтаев барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1-ум то 12-уми октябр дар шаҳри Даккаи Бангладеш баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз мунтахаби Тоҷикистон тимҳои миллии Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок мекунанд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи «А» Тоҷикистон, Фаластин, Непал ва ба гурӯҳи «В» Филиппин, Бангладеш ва Лаос дохиланд.

Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду даста ба нимфинал мебароянд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ сурат мегиранд, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мегардад.

Бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар се варзишгоҳ доир мегардад. Бозиҳои сабқати гурӯҳӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт» дар Силҳет, бозиҳои ниманиҳоӣ дар шаҳри Кокс-Бозор, бозии ниҳоӣ бошад, дар Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка баргузор мешаванд.

Ҳаким Фузайлов пештар аз мақоми мураббии тим истеъфо дод
Ҳаким Фузайлов пештар аз мақоми мураббии тим истеъфо дод

Ёдовар мешавем, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол баъди бохт дар шаҳри Манила дар бозии даври охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа аз мухлисони даста узрхоҳӣ намуда, аз вазифааш истеъфо дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Тухтаев муваққатан вазифаи сармураббии тими мунтахаби миллии кишварро ба зимма дорад. Даста бо раҳбарии ӯ имрӯз, 26-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе омодагиро ба мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1-ум то 12-уми октябр дар шаҳри Даккаи Бангладеш барпо мегардад, шуруъ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар – 2 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудааст. Бинобар ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 дар Индонезия, Тухтаев ба тими миллӣ бозигарони дастаи ҷавононро даъват накардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи шанбе, 29-уми сентябр, ба Дакка меравад. Дар мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаи Непал (2-юми октябр) ва мунтахаби Фаластин (4-уми октябр) рақобат мекунад. Дар мавриди ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони тоҷик бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» ( Филиппин, Бангладеш ва Лаос) вориди рақобат мешаванд.

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Даврозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев;

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳарчор – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарсе – ССКА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

И.в. сармураббӣ – Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи«В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1 октябр (душанбе)

17:30 – Бангладеш – Лаос. Варзишгоҳин «Силҳет Дистрикт», Силҳет

2 октябр (сешанбе)

17:30 – Непал – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 2-юм

3 октябр (чршанбе)

17:30 – Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

4 октябр (панҷшанбе)

17:30 – Тоҷикистон – Фаластин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Даври 3-юм

5 октябр (ҷумъа)

17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

6 октябр (шанбе)

17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт», Силҳет

Нимфинал

9 октябр (сешанбе)

13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

10 октябр (чоршанбе)

13:30 – ҷойи 1-уми гурӯҳи «В» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи «Кокс-Бозор», Кокс-Бозор

Финал

12 октябр (ҷумъа)

17:30 – Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка

Эзоҳ: замони оғози бозиҳоба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG