Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: "Истиқлол" аввалин шуда ба нимфинал баромад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол бар тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Локомотив-Помир» ва “Истиқлол” 8-уми сентябр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе барпо гардид. Ду голи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев ба ҳадаф расонд. Ҷаҳонгир Абдумуъминов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Сиёвуш Асроров ва Комрон Турсунов якголӣ заданд.

Бозии аввали чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни ин ду даста ба нафъи “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти чорякниҳоӣ «Душанбе-83» (Дшанбе) – «Файзканд» (Восеъ) рақобат мекунад.

Ҷоми Тоҷикистон

1/4 финал. Бозии ҷавобӣ

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:6

Голҳо: Ҷаҳонгир Абдумуъминов, 19 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 28 (0:2). Сиёвуш Асроров, 49 (0:3). Комрон Турсунов, 62 (0:4). Дилшод Восиев, 69 (0:5). Дилшод Восиев, 90 (0:6).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), 34 – дарвозабон баргардонд.

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Самандар Каримов (Комрон Иброҳимов, 53), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов, Ҷонибек Шарипов, Меҳроб Азимов, Шарифбек Раҳматов (Умедҷон Холиқов, 46), Эмомалӣ Аҳмадхон (Ҳамза Аҳтамов, 61), Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов, Ислом Зоиров, Рустам Соиров (Шамсиддин Қодиров, 70).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (Амир Неъматов, 74), Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Сулаймонов, Ҷаҳонгир Абдумуъминов, Нозим Бобоҷонов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев (Артём Барановский, 43), Дилшод Восиев.

Огоҳӣ гирифтанд: Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари дидор: Комрон Турсунов («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

8 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 300 тамошобин.

Бозии аввал – 3:4.

10 сентябр (душанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Бозии аввал – 1:0.

16 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 16:00

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Бозии аввал – 2:0.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, доир хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Соли гузашта дастаи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 2-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов дар дақиқаи 41-ум ва Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 56-ум ба самар расонданд.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

XS
SM
MD
LG