Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба сафари Мирзиёев -- ҳайати Тоҷикистон дар Тошканд


Як ҳайати баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар раъси Азим Иброҳимов, муовини нахуствазир, субҳи 5-уми феврал ба Тошканд рафтааст. Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии сафари ин ҳайат ба Тошканд, таҳия ва баррасии санадҳои дидори қарибулвуқӯи Шавкат Мирзиеёев аз Тоҷикистон мебошад.

Худоёр Худоёров, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳайат аллакай дар Тошканд қарор дорад. Ба гуфтаи вай, ҷониби вазорати нақлиётро дар ин мулоқотҳо як мақоми Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.

Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки "барои об кардани яхи 20-сола дар равобит бо Тоҷикистон" озими ин кишвар мешавад.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷии Узбекистон ҳам рӯзи 5-уми январ дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки музокироти ҳайатҳо дар сатҳи ҳукумати ду кишвар сурат гирифта, намояндагони вазоратхонаҳои ду кишвар оид ба масъалаҳои муҳим гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар ин сафар ҳайати Тоҷикистон санадҳои аслии сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни сафари нахуствазири Узбекистон Абдулло Орифов ба Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи январ мақомоти ҳарду кишвар барои ҳалли масъалаи раводид ё виза ва қитъаҳои баҳсноки марзӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Фарҳод ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин дар масъалаи дубора фаъол намудани роҳи оҳани Амузанг - Хатлон Тирмиз ба тавофуқ расидаанд.

Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки “барои об кардани яхи 20-сола дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад. Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт, аммо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол бигирад.

Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG