Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футбол шиддат мегирад


Даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 14-уми сентябр бо ду бозӣ хотима ёфт.

«Хатлон» дар майдони худ - варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар - «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд.

ССКА «Помир»и Душанбе бозии хонагиашро дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ муқобили «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ба голи Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 36-ум бозигари меҳмонон Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 73-юм посух дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси дуҳафтаина 13-уми сентябр бо ду бозии даври шонздаҳум идома ёфт.

Пешсафони ҷадвали мусобиқа - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол» -и Душанбе - дар майдони худ пирӯзӣ ба даст оварданд. Хуҷандиҳо бар тими «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд. Голҳоро Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшодҷон Каримов ба ҳадаф расонданд.

«Истиқлол» бошад, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ду голи Шериддин Бобоев ба душанбегиҳо пирӯзӣ овард.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври шонздаҳум дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» бо 39-имтиёзӣ пешсафанд. «Кӯктош» бо 24 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Ҳамин тариқ, мубориза барои медалҳои тилло миёни ду дастаи пешсаф – “Хуҷанд” ва “Истиқлол” – дар бозиҳои боқимондаи давраи сеюми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон торафт шиддат мегирад.

Барои медалҳои биринҷӣ чор даста – “Кӯктош”, “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” ва “Хатлон” – мубориза мебаранд. Бошгоҳи нави лигаи олӣ - “Кӯктош”, ки нисбат ба рақибонаш 5-6 имтиёз бештар гирифтааст, барои дарёфти мақоми сеюм шонси хубтар дорад.

Бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 18-20-уми сентябр баргузор мешаванд: «Кӯктош» – «Истиқлол» (18 сентябр), «Панҷшер» – «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» (19 сентябр) ва «Барқчӣ» – ССКА «Помир» (20 сентябр).

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 6 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45+1 (2:0). Дилшодҷон Каримов, 86 (3:0).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Шериддин Бобоев, 42 (1:0). Шериддин Бобоев, 49 (2:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Саидамири Саидаҳмад («Регар-ТадАЗ»), 89 – барои бо пой задани ҳарифаш.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

«Хатлон» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Умарҷон Шарифов, 69.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

14 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1500 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 36 (1:0). Мунир Давлатбеков, 73 (1:1).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

14 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 300 тамошобин

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

12

3

1

36-14

39

2

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

3

1

28-13

39

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

16

7

3

6

22-23

24

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

5

4

7

21-22

19

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

4

7

5

19-26

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

16

5

3

8

17-20

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

16

2

6

8

12-22

12

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

16

2

1

13

10-25

7

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.

Даври 17-ум

18 сентябр (сешанбе)

«Кӯктош» – «Истиқлол»

19 сентябр (чоршанбе)

«Панҷшер» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

20 сентябр (панҷшанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Оғози бозиҳосоати 16:00

XS
SM
MD
LG