Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лука Модрич беҳтарин бозигари соли 2018 эълон шуд


Лука Модрич бо Марта

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) беҳтаринҳои соли 2018-ро эълон кард.

Бар асоси феҳристи нав, Лука Модрич, нимҳимоятгари «Реал»-и Мадрид» ва капитани мунтахаби Хорватия, беҳтарин бозигари соли 2018 шудааст. Модричи 33-сола дар раъйдиҳии ниҳоӣ Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳро шикаст дод.

Дидйе Дешамп, ки мунтахаби Фаронсаро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Русия ғолиб кард, беҳтарин мураббии соли 2018 ва дарвозабони мунтахаби Белгия ва «Реал»-и Мадрид Тибо Куртуа беҳтарин дарвозабони сол эълон шуданд.

Бразилиягӣ Марта беҳтарин футболбози зан ва Рейнолде Педрос, ки «Лион»-ро машқ медиҳад, беҳтарин зан – мураббӣ эълон шуданд.

ФИФА, инчунин, беҳтарин мухлисонро қадрдонӣ намуд, ки онҳо ҳаводорони мунтахаби Перу мебошанд.

Дар маросими пуршукӯҳ дар Лондон, инчунин, муаллифи голи беҳтарини сол номбар шуд. Голи ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Инглистон ба дарвозаи тими «Эвертон» моҳи декабри соли 2017 задааст, беҳтарин голи мавсим эътироф гашт.

Салоҳ бо ҷоизаи ба номи Ференс Пушкаш сарфароз шуд. Ин ҷоиза аз соли 2009 ба футболбозе, ки (сарфи назар аз ҷинсият) голи аз ҳама зебои солро мезанад, супурда мешавад.

Ҳамчунин Федератсияи байналмилалии футбол номи 11 футболболбозеро, ки ба дастаи мунтахаби рамзии соли 2018 дохил шудааст, эълон кард:

Дарвозабон: Давид Де Хеа («Манчестер Юнайтед», Испания).

Ҳимоятгарон: Дани Алвес (ПСЖ, Бразилия), Серхио Рамос («Реал», Испания), Рафаэл Варан («Реал»,Фаронса), Марсело («Реал», Бразилия).

Нимҳимоятгарон: Лука Модрич («Реал», Хорватия), Н'Голо Канте («Челси», Фаронса), Эден Азар («Челси», Белгия).

Ҳамлагарон: Лионел Месси («Барселона», Аргентина), Килиан Мбаппе (ПСЖ, Фаронса), Криштиану Роналду («Ювентус», Португалия).

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG