Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Хатлон се мактаби нав месозад


Яке аз синфхонаҳои мактаби рақами 75 дар Данғара, ки онро ҳам бо пули Чин сохтаанд.
Яке аз синфхонаҳои мактаби рақами 75 дар Данғара, ки онро ҳам бо пули Чин сохтаанд.

Вазорати маориф мегӯяд, қарор аст, як ширкати чинӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон барои садҳо муҳассил се мактаби замонавӣ ва муҷаҳҳаз бисозад. Созишнома дар ин заминаро вазорат рӯзи 13-уми июл бо ширкати «Power China»-ро имзо кардааст.

Дар баёнии вазорати маориф омадааст, “як муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Данғара, ва ду муассисаи таълимӣ барои 320 нафарӣ дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд сохта мешаванд.”

Дар маросими имзои созишномаро Нуриддини Саид, вазири маориф, Юе Бин, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони Power China International Group Limited», яке аз ширкатҳои азими давлатии Чин ҳузур доштаанд.

Ширкатҳои чинӣ, ки дар тарҳҳои азими Тоҷикистон аз ҷумла роҳсозӣ, таъмиру тармими шабакаҳои барқӣ ва нерӯгоҳҳо кор мекунанд, то кунун дар Тоҷикистон 7 мактаб сохта ба истифода додаанд. Вазорати маориф мегӯяд, дар ин мактабҳо 12 ҳазор нафар таҳсил мекунанд.

3000 донишҷӯи тоҷик дар Чин

Вазири маорифи Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ кардааст, ки ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон, ки аз назари иқтисодӣ сол ба сол вусъат меёбанд, дар арсаи маорифу илм низ пешрафт кардаанд.

Ҳамасола Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар давраҳои солонаи забономӯзӣ, зинаҳои бакавлариат, магистратура ва аспирантураи донишгоҳхои Чин бурсия ҷудо мекунанд ва сол ба сол шумораи довталабони таҳсил дар Чин меафзояд. Ба гуфтаи вазорати маориф ҳоло дар 112 муассисаи таҳсилоти олии Чин тақрибан 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Сохтмони мактабҳо аз тарафи ширкатҳои Чинӣ бахше аз масъулиятҳои иҷтимоии онҳост, ки ҳангоми иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ ба дӯши онҳо мегузоранд.

Бунёди роҳ ва дигар зербунёдҳои муҳими иҷтимоӣ дар тарҳҳои иқтисодие, ки Тоҷикистон ба ширкатҳои чинӣ медиҳад, зикр шудаанд. Иқтисоддонҳо ҳам мегӯянд, қабули ройгони ҷавонони тоҷик ба донишгоҳу донишкадаҳои Чин бахше аз сиёсати тавсиаталабии он кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, чун он ҷавонон бо бозгашт дар кишварҳояшон дар иҷрои тарҳҳои чинӣ саҳм мегузоранд.

Ширкати “Роwer China” айни замон ба тармими нерӯгоҳи “Сарбанд” машғул аст, ки пули онро Бонки Осиёии Рушд, мепардозад.

Мактаби деҳаи Корез, ки бо пули ширкати ТВЕА сохтаанд.
Мактаби деҳаи Корез, ки бо пули ширкати ТВЕА сохтаанд.

Аввали моҳи июн дар ноҳияи Данғара мактаби наверо барои 1280 нафар ба истифода доданд, ки пули онро ҳам ширкати “ТВЕА” Чин пардохтааст.

Аз ин пештар дар моҳи октябри соли гузашта мақомоти Чин гуфтанд, ки ҷиҳати сохтмони як Донишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои 40 ҳазор донишҷӯ ба ҳукумат пешниҳод супурдааст.

Бар асоси нақшаи аввалия ин донишгоҳ дар бахшҳои забондонӣ, соҳибкорӣ, муҳандисӣ, дорусозӣ ва, дар маҷмӯъ, аз рӯи 42 ихтисос довталабонро ҷалб хоҳад кард.

Тарҳи донишгоҳи 40 ҳазор нафарӣ дар Тоҷикистон

Ҷан Лу, намояндаи Маркази технологияҳоии инноватсионии шаҳри Чиндаои Чин гуфтааст, дар сурати ба кор пардохтани донишгоҳ натанҳо қабули довталабон аз Тоҷикистон, “балки аз саросари дунё дар назар аст. Қабл аз ҳама донишҷӯён аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба мисли Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.”

Чин яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст ва қарзи кишвар аз Чин бештар аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Қарзҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудааст.

Ҳамсояи азим ва дуввумин иқтисоди бузурги дунё ҳамчунин ҳаққи истихроҷи конҳои азими маъданҳои табиӣ дар Тоҷикистонро соҳиб шудааст ва аз ҷумла қисмати асосии саҳмияҳои корхонаи бузурги тилло дар Зарафшонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG